Шуъбаи банақшагирӣ ва иқтисодӣ
Шуъбаи банақшагирӣ ва иқтисодӣ (минбаъд Шуъба) ҳамчун сохтори асосии (функсионалӣ) Дастгоҳи марказии ШСХК «Барқи Тоҷик» (минбаъд Ширкат) ба ҳисоб меравад. Фаъолияти Шуъба дар асоси нақшаи корӣ, аз ҷониби Муовини Раис ШСХК «Барқи Тоҷик» ҳамчун сарпарасти Шуъба барои ҳар нимсола тасдиқ шуда, ба роҳ монда мешавад. Фаъолияти ҳамарӯзаи Шуъба аз фарогирии масъалаҳои иқтисодию молиявии корхона ва муассисаҳои зертобеъи Ширкат иборат мебошад.
Шуъба дар фаъолияти худ мутобиқи Сарқонуни (Конститутсияи) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, санадҳои меъёрӣ-техникӣ ва нақшавӣ, Низомномаи Ширкат, қарорҳои Мушовара, Фармонҳо, Дастурамалҳои Ширкат ва Низомномаи мазкур, амал менамояд.
Айни замон, Шуъба аз се бахш: бахши арзиши аслӣ ва тарифҳо, бахши истеҳсолӣ ва бахши дурнамо ва таъминоти аналитикӣ иборат аст.
Дар доираи Низомномаи Шуъба, вазифаҳои асосии Шуъба аз баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои зерин иборат аст:
- ташкил ва такмил додани кори иқтисодӣ дар Дастгоҳи марказӣ ва зерсохторҳои Ширкат;
- таҳия ва омодаи нишондиҳандаҳои дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии соҳаи электроэнергетикӣ;
- назорат аз болои амалӣ намудани нишондиҳандаҳои нақшавӣ ва дурнамо бо мақсади баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот дар корхонаю муассисаҳои Ширкат;
- гузаронидани таҳлилҳои комплексӣ ва таҳияи таклифу пешниҳодҳо оид ба ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ дар Ширкат;
- дар ҳамкорӣ бо шуъбаҳо, хадамотҳо ва корхонаҳои зертобеъи Ширкат тибқи дастурамали Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва омода намудани лоиҳаи дурнамо ва нақшаҳои ҷории фаъолияти асосӣ (истеҳсолот, интиқол, тақсимот) ва фаъолияти пудратӣ (арзиши аслӣ);
- ҷамъбаст ва омода намудани ҳисоботҳои моҳона, семоҳа, нимсола, нуҳмоҳа ва солонаи Ширкат оид ба иҷрои нишондиҳандаҳои дурнамои истеҳсолӣ дар корхонаю муассисаҳои зертобеи Ширкат (дар асоси маълумотҳои аз ҷониби Раёсатҳо ва шуъбаҳои дахлдор пешниҳодшуда);
- дар ҳолатҳои зарурӣ ворид намудани таӯироту иловаҳо ба нақша ва сметаи хароҷотҳо (дар доираи салоҳияти вогузошта), ҳамчунин таҳия намудани ҳисобҳои асоснокшуда доир ба ворид намудани таӯиротҳо дар фаъолияти хоҷагидорӣ ва истеҳсолӣ;
- сарпарастӣ доир ба фаъолияти молиявӣ ва иқтисодии корхонаҳои зертобеъи Ширкат;
- ҷамъбаст ва пешниҳоди маълумотҳои фаврӣ-оперативӣ ба Роҳбарияти Ширкат оид ба иҷроиши нишондиҳандаҳои чашмдоштӣ ва воқеъии истеҳсоли маҳсулот (қувваи барқ ва гармӣ) бо ифодаи аслӣ ва пулӣ;
- ҷамъбаст ва пешниҳоди маълумотҳои фаврӣ ба Роҳбарияти Ширкат оиди иҷрои нишондодаҳои дурнамои моҳонаи (семоҳа, нимсола, нуҳмоҳа, солона) истеҳсоли маҳсулот дар алоҳидагӣ дар ҳар як корхона;
- дар ҳамкорӣ бо муҳосиботи марказӣ (шуъбаҳои дахлдор) таҳия ва ба Роҳбарияти Ширкат пешниҳод намудани маълумотҳои фаврии молиявӣ (пардохтҳо ба буҷет, ФҲИА, истифодабарии Фонди инноватсионӣ);
- дар ҳамкорӣ бо Раёсати «Фурӯши барқ» таҳия ва пешниҳод намудани маълумотҳои фаврӣ оид ба ҷамъоварии маблағҳои ҳаққи истифодаи нерӯи барқ дар зерсохторҳои Ширкат;
- пешниҳоди ҳисоботҳои ҳармоҳа (семоҳа, нимсола, солона) оид ба натиҷаҳои фаъолияти истеҳсолию иқтисодии корхонаю – муассисаҳои Ширкат дар муҳлатҳои муайяншуда ба Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- таҳия ва пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои дахлдор оиди муайян намудани тарифи қувваи барқ ва гармӣ ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- таҳия ва пешниҳод намудани маҷмӯи ҳисоботҳои статистикӣ (формаи №1-П) ба Кумитаи давлатии оморӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- иштирок дар таҳия намудани ҳисоботи техникӣ доир ба масъалаҳои дар Низомномаи мазкур дарҷ гардида, инчунин дар комиссияи балансӣ оиди баррасии фаъолияти ҷамъбастии корхонаҳои зертобеъи Ширкат;
- назорат аз болои иҷрои нишондиҳандаҳои дурнамо ва нақшаҳои корхонаҳои зертобеъи Ширкат;
- хулосабарорӣ вобаста ба мукофотонидани кормандони Дастгоҳи марказӣ ва корхонаҳои зертобеъи Ширкат барои иҷрои нишондиҳандаҳои муайянкардашудаи истеҳсолӣ;
- таҳия намудани чорабиниҳо доир ба бартараф намудани камбудиҳо дар фаъолияти иқтисодӣ, ки дар рафти санҷишҳои тематикӣ ва таҳлилҳои иқтисодӣ ошкор карда шудаанд;
- ҷамъоварии маълумотҳо барои таҳия намудани ҳисоботи моҳона, семоҳа, солона ва баланс оиди истеҳсоли қувваи барқ ва гармӣ (ҳамкорӣ бо Хадамоти танзими марказӣ ва шуъбаҳои дахлдор);
- ҳисоби моҳона, семоҳа ва солонаи қувваи барқ аз рӯи таҳвили шинаҳо дар нерӯгоҳҳои обию барқии Ширкат;
- таҳлили нишондиҳандаҳои истеҳсолии қувваи барқ ва гармӣ барои эҳтиёҷоти худӣ ва истеҳсолӣ;
- таҳлили нишондиҳандаҳои техникию иқтисодӣ (доимӣ);
- сари вақт таъмин намудани корхонаҳои зертобеъи Ширкат бо нишондиҳанаҳои нақшавии техникию иқтисодӣ;
- тайёр ва таъмин намудани баланси се моҳа ва солонаи даромад ва хароҷоти корхонаҳои зертобеъи Ширкат, инчунин назорат аз болои иҷрои онҳо;
- тайёр ва сари вақт пешниҳод намудани маълумотҳои фаврӣ оид ба масъалаҳои молиявии Ширкат;
- гузаронидани таҳлили систематикии вазъи молиявию иқтисодии Дастгоҳи марказӣ ва корхонаҳои зертобеъи Ширкат;
- тайёр намудани ҳисобиҳои моҳона, се моҳа ва солонаи ҳаҷми фурӯши маҳсулот дар корхонаҳои зертобеъи Ширкат;
- таҳия намудани нишондиҳандаҳои дурнамо ва нақшавии фаъолияти молиявии Ширкат (саноат, фаъолияти пудратӣ, сохтмони асосӣ, муассисаи бачагонаи томактабӣ ва таълимӣ), аз ҷумла чашмдошти фоида;
- таҳияи нақша-дурнамои тақсимоти фоида;
- таҳияи чорабиниҳо ва пешниҳодҳо оид ба беҳтар намудани вазъи молиявии Ширкат;
- тайёр намудани ҳисобу китоби асоснок ва баровардани хулосаҳо оиди сметаи хароҷотҳои ташклотҳои кӯдаконаи томактабӣ, назорат аз болои иҷрои онҳо;
- ҳисоби нақшаи тарифи қувваи барқ ва гармӣ аз рӯи гурӯҳҳои истифодабарандагон ва нақшаи тарифи миёна дар энергосистема;
- ҷамъоварии маълумотҳо ва ҳисоби тарифи воқеъӣ дар энергосистема ва аз рӯи гурӯҳи истифодабарандагон;
- ҷамъоварӣ ва коркардабарории сметаи хароҷотҳои се моҳа ва солонаи Ширкат аз рӯи моддаҳои хароҷот дар ҳамаи корхонаҳои зертобеъ;
- тайёр намудани сметаи хароҷотҳо ва калкулятсияи се моҳа ва солонаи Ширкат дар корхонаҳои зертобеъ;
- таҳлили асосноккунии сметаҳои хароҷотҳои се моҳа ва солона, ки аз тарафи корхонаҳои зертобеъ пешниҳод карда мешаванд, ворид намудани тағироту иловаҳо ба онҳо (аз рӯи зарурият) ва таъмин намудани корхонаҳои зертобеъ бо сметаи аз тарафи роҳбарияти Ширкат тасдиқшуда;
- таҳия намудани калкулятсия барои истеҳсол ва фурӯши қувваи барқ ва гармӣ дар Ширкат (се моҳа ва солона) ва якбора гузаронидани таҳлили асосноккунии калкулятсияи аз тарафи корхонаҳои зертобеъ пешниҳодшаванда;
- ҷорӣ намудани тарифҳои нав, иштирок дар таҳия намудани Нархнома барои тарифи қувваи барқ ва гармӣ;
- иштирок дар баррасии ҳисоботҳои се моҳа ва солона (смета ва калкулятсия) бо таҳлили иҷроиши нақша ва муаяйнкунии сабабҳои кам ё барзиёд иҷрошавии нақшаҳо;
- таъмин намудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ вобаста ба масъалаҳои арзиши аслӣ ва тарифҳо;
- мукотибот бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вазорату идораҳои дахлдор вобаста ба масълаҳои молиявию иқтисодии Ширкат;
- расонидани кӯмаки методӣ ва таҷрибавӣ оиди тайёр намудани сметаи хароҷотҳо ва калкулятсия ба ҳамаи корхонаҳои зертобеъи Ширкат, инчунин вобаста ба масъалаи амалисозии тарифҳо;
- тайёр намудани сметаи даромадҳо ва хароҷотҳои фонди инноватсионии Ширкат ва мувофиқакунонӣ бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон.