Хадамоти эътимодият ва техникаи бехатарӣ
Хадамоти эътимодият ва техникаи бехатарӣ корхонаи сохтории ШСХК «Барқи Тоҷик» ба ҳисоб меравад. Мақсади фаъолияти хадамот таъмини бехатарии истифодабарии нерӯгоҳҳо ва шабакаҳои барқ, фаъолияти боэътимоди таҷҳизот, ташкили бехатарии шароити меҳнат барои кормандон, огоҳ намудан аз ҷароҳатбардорӣ, бемориҳои касбӣ дар муассиса, ташкилот ва корхонаҳои ШСХК «Барқи Тоҷик» мебошад.
Вазифаҳои асосии хадамот ин амалӣ намудани назорат барои эътимодият ва бехатарии таҷҳизот, биноҳо, иншоот, дастгоҳо инчунин корҳои профилактикӣ оид ба пешгирӣ намудани вайроншавиҳои технологӣ дар кор, ҳолатҳои нохуш, сӯхтор дар муассисаҳои ШСХК «Барқи Тоҷик» ба ҳисоб меравад. Ҷиҳати риояи қоида ва меъёри ҳифзи меҳнат, техникаи бехатарӣ ва шароити хуби меҳнат дар муассисаҳои ширкат ва гузаронидани чорабиниҳои беҳдоштӣ оид ба паст намудани ҷароҳатбардории истеҳсолӣ ва бемории касбӣ назорати қатъӣ мебаранд.
Вазифаҳои дигари хадамот ташкили кор бо кормандони муассисаҳои ширкат, расонидани ёрӣ ва ташкили тафтиши дониш, қоида, дастури кормандон, тафтиши таҳлили сабабҳои технологӣ вайрон кардани қоидаи кор, ҳодисаҳои нохуш ва сӯхтор ба ҳисоб меравад.