Размер шрифта: A A A
Цвет сайта: A A A A

Хабарҳо

15.07.2014

Нерӯгоҳи барқи обии Норак, ки агрегати аввалини он 15 ноябри соли 1972 ба истифодабарӣ дода шуда буд, соати 20-00-и санаи 15 июли соли 2014-ум 400 миллиард киловатт соат нерӯи барқ истеҳсол намуд. Аз оғози кори аввалин агрегати нерӯгоҳ 42 сол ва аз пурра ба кор даромадани нерӯгоҳ 35 сол сипарӣ мешавад.

Аз ин миқдор барқи истеҳсолшуда қисми зиёдаш - 250 млрд киловатт. соат ба даврони Истиқлолияти давлатии Чумхурии Точикистон рост меояд. Дар солҳои Истиклолияти давлатӣ, Ҳукумати Ҷумхурии Точикистон ва шахсан Президенти Ҷумхурии Точикистон Эмомалӣ Раҳмон ба рушду нумӯи нерӯгоҳи пуриқдидортарини кишвар эътибори калон дода мешавад.

Дар ин давра Президенти кишвар чор маротиба ба НБО-и Норак бо сафари корӣ ташриф оварда, бо аҳли коргарони он мулоқот намуд. Маҳз бо дастгирии Президенти кишвар соли 1997 НБО-и Норак номи фарзанди фарзонаи тоҷик Турсун Ӯлҷабоевро, ки дар бунёди нерӯгоҳ саҳми бузург дорад, гирифт. Дар солҳои истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Нерӯгоҳ корхои зиёди таҷдиду таъмирӣ гузаронида шуд.

Мониторинги бехатарии сарбанди НБО-и Норак, пайвасти таҷҳизоти алокаи баландзуддӣ дар хатхои баландшиддат, ивазнамоии дастгоҳи кушодаи тақсимотии-220 кВ ба танҷизоти наву замонавии элегазӣ, ивазнамоии чархҳои корӣ дар гидрогенераторхо, гузаронидани таъмири асосӣ дар дарбанди курашакл аз зумраи ин корҳои муҳим мебошанд, ки умри нерӯгоҳро дароз менамоянд. Алҳол дар нерӯгоҳ корҳо бобати ивазнамоии дастгоҳи кушодаи тақсимотӣ-500 кВ ба танҷизоти наву замонавии элегазӣ идома доранд.

Барои амалӣ намудани ин корҳои таҷдиду таъмирӣ тули чор- панҷ соли охир 91 228 508 доллари амрикоӣ ва 25 миллион Евро маблағ сарф карда шуд.

Ин ҳама имконият фароҳам меорад, ки нерӯгоҳи азимтарини мо - НБО-и Норак боз даҳсолахои дигар барои хоҷагии халқ ва аҳолии кишвар хидмат намояд.

Н. Ёдгорӣ

Хадамоти матбуоти

ШСХК «Барқи Тоҷик»


Бозгашт ба рӯйхат