Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ
Ба фаъолият ва вазифаҳои асосии Шуъба дохил мешаванд:
- таҳияи пешниҳодҳо ҷиҳати амалӣ намудани барқарорсозӣ ва рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманди ШСХК «Барқи Тоҷик» дар соҳаи электроэнергетика бо вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ширкатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмиллалӣ, шахсони воқеи ва ҳуқуқиро амалӣ менамояд.
- дар омода ва амалӣ намудани созишномаҳо ва дигар асноди меъёрӣ дар бораи ҳамкории байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷӣ, шахсони воқеи ва ҳуқуқии онҳо дар соҳаи электроэнергетика иштирок менамояд;
- дар чорабиниҳо ҷиҳати барқарор ва мустаҳкам намудани равобит байни ташкилоту корхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ, дар барқарорсозии алоқаҳои судманди ҳамкорӣ дар самти рушди муносибатҳо дар соҳаи ҳамкории электроэнергетикӣ иштирок менамояд;
- дар ташкили қабул ва баргузории гуфтушӯнид бо ҳайатҳои хориҷӣ, инчунин дар омоданамоии лоиҳаҳои созишнома, шартнома, меморандум ва протоколҳое, ки бо идораҳои дахлдори давлатҳои хориҷӣ, шахсони воқеи ва ҳуқуқии онҳо ба имзо мерасанд, бевосита иштирок менамояд;
- дар ташкили сафарҳои хориҷии намояндагони ШСХК «Барқи Тоҷик» бевосита иштирок менамояд;
- дар мустаҳкам намудани равобит байни корхонаҳо ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои дахлдори давлатӣ ва хусусии давлатҳои хориҷӣ, дар ташкилнамоии корхонаҳо ва истеҳсолоти муштарак ба манфиати ҳамкории судманд ҷиҳати истифода намудани захираҳои энергетикӣ мусоидат менамояд;
- таҳлили рушди фаъолияти байналмиллалии ШСХК «Барқи Тоҷик» бо мақсади ошкор намудани дурнамои рушд ва ҷустуҷӯи ҳамкорони стратегӣ барои иҷрои ҳамкории судманд дар соҳаи электроэнергетикаро баргузор менамояд;
- таҳияи пешниҳодҳоро оиди баамалбарорӣ ва инкишофи ҳамкории электроэнергетикӣ дар чорчӯбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Ҳамкории Шанхай, Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ (ЭКО) ва ғайраҳо амалӣ менамояд.
- дар чорабиниҳо ҷиҳати дарёфти роҳҳои истифоданамоии имкониятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амалигардонии лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаи электроэнергетика, ки аз ҷониби донорҳои байналмилалӣ маблағгузори мегардад, иштирок менамояд;
- дар таъмини шароитҳои мувофиқ барои ташкил намудани кори намояндагони ШСХК «Барқи Тоҷик» ҳангоми сафари хидматӣ бо кишварҳои хориҷӣ ҷиҳати беҳтар намудани фаъолияти хизматӣ ва истеҳсолии онҳо, мусоидат менамояд;
- ҳамоҳангсозии фаъолият ва таъмини ёрии иттилоотӣ-ахборотиро ба сармоягузорони хориҷӣ дар соҳаи электроэнергетика, амалӣ менамояд;
- дар якҷоягӣ бо шуъбаҳои дахлдор ва воҳидҳои сохтории ШСХК «Барқи Тоҷик» таъмин намудани мониторинг ва назорати татбиқи шартномаю созишномаҳои байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ дар соҳаи электроэнергетикаро таъмин менамояд;
- дар бораи истифодабарии таҷрибаи пешқадами давлатҳои хориҷӣ дар соҳаи электроэнергетикаро омӯхта, пешниҳод таҳия менамояд;
- ҷиҳати ташкил намудани намоишгоҳҳои тиҷоратӣ, ярмаркаҳо, симпозиум ва конфронсҳо пешниҳод таҳия намуда, дар он иштирок меварзад ва инчунин омода намудани маводҳо ва буклетҳои маълумотиро омода месозад;
- дар гузаронидани семинар, машваратҳо, ҷаласа ва музокиротҳо иштирок меварзад;
- ҷиҳати баланд бардоштани тахассуси касбӣ, интихоб ва тайёр намудани кормандонро барои коромӯзӣ дар хориҷи кишвар, ҳамоҳанг месозад;
- тадқиқи маркетингӣ, омӯзиш ва таҳлили бозори сармоягузорӣ, интихоби самтҳои афзалиятноки истифода ва талаботҳои ҷалби сармоя, муайяннамоии шакли равобити иқтисодӣ, инчунин коркарди чораҳои амалӣ ҷиҳати ҳамкорӣ бо ниҳодҳои молиявии байналмилалӣ ва дигар сармоягузоронро амалӣ менамояд.
- иттилоотии ҳисоботи ҳуҷҷатгузориро ҳангоми амалигардонии барнома ва лоиҳаҳои сармоягузорӣ таъмин менамояд;
- дар якҷоягӣ бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар омодакунии лоиҳаҳои сармоягузорӣ ҷиҳати ҳамроҳ намудан бо барномаи давлатии сармоягузорӣ иштирок менамояд;
- ҷиҳати иҷрои механизмҳои ҷалби сармояи хориҷӣ пешниҳод таҳия менамояд;
- ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмиллалӣ ва дохилидавлатӣ ҷиҳати ҷалби сармоя барои амалигардонии лоиҳаҳоро дар соҳаи энергетика таъмин менамояд;
- дар якҷоягӣ бо вазорат ва идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ дар таҳиянамоии санадҳои лоиҳаҳои меъёри-ҳуқуқӣ дар соҳаи беҳтарсозии фазои сармоягузорӣ иштирок менамояд;
- дар корҳои экспертӣ, комиссияҳои озмунӣ ҷиҳати интихоб намудан ва баҳогузории лоиҳаҳои сармоягузорӣ иштирок менамояд;
- созишномаи лоиҳаҳои сармоягузориро омода менамояд;
- ҳамоҳангии корҳоро ҷиҳати баланд бардоштани тахассуси кормандони ширкат омода менамояд, дар таҳия ва амалигардонии лоиҳаҳои сармоягузорӣ иштирок менамояд;
- амалӣ намудани дигар ваколатҳое, ки аз вазифаҳои Шуъба бармеоянд.