Шуъбаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия
Фаъолияти асосии шуъба:
Шуъбаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия (ШМБЭ) воҳиди сохтори дастгоҳи марказии ШСХК «Барқи Тоҷик» ба ҳисоб меравад.
Корҳои ташкилию техникии роҳбарияти зерсохторҳо ва корхонаҳои ШСХК «Барқи Тоҷик»-ро оид ба баҳрабардорӣ ва таъмирӣ нерӯгоҳҳои барқӣ, ки дар асоси манбаъҳои барқароршавандаи энергия (ҳамчунин НБО-ҳои хурд) кор мекунанд, амалӣ мекунад;
Дар асоси қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёри ва нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати кам намудани хароҷоти ғайри истеҳсолии энергияи барқ, баланд бардоштани самараи кор аз ҳисоби беҳтар намудани тавзеҳоти таҷҳизот ва дигар намуди манбаъҳои барқароршавандаи энергия таҳия карда мешавад;
Ҳангоми қабул ва супоридани санҷишҳо дар кор коргарон ва комиссияи давлатӣ оид ба қабули НБО-ҳои аз нав сохташуда ва модернизатсия бо истифодаи ВИЭ иштирок варзиданд;
Дар гузаронидани гуфтушунид ва ба имзо расонидани шартнома, созишнома оид ба истеҳсол ва ҳамлу нақли таҷҳизотҳо, қисмҳои эҳтиётӣ барои неругоҳҳои барқи бо истифодаи ВИЭ иштирок варзиданд;
Дар фаъолияти худ Шуъбаи манбаъыои барқароршавандаи энергия ҳуҷҷатҳои зеринро таҳти роҳбарӣ қарор медиҳад:
- қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- фармоиш, қарордод ва дастури ШСХК «Барқи Тоҷик»;
- қоидаҳои FIDIC (федератсия байналхалқии муҳандисону мушовирон) ISBN-88432-021-0;
- стандартҳои байналхалқӣ МЭК;
- қоидаҳои насби дастгоҳҳои электрикӣ;
- қоидаҳои баҳрабардории техникии неругоҳҳои барқи ва шабакаҳо;
- қоидаҳои техникаи бехатарӣ ҳангоми баҳрабардории дастгоҳҳои электрикӣ;
- қоидаҳои бехатарии баҳрабардории зарфҳо (дегҳо) ва дастгоҳҳо, ки дар зери фишор кор мекунанд;
- маҷмӯаи ҳуҷҷатҳои роҳбарикунанда;
- низомномаи мазкур ва дастурҳои маҳаллию истеҳсолӣ;
- қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнат;
- қоидаҳои назорати давлатӣ барои бехатарии зидди сӯхтор;
- қоидаҳо ва меъёрҳои сохтмон (СНИП-3-4-80).