Размер шрифта: A A A
Цвет сайта: A A A A

Хабарҳо

11.11.2015

МБГ-2 ба кор сар кард

Ибтидо аз рӯзи 10 ноябри соли 2015 Маркази барқу гармидиҳии Душанбе -2 ба кор сар кард. Дар ҳафтаҳои нахустини фаъолият ин марказ рӯзе то 80 МВТ нерӯи барқ ва то 60 Гкал гармӣ истеҳсол менамояд. Маҳсулнокии он рӯз то рӯз афзоиш меёбад. Барои дар фасли зимистон фаъолият намудани ин иншоот 252 ҳазор тонна ангишт захира карда шудааст, ки ҳамаи ин миқдор аз конҳои ватанӣ кашонда шудааанд.

Ба кор оғоз намудани МБГ-2 таъминоти пойтахтро, ки дар зимистон талаботи он ба барқ бамаротиб меафзояд, беҳтар намуда, инчунин зиёда аз 242 иншоот ва хонаҳои истиқоматиро бо гармӣ таъмин хоҳад намуд.

Ёддовар мешавем, ки ин иншоот дар доираи ҳамкориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Халқии Чин ба хотири ноил шудан ба истиқлолияти энергетикӣ ва таъминоти беҳтару бештари аҳолӣ ва корхонаҳои саноати шаҳри Душанбе бо нерӯи барқ ва гармӣ сохта мешавад.

ТЭЦ_2_более подробно.jpg







Намуди умумии Маркази нави барқу гармидиҳии Душанбе-2

10 январи соли 2014 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон агрегати якуми навбати аввали Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 бо иқтидори 50 мегаватт.соат неруи барқ ба истифодабарӣ дода шуд. Агрегати дуюми навбати аввал, ки бо фаъол гардидани он иқтидори марказ ба 100 мегаватт.соат неруи барқ мерасад, охир соли 2014 пурра ба кор дароварда шуд. Ҳоло сохтмони навбати дуюми МБГ-2 идома дорад. Дар сохтмони навбати дуюм корҳои асосгузорӣ ба анҷом расида, санҷиш ва интиқоли таҷҳизоти калонҳаҷм оғоз ёфтаанд. Ширкати хитоии ТВЕА тасмим гирифтааст, ки сохтмонро пеш аз муҳлат ба анҷом расонад. Баъди пурра ба истифода додани иншоот иқтидори он ба 400 МВт нерӯи барқ ва 235 Гкал гармӣ мерасад.

Мавриди зикр аст, ки бо вуҷуди бо ангишт кор кардани маркази нави барқу гармидиҳӣ вобаста ба он, ки дар он технологияи навтарин насб шудааст ва тамоми талаботи стандартҳои байналмилалӣ риоя карда шуда, марказ дорои се марҳилаи системаи ҳавотозакунист, ҳангоми кор кардани Маркази барқу гармӣ муҳити экологӣ зарар намебинад.

Дар дигар иншоотҳои барқу гармии пойтахт низ имрӯзҳо охирин корҳои тайёрӣ анҷом меёбанд ва онҳо ҳафтаҳои наздик ба кор сар хоҳанд кард

Маркази матбуоти

 ШСХК «Барқи Тоҷик»


Бозгашт ба рӯйхат