Шуъбаи нақлиёт
Шуъбаи нақлиёт тибқи низомномааш иҷрои вазифаҳои зеринро ба уҳда дорад:
- Сиёсати ягонаи техникиро дар таъмини нақлиёт амалӣ менамояд.
- Ҷиҳати харидорӣ намудани техникаҳои нав ташабуссҳо мегузорад.
- Рӯйхати техникаҳое, ки муддати тӯлони дар Ширкат ва сохторҳои зертобеъи он хизматрасонӣ менамоянд, бо сабаби корношоям гардиданашон, барои аз эътибор соқит намудан ба Роҳбарияти Ширкат пешниҳод карда мешаванд. Дар ҳолати зарур донистан баъд аз муоинаи техникӣ гузаронидан ва тартиб додани санадҳо фармонро, оид ба аз эътибор соқит намудан таҳия ва пашкаш менамояд.
- Дараҷаи хӯрдашавии таҷҳизотҳои нақлиётҳо (шинаҳо, аккумуляторҳо ва дигар қисмҳои эҳтиётии нақлиётҳо)-ро муайян намуда дар ин бора ҳуҷҷатҳои махсус тартиб дода, ба роҳбарияти Ширкат тариқи гузоришҳо пешниҳод менамояд.
- Назоратро аз болои дурустии истифодабарии техникаҳо амалӣ менамояд.
- Дар санҷишу тафтиши садамаҳои нақлиётӣ, ки истифодабарандагони онҳо кормандони ШСХК «Барқи Тоҷик» ва сохторҳои зертобеъи он мебошанд, иштирок менамояд, инчунин таҳияи чорабиниҳо ҷиҳати пешгирӣ, барҳам додани садамаҳои нақлиётӣ корҳои фаҳмондадиҳиро оид ба «Қоидаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ» моҳе на камтар аз 2 маротиба мегузаронад.
- Роҳбарии техникӣ, ҳамоҳангсозӣ ва назоратро аз болои фаъолияти хоҷагии нақлиётӣ дар ШСХК «Барқи Тоҷик» ва сохторҳои зертобеъи он ба ӯҳда дарад.
- Ҷиҳати бехатарии ҳаракат дар роҳ ва дигар ҳолатҳои вобаста ба нақлиёт ва идораи онҳо, ба БДА ҶТ., мактубҳо ва ҳисоботҳо пешниҳод менамояд.
- Ҷиҳати кори нақлиётҳое, ки ба ШСХК «Барқи Тоҷик» тааллуқ доранд ҳисобот тартиб дода, онро ба Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.
- Дархостҳоро оид ба дастрас намудани маводҳои сӯзишворӣ, қисмҳои эҳтиётӣ ва равғанҳои молиданӣ тартиб медиҳад.
- Ҷадвали хизматрастниҳо (ТО)-и 1-2 нақлиётҳоро мутобиқи гашти (пробег)-и ҳақии онҳо, таҳия менамояд ва тибқи он дар давоми сол таъмир карда мешавад.
- Китобҳои бақайдгирӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии нишондоди суръатсанҷ (спидометр), инчунин ченкунии сӯзишворӣ аз рӯи талаботҳои пешниҳодшуда пур карда мешавад.
- Барои иваз намудани суръатсанҷҳо санад тартиб медиҳад.
- Ҷиҳати мақсаднок истифода бурдану сарфу харҷи маводҳои сӯзишворӣ ва қисмҳои эҳтиётӣ, маълумотҳои асоснок таҳия менамояд.
- Ҷиҳати таъмири воситаҳои нақлиёт ҳуҷҷатҳо (дархост, санад, маълумот, мактуб) ва дигар санадҳоро тартиб медиҳад.
- Ҷиҳати беҳтар шудани кори техникии система пешниҳодҳо менамояд.
- Роҷеъ ба баланд бардоштани омодагии техники воситаҳои нақлиёт, мусоидат намудан ба хоҷагиҳои нақлиёти, омода намудани ҳайати нақлиётҳои ҳаракаткунанда ба муоинаи техникии нақшавӣ чораҳо меандешад.
- Аз болои фаъолияти хоҷагиҳои нақлиёт, сарфи маводҳои сузишворӣ, равғанҳои молиданӣ ва қисмҳои эҳтиётӣ барои ҷамъбат намудани ҳисоботҳои семоҳа ва солонаро ба роҳ мемонад.
- Гузаронидани таҳлили фаъолияти хоҷагиҳои нақлиёти Ширкат ва сохторҳои зертобеъи он, ҳар сол назорат бурда хулосаҳоро ба роҳбарияти Ширкат пешниҳод менамояд.
- Назорати иҷроиши риояи Сарқонун, қонунҳо дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, Оиннома, фармону дастурамалҳои Ширкатро дар фаъолияти истеҳсолӣ истифода мебаранд.
- Шӯъбаи нақлиёт риояи санадҳои меёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи нақлиёт, коргузорӣ ва дигар санадҳои характери нақлиётӣ доштаро ба роҳ мегузорад.
- Барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар соҳаи нақлиёт фикру андешаҳоро пешниҳод менамояд.
- Роҳбариро дар омодасозии маводҳое, ки дар онҳо ҳолатҳои тассаруфи қисмҳои эҳтиётии нақлиёт ва дигар қонуншиканиҳо ҷой доранд, барои ба мақомотҳои ҳифзӣ ҳуқуқ пешниҳод намудан ба Шӯъбаи ҳуқуқ пешниҳод менамояд.
- Шӯъбаи нақлиёт оид ба харидори намудани воситаҳои нақлиёт, фуруши воситаҳои нақлиёт, аз мувозинат ба мувозинат гузаронидан тибқи мактубҳо ва низомномаҳои мавҷудбуда фармонҳо таҳия менамояд.
- Тибқи дархостҳо ва мактубҳои муассисаҳои зертобеъи Ширкат бо розигии Раиси ШСХК «Барқи Тоҷик» ва инчунин меъёрҳои тасдиқгардида бо сӯзишвории дизелӣ, бензин ва қисмҳои эҳтиётию равғанҳои молиданӣ аз ҷониби Шӯъбаи нақлиёт таъмин карда мешаванд.