Шуъбаи сохтмони асосӣ
Шӯъбаи сохтмони асосӣ (ШСА) сохтори тобеи ШСХК «Барқи Тоҷик» мебошад.
Шӯъбаи сохтмони асосӣ чунин корҳоро иҷро мекунад:
- Сохтмони асосӣ ва таъмири асосии биноҳо ва иншоотро иҷро менамояд, истифодаи самараноки маблағҳои пулиро роҷеъ ба сохтмони нав, гузаронидани таъмири асосӣ ва ҷорӣ, реконструксия ва корҳои садамавӣ- барқарорсозиро таъмин менамояд, воситаҳоро дар иншооти бакорандозӣ ҷамъ меоварад, ҳаҷми сохтмони нотамомро кам мекунад.
- Бо ташкилотҳои лоиҳакашии ҷумҳурӣ ва ташкилотҳои лоиҳакашии тобеи ШСХК «Барқи Тоҷик» шартномаҳоро ҷиҳати таҳияи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ-сметавӣ ва гузаронидани корҳои муҳандисӣ-таҳқиқотӣ ба имзо мерасонад.
- Назоратро аз рӯи сохтмони асосӣ, реконструксия, гузаронидани корҳои таъмирӣ ва садамавӣ-барқарорсозӣ аз рӯи шартномаҳои пудратӣ бо ташкилотҳои сохтмонӣ-васлгарӣ ва бакорандозӣ амалӣ менамояд.
- Чораҳоро ҷиҳати кӯтоҳ намудани мӯҳлат, баланд бардоштани сифат ва паст намудани арзиши сохтмон меандешад, инчунин риояи меъерҳои муқарраршудаи давомнокии сохтмон, мӯҳлати бакорандозим иқтидори истеҳсолӣ ва фондҳои асосиро таъмин менамояд.
- Ҳуҷҷатгузории лоиҳавӣ-сметавӣ, рӯйхати титулии иншооти таъиноти истеҳсолӣ ва ғайриистеҳсолиро тасдиқ менамояд.