Хадамоти истифодабарӣ ва таъмир
Вазифаҳои асосии хадамоти истифодабарӣ ва таъмир ин амалӣ намудани роҳбарии ташкилӣ ва техникӣ ба корхонаҳои тобеи ШСХК «Барқи Тоҷик» оид ба истифодабарии шабакаҳои барқии шиддаташ 0,4-500 кВ, таҷҳизоти асосии техникии нерӯгоҳҳои барқӣ, марказҳои гармидиҳӣ ва назорати фаъолияти истеҳсолии онҳо аз рӯи масъалаҳои нишон дода шуда мебошад.
Назорати таъмир, гузаронидани санҷишҳои профилактикӣ, андозагирии ташхиси тепловизионӣ, таҷҳизоти нерӯгоҳҳои барқӣ ва шабакаҳои барқӣ бо шиддати 0,4-500кВ-ро ташкил ва назорат мекунанд. Нишондодҳои кори таҷҳизотро баъди таъмир таҳлил намуда, таъмири таҷҳизотҳои интиқолшавандаро дар завод таъмин мекунанд.
Дар қабул ва гузаронидани санҷишҳо иштирок меварзанд, ҷиҳати истифодабарӣ иваз намудани изолатсияи шиддати баланд тавсияҳо медиҳанд, таҳлилҳои хромотографии газҳоро, ки дар равғани тарансформаторӣ маҳлул шудааст мегузаронанд.