Размер шрифта: A A A
Цвет сайта: A A A A

Хабарҳо

02.12.2015

БА ДИҚҚАТИ МУШТАРИЁНИ НЕРӮИ БАРҚ!

Ҳамватанони азиз! Ширкати «Барқи Тоҷик» ҳама вақт дар нияти таъминоти беҳтари барқ ва гарму мунир будани хонадони Шумо ва ба дастовардҳои зиёд ноил гаштани корхонаҳои Шумост. Ин аз як тараф ба заҳмати мо вобаста бошад, аз ҷониби дигар ба истифодаи сарфакоронаи барқ ва пурраву сари вақт пардохт намудани ҳаққи истифодаи нерӯи барқ вобастагии калон дорад.

Вобаста ба ин, Ширкати «Барқи Тоҷик» аз ҳар як муштарӣ – ҳам аз аҳолӣ ва ҳам аз роҳбарони корхонаҳои саноативу ғайрисаноатӣ ва ба онҳо баробаркардашуда, истифодабарандагони буҷетӣ тамоми онҳое, ки барқ барояшон зарур аст, бо камоли эҳтиром хоҳиш менамояд, ки ҳаққи истифодаи барқро то санаи 26 –уми ҳар моҳ тавассути нуқтаҳои «Амонатбонк» пардохт намоянд.

Ин амал ба системаи энергетикӣ имконият медиҳад, ки муштариёни худро бо барқ беҳтар таъмин намояд.

                                                                                                 Маркази матбуоти

                                                                                                 ШСХК «Барқи Тоҷик»



Бозгашт ба рӯйхат