Шуъбаи тақсим ва назорати энергия
Шуъбаи тақсим ва назорати энергияи барқ корхонаи сохтории ширкат ба ҳисоб меравад, назорати тавлидот, интиқол ва тақсимоти энергияи барқро дар тамоми муассисаҳои системаи энергетика ба роҳ мемонад.
Дар фаъолияти худ шуъба қонунгузории амалкунанда, нишондодҳои методӣ ва дастурҳои Вазорати энергетика, инчунин Оинномаи ШСХК «Барқи Тоҷик»-ро ба роҳбарӣ мегирад.
Вазифаҳои асосӣ назорати интиқоли энергияи барқ дар хатҳои интиқоли энергияи барқ, баҳисобгирии асосӣ ва техникии энергияи барқ, муайян намудани меъёри истифодабарии энергияи барқ дар тамоми минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳангоми ҷорӣ намудани маҳдудият ва сари вақт хабар додани он то ба истифодабарандагон, истифодаи шабонарӯзии энергияи барқ дар вилояту ноҳияҳо ва шаҳрҳо, инчунин назорати истифодаи энергияи барқ дар муассисаҳои энергияталаб мебошад.
Шуъбаи тақсим ва назорати энергияи барқ якҷоя бо хадамоти метрология ва озмоишгоҳи «ЭРИП» Идораи фурӯши барқ хароҷоти техникии энергияи барқро барои интиқол дар ХИБ- 22кВ, 500 кВ ва тавозуни зеристгоҳҳои азим назорат мебарад.