Размер шрифта: A A A
Цвет сайта: A A A A

ВАО дар бораи мо

Публикуются: Сведения о средствах массовой информации, учрежденных государственным органом, органом местного самоуправления (при наличии);


Нисбат ба Арманистон, ки бар асари болоравии тарифҳо ба нерӯи барқ дар ин кишвар гирдиҳамоиҳо ҷараён доранд, барқ дар Тоҷикистон 4 баробар арзон аст.

Фото из Азия плюс.jpg

Комиссияи давлатии танзими хизматгузориҳои ҷамъиятии Арманистон қарор кард, ки аз 1 августи соли 2015 тарифҳо ба нерӯи барқро барои 1 кВт/соат ба андозаи 16,7% - аз 41,85 драм (тақрибан 8,8 сент) то ба 48,78 драм (10,3 сент) пардохти рӯзона ва 38,78 драм (8,2 сент) пардохти шабона боло барад. Музди миёнаи меҳнат дар Арманистон 200 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Сарфи назар аз намоишҳои зиёди эътирозӣ дар шаҳрҳои гуногуни кишвар, Комиссияи давлатии танзими хизматгузориҳои ҷамъиятии Арманистон изҳор доштааст, ки қарори худ оид ба болоравии тарифҳоро тағйир доданӣ нест, зеро ин ниҳод мустақил буда, баъди баррасиву таҳлилҳои сершумор қарорҳои аз нигоҳи иқтисодӣ дурусту саҳеҳ қабул мекунад.

Арзиши 1 кВт нерӯи барқ дар Тоҷикистон ба 12,6 дирам ё худ 2 сент баробар аст. Бори ахир моҳи июни соли 2015 тарифҳо ба нерӯи барқ ба андозаи 15% афзуд.


сарчашма: http://news.tj/tj/news/nisbat-ba-armaniston-bar-dar-ikiston-4-barobar-arzon-ast


Number of shows: 1211
Create date: 22.09.2015 10:27:55
Modify date: 22.09.2015 10:33:08

Бозгашт ба рӯйхат