Хадамоти марказии танзимгарӣ
Хадамоти марказии танзимгарӣ корхонаи тобеи истеҳсолию техникии ШСХК «Барқи Тоҷик» ба ҳисоб меравад. Вазифаҳои асосии хадамот таҳия ва ҷорӣ намудани реҷаи кори нерӯгоҳҳои барқӣ ва шабакаҳо, мутассил таъмин намудани энергияи барқ ба истифодабарандагон, таъмин намудани пойдории системаи энергетика, иҷрои талабот ва сифати энергияи барқ ва гармӣ, таъмини кори босифати системаи энергетикӣ ва оқилона истифода бурдани захираҳои энергетикӣ ҳангоми риоя намудани реҷаи истифодабарӣ, пешгирӣ ва аз байн бурдани садама ва дигар норасоиҳои технологӣ ҳангоми истеҳсол, интиқол, тақсимот ва табдили энергияи барқ мебошад.
Идора намудани иншоотҳои системаи энергетикиро Хадамоти марказии танзимгарӣ ба воситаи кормандон, шахсони фаврии нерӯгоҳҳо ва шабакаҳо тибқи низомнома оид ба идораи танзимгарӣ дар системаи энергетикии ШСХК «Барқи Тоҷик» амалӣ менамояд. Муносибатҳои тарафайни ХМТ, хадамотҳои марказии ШБ ва кормандони фаврии нерӯгоҳҳо тибқи дастурҳои дахлдори вобастагии таҷҳизот ба тартиб андохта мешавад.
Вазифаҳои асосӣ ин ба таври фаврӣ амалӣ намудани идораи шабонарӯзии корҳои ба мувофиқа расидаи нерӯгоҳои барқӣ, шабакаҳои барқӣ ва гармидиҳии системаи энергетикӣ. Ҳангоми додани захираҳои иқтидорӣ ва захираҳои устуворӣ иҷрои нақшаи сарборӣ ва интиқоли байнисистемавии энергияи барқро таъмин менамоянд. Реҷаи муносиби шабакаҳои барқиро аз рӯи иқтидори реактивӣ ва активӣ таъмин менамоянд. Барҳам додани садамаҳои аҳамияти системавӣ доштаро таъмин менамояд. Таҳлил, пешгӯии талафоти энергияи барқ ва координатсияи фаъолияти корхонаҳои тобеи системаи энергетикаро аз рӯи мувофиқати онҳо ҳисоб менамоянд. Тақсимоти аз ҳама беҳтари сарбории байни нерӯгоҳҳои барқиро таъмин менамоянд. Ҳолати таҷҳизоти асосии системаи энергетикиро, ки дар идоранамоии фаврӣ қарор дорад, назорат менамоянд. Бо кормандон мутобиқи «Қоидаи ташкили корҳо бо кормандон дар муассисаҳо ва идораҳои истеҳсолкунандаи энергия» корҳои мушаххасро амалӣ менамоянд.