Умури марказии муҳофизати релегӣ ва автоматика
Умури марказии муҳофизати релегӣ ва автоматика (УММРА)
1.1. Умури марказии муҳофизати релегӣ ва автоматикаи ШСХК « Барқи Тоҷик » Умури истеҳсолии системаи энергетики ба ҳисоб меравад, ки дар ҳаҷм муайянкунандаи вазифаҳои он, роҳбарияти истифодаи техникӣ, ҷори намудани дасгоҳҳои мукаммали истифодакунандаи МР ва А –ро дар ҳама муассисаҳои системаи энергетики амалӣ менамоянд аз ҷумла дар:
2.Вазифаҳои асосӣ.
2.1. Таҷҳизотҳое, ки дар идораи фаврӣ ё идораи тобеияти фаврии танзимгари системаи энергетикии хатҳои интиқоли барқ, мавҷуд аст ё дода шудааст барои шинаҳо, трансформаторҳо, автотрансформаторҳо, генераторҳо ва дигар таҷҳитзоти барқии дастгоҳҳои МРА бо мақсади таъмини эътимодият, кори мунтазам ва камхарҷи системаи энергетикӣ қатъи таҷҳизоти осебдида, маҳдуд кардани вайроншавии реҷаи муътадил, бе маҳдудият таъмини энергияи барқ ба муштариён.
2.2. Таъмини сатҳи баланди техникӣ ва маданияти истифодаи ҳама дастгоҳҳои МРА, ки дар иншооти системаи энергетики шинонда шудааст.
2.3. Роҳбарии фаврии техникӣ ба ХММРАЧ ва ОЭТ муассисаҳои системаи энергетики ҷиҳати таҷҳизонидан, мукаммал кардан ва истифодаи дастгоҳҳои МРА -и гуруҳи I ва II, ки дар гурӯҳи идораи фаврӣ ё тобеияти фаврии танзимгари системаи энергетикӣ.
3. Уҳдадориҳои УММРА
3.1. Барои дастгоҳҳои МРА ХБ ва таҷҳизотҳои барқӣ, ки дар идораи фаврии танзимгарии системаи энергетикӣ мавҷуд аст, ё дода шудааст.
3.1.1. Бо қувваи худ ё бо қувваи ташкилотҳои дигар барои асбобҳои МРА- и гуруҳи I ва II таҳия ва таъмин менамояд, дар чорабиниҳои сатҳи техникаи замонавӣ (б.2.1.), ба баланд бардоштани эътимодияти кори системаи энергетики ва таъминоти ҷорӣ намудани чорабиниҳои тайёркардашуда равона карда шудааст.
3.1.2 Ҳангоми расиши кӯтоҳ ва дигар реҷаҳои садамавӣ ҳисоби ҷараён ва шиддатро амалӣ менамояд; принсипҳои иҷро, намудҳо, ҷобаҷонамоии асбобҳои МРА гуруҳи I ва II – ро муайян менамоянд, нақшаҳои сохторӣ ё асосиро таҳия менамояд, шартҳои селективӣ ва хусусияти асбобҳоро ба ҳисоб мегирад, бо тартиби муқаррари тибқи (б. 6.2.1.) ба хадамоти маҳалии ХММРАЧ, ОЭТ месупорад ва иҷрои онро назорат менамояд. Риоя накардани маҷбурӣ аз талаботи зудамалӣ, селективӣ ва ҳиссиёти бояд аз ҷониби муовини аввали Раиси ШСХК “Барқи Тоҷик” тасдиқ карда шавад.
3.1.3. Нақша, қиёсгирак ва сифати дастгоҳи МРА гуруҳи II – ро аз рӯи супориши УММРА тасдиқ мекунад.
3.1.4. Барои танзимгарони УМТ дастур ва нишондод оид ба хизматрасонии асбобҳои МРА, АЗ ва системаи АРЧМ-и гуруҳи 1 –II ҳамчунин ба гуруҳи II, ки дар тобеияти фаврии танзимгари системаи энергетики қарор дорад тартиб медиҳад.
3.1.5. Барои танзимгарони системаи энергетики ҷиҳати муайян намудани ҷои осебдида дар ХБ, бо нишон додани усулҳои қабулшуда, ба ҳисоб гирифтани расиши кӯтоҳ ба воситаи асбобҳои бақайдгирӣ дастурамали умуми тартиб медиҳад.
3.1.6. Тибқи нақшаҳои додашуда, қиёсак ва сифати дастгоҳҳои МРА гуруҳи I ва II нақшаи ҳамроҳшавии аввалия реҷаи кории ХБ ва таҷҳизоти барқи, ҳамчунин иҷрои саривақтии онҳоро тафтиш менамояд.
3.2. Пешниҳоди ХММРАЧ, ОЭТ принсипҳои иҷрои он намудҳо нақшаҳои сохторӣ ё асосӣ, қиёсак ва сифати дастгоҳи МРА гуруҳи II ХБ 110 кВ (дар ҳолатҳои ҷудогона 35 кВ ) ва аз он боло, ҳамчунин дигар таҷҳизотҳои барқӣ, ки дар тобеияти фаврии танзимгарии системаи энергетики қарор дорад ё дода шудааст, мувофиқа менамояд. Қиёсакҳо ва тавсифномаҳо ҳангоми таъмини шароити фаолияти селективии нишондоди асбобҳо бо асбобҳои МРА гуруҳи I, ҳамчунин бо асбобҳои МРА гуруҳи II, ки дар тобеияти фаврии танзимгарии ШСХК “Барқи Тоҷик” тибқи мундариҷа банди 3.4.1 қарор дорад мувофиқа карда мешавад. Мувофиқатнома барои хат ва таҳизоти барқӣ, ки ба фаьолияти селективии дастгоҳҳои МРА гуруҳи I ва II ворид нест талаб карда намешавад.
3.3. Иҷрои вазифаҳои додашуда ба муассисаҳо чорабиниҳо оид ба омода сохтани азнавсоз ва азнавбарқарорнамоии асбобҳои фаолияткунандаи МРА гуруҳои I ва ҳамчунин асбобҳои МРА гуруҳи II-ро, ки дар идораи УТМ қарор дорад, ташкил ва назорат мебаранд.
УММРА ШСХК “Барқи Тоҷик” омода сохтан ва ба истифода додани асбобҳои АЗ (ПА) ва системаи АРЧМ – и гуруҳои I амалӣ менамояд:
3.4. Таҳия менамояд ва дар ҳолати зарури аз нав аз назар мегузаронад:
3.4.1. Номгӯи асбобҳои МРА -и гуруҳи II (б.3.2.) ҷиҳати ҳамроҳшавӣ, ки дар тобеияти фаврии танзимгарии СЭ ё сардорони басти нерӯгоҳҳо қарор дорад, барои онҳо нақшаи сохторӣ ё асосӣ дастур ва тавсифи аз тарафи ХММРАЧ, ОЭТ интихоб шуда бо УММРА мувофиқа карда мешавад, дар ин номгӯиҳо лозим зарурии мувофиқатнома нишон дода мешавад, дар ин номгӯйҳо ҳаҷми зарурии мувофиқатнома нишон дода мешавад.
3.4.2. Номгӯи хатҳои интиқоли барқ, ки дар тобеияти фаврии танзимгарии системаи энергетики қарор дорад, дар онҳо ҷои осебдида аз рӯи асбобҳои бақайдгирӣ, ки аз тарафи танзимгарони системаи энергетики амалӣ мешавад, муайян мегардад. Номгӯй аз тарафи Муовини аввали Раиси ШСХК “Барқи Тоҷик” тасдиқ мешавад.
3.5. Мувофиқаи номгӯи хатҳои интиқоли барқие, ки дар онҳо ҷои осебдида аз рӯи асбобҳои бақайдгирӣ аз тарафи танзимгарони УМТ системаи энергетикӣ.
3. 6. Бино ва иншоотҳои лоиҳавии аҳамияти системавӣ дошта, муассисаҳои омодакунандаи системаи энергетики ва лоиҳаҳои иҷрошудаи он мувофиқа мешавад: принсипҳои иҷро, намудҳо, нақшаҳои сохторӣ ва асосии асбобҳои МРА – и гуруҳи I ва II, хатҳои интиқоли барқ ва таҷҳизотҳои барқӣ, ки дар идораи фаврӣ ё тобеияти фаврии танзимгарии системаи энергетики қарор доранд.
Аз рӯи пешниҳоди УРО ва ташкилотҳи лоиҳакашӣ тибқи лоиҳаҳои МРА хатҳои дохилисистемавии интиқоли барқи 110 кВ ё аз он зиёд, ё таҷҳизотҳои барқӣ барраси мегардад, ва хулосаи онро медиҳад. Лоиҳаҳои хатҳои интиқоли барқӣ ва таҷҳизотҳои 35 кВ ва аз он поён ғайр аз генераторҳо аз тарафи ХММРАЧ, ОЭТ корхонаҳо баррасӣ мегардад.
3.7. Роҳбарии азнавсозии асбобҳои МРА -ро барои мукаммал намудани онҳо дар ҷараёни баҳрабардори, ҳамчунин ҳангоми рушди системаи энергетики амалӣ менамояд. Дар ҳолатҳои зарурӣ ба таҳия ва ҷорӣ кардани асбобҳои намуди нави МРА иштирок меварзад.
Тибқи корҳои илмию тадқиқоти, ки аз ҷониби системаи энергетики маблағгузорӣ шудааст, барномаи техникии корҳо ва давраи фосилавиро ба мувофиқа мерасонад, қабули корҳои иҷрошударо амалӣ менамояд.
Гузаронидани корҳои озмоишгоҳӣ, санҷиши саҳрои ва системавиро ташкил карда иштирок меварзад, баҳрабардори таҷрибавии нав ва асбобҳои таҷдидии МРА -ро ташкил менамояд.
3.8. Дар омода кардани қарор ва нишондодҳо аз рӯи реҷа ва нақшаи системаи энергетики иштирок меварзад.
3.9. Ба кор бо асбобҳои МРА дар хатҳои интиқоли барқ ва таҷҳизотҳои барқӣ, ки ба онҳо, таҳлил ва амалиёти зарурӣ бо асбобҳои МРА талаб карда мешавад, дархост қабул карда, барномаҳоро баррасӣ намуда, мувофиқа менамояд.
3.10. Нақшаи- ҷадвали хизматрасонии техникии асбобҳои МРА –и гуруҳи 1–II, ки дар тобеияти фаврии танзимгарии системаи энергетики асбобҳои МРА гуруҳи III қарор дорад баррас менамояд, ва пешниҳоди ҳарсолаи ХММРАЧ, ОЭТ-ро таҳлил менамояд.
3.11. Дар асоси нақшаи-ҷадвали нишондодашуда нақша ҷадвалро ҷиҳати асбобҳои МРА гурӯҳои 1 тартиб медиҳад. Дар охир муовини аввали Раиси ШСХК “Барқи Тоҷик” имзо менамояд. Минбаъд иҷрои онро таҳти назорат мегирад.
3.12. Нақшаи бакорандозӣ ва ҳаҷми дасгоҳҳои МРА -и гуруҳи I ва II –и ба он пешбинишударо, ки ба тобеити фаврии тамзимгари системаи энергетики дода шудааст, мувофиқа менамояд. Барномаи санҷиши ин дастгоҳҳо ва таҷҳизотҳоро ҳангоми ба истифода додани хатҳои нави интиқоли барқ ва таҷҳизотҳои барқӣ, баъди таъмири асосии онҳо ва ҳангоми санҷиши махсус ба мувофиқа мерасонад.
3.13. Роҳбари истифодаи фаврию техникиро амалӣ менамояд ва барои ҷорӣ намудани дастгоҳҳои зиддисадамавии автоматикӣ ва системаи АРЧМ дар системаи энергетики иштирок меварзад.
3.14. Дар ҳолатҳои зарурӣ комиссияи тафтиши садама ва риоя накардани реҷаи кори муътадили системаи энергетики дар санҷиши баъди садамави дастгоҳои МРА иштирок меварзад ба таври фаврӣ ҷиҳати бартараф намудани сабабҳои амалиёти нодурусти дастгоҳҳои МРА (ивазшавии нақша, қиёсакҳо ва ғайра ) чораҳо меандешад.
3.15. Дар нуқти танзимгарии системаи энергетики ( 6.11. ҚИТ ) журнал тартиб медиҳад.
3.16. Кори дасгоҳҳои МРА –и гуруҳҳои I-II-ро ҳамеша ба ҳисоб мегирад ва мунтазам таҳлил мегузаронад; оид ба кори ин дастгоҳҳо маълумот ҷамъ менамояд; ҷиҳати фаъолияти ин дастгоҳҳо ҳангоми садама ва риоя накардани реҷаи муътадили кори системаи энергетики ҳисоботи солонаро бо таҳлилаш тартиб медиҳад; барои ХММРАЧ, ОЭТ оид ба нуқсонҳои ошкор шуда ва фаъолияти нодурусти дастгоҳҳои МРА бо тавсия пешгирӣ намудани онҳо ва баланд бардоштани сатҳи истифодабарии дастгоҳҳои МРА маълумот тартиб дода иттилоъ медиҳад.
3.17. Таҷрибаи пешқадами баҳрабардорӣ ва ҷорӣ намудани дастгоҳҳои МРА дар системаи энергетикиро ҷамъ менамояд ; таҳсили техникӣ , семенарҳо машваратҳо мактаби таҷрибаи пешқадамро барои кормандони УММРА ва ХММРАЧ ( ОЭТ ) ҷиҳати таҳсили методҳои пешқадам танзим ва баҳрабардории дастгоҳои МРА интихоби қиёсакҳо ва сифати онхо баҳисобгирии ҷараёни расиши кутоҳро ташкил менамояд. Дар ҳалли масъалаҳои техникӣ (аз рӯи дархости онҳо) ба ХММРАЧ (ОЭТ) ёрӣ мерасонад.
3.18. Дастури методиро барои кормандони ХММРАЧ, ОЭТ таҳия менамояд, тибқи дастур ва нишондоди тартиб додашуда ба корманди фаврии муассиса ҷиҳати хизматрасонии дастгоҳи МРА маълумот медиҳад .
3.19. Низомномаи маҳаллии таҳия намудаи ХММРАЧ, ОЭТ, –ро дар бораи хизматрасонии даврӣ ва ҳаҷми техникӣ дастгоҳҳои МРА тавсия медиҳад ва ба мувофиқа мерасонад.
3.20. Дар корҳои созу корандозии дастгоҳҳои МРА, ки дар системаи энергетики аввалин мартаба ҷорӣ шудааст иштирок меварзад.
3.21. Дар ҳолатҳои зарурӣ ба ХММРАЧ, ОЭТ дар қабули техникӣ ҷиҳати истифодабарии дастгоҳҳои мураккаби МРА, иншооти нисбатан муҳим ва ҳамроҳшавӣ баъди гузаронидани корҳои созу корандозӣ ёрӣ мерасонад.
3.22. Якҷоя бо роҳбарияти ХММРАЧ, ОЭТ дар санҷиши дониши кормандон бо мақсади иҷозати онҳо ба тафтишоти мустақилонаи дастгоҳҳои МРА -и гуруҳи 1 ва 2, ки дар тобеияти фаврии танзимгари системаи энергетики қарор дорад, иштирок меварзад.