Шуъбаи дуюм
1. Ташкили мудофиаи гражданӣ дар ШСХК «Барқи Тоҷик» тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиаи гражданӣ» ва муқаррарот роҷеъ ба мудофиаи граждании (хадамоти энергетикаи МГ) ШСХК «Барқи Тоҷик».
2. Ташкили тарҳрезии чорабиниҳо ҷиҳати омодагии сафарбарӣ, ҳамоҳангсозӣ ва назорати корҳо, ки дар ин соҳа иҷро шудаанд.
3. Амалӣ намудани роҳбарии услубӣ (омӯзишӣ), расонидани кӯмаки амалӣ ва назорат ҷиҳати иҷрои чорабиниҳои мудофиаи гражданӣ дар корхонаҳо ва ташкилотҳои зертобеъ.
4. Таҳияи нақшаҳои МГ дар айёми осоишта ва ҷангӣ, ислоҳи доимии онҳо. Омодасозии дастур ва пешниҳод барои тартиб ва ислоҳи нақшаҳои МГ-ии корхонаҳои зертобеи ШСХК «Барқи Тоҷик».
5. Иҷрои корҳои ҳисобу китоб ва брон кардани уҳдадориҳои ҳарбӣ ба иншооти иқтисодиёти Ҷумҳурӣ.
6. Таҳия ва татбиқи чорабиниҳо барои эвакуатсияи аҳолӣ ва арзишҳои моддӣ ба ҷои бехатар: андешидани чораҳо ҷиҳати омодагии пешакии ҷой барои ҷо ба ҷо кардани эвакуатсияшудагон.
7. Таҳия ва татбиқи чорабиниҳо ҷиҳати боло бурдани устувории кори системаи энергетикӣ ва иншооти энергетикӣ ҳангоми офатҳои табиӣ, садама, фоҷиа ва ҳамчунин айёми амалиёти ҷангӣ ва ё оқибати ҳамин амалҳо.
8. Бунёд ва дар омодабош нигоҳ доштани маҳалҳои (марказҳои) идораи мудофиаи гражданӣ, системаҳои хабаррасонӣ ва мухобирот ва мушоҳидот аз зарари (олудагии) радиоактивӣ, кимиёвӣ ва бактериологӣ (биологӣ).
9. Таҳия ва татбиқи чорабиниҳо ҷиҳати ба вуҷуд овардани шароити таъминкунандаи иҷрои корҳои наҷотдиҳӣ ва фаврӣ.
10. Ба ташкил ва таҷҳизи воҳидҳои ғайринизомии мудофиаи гражданӣ роҳбарӣ намудан. Назорати тарбияи онҳо ва ҳамчунин омӯзиши мудофиаи граждании коргарон, хидматчиён ва воҳидҳои дохил нагардида.
11. Тарбияи кадрҳои мудофиаи гражданӣ.