Размер шрифта: A A A
Цвет сайта: A A A A

Хабарҳо

Ширкати «Барқи Тоҷик» меъёрро пурра риоя мекунад 21.12.2015

Ширкати «Барқи Тоҷик» меъёрро пурра риоя мекунад

Тавре маълум аст, айни замон бобати таъминоти барқ дар кишвар реҷаи маҳдудият амал менамояд. Дуруст аст, ки ин ба мардум нороҳатӣ ва душвориҳои зиёде меорад. Баъзан дар воситаҳои ахбори омма низ вобаста ба таъминот бо нерӯи барқ матолибе нашр мегарданд, ки вазъият носаҳеҳ шарҳ дода мешавад.

Вобаста ба ин, маркази матбуоти ШСХК «Барқи Тоҷик» вазъи кунунии таъминоти барқро дар ҷумҳурӣ бо факту далелҳои аниқ шарҳ медиҳад.

Реҷаи маҳдудият дар таъмини барқ пеш аз ҳама ба худи Ширкати «Барқи Тоҷик» таъсири номатлуби ҳам иқтисодӣ ва ҳам техникӣ мерасонад. Вале дар айни замон ин тадбир аз ноилоҷист, системаи энергетикии кишвар алҳол фақат ҳамин қадар имконият дорад.

Ҳамин факт мусаллам аст, ки Ширкати «Барқи Тоҷик» меъёри муқаррашударо риоя менамояд ва ҳатто нисбат ба он зиёдтар кишварро бо барқ таъмин карда истодааст. Масалан, дар муддати моҳи ноябри солӣ ҷорӣ, нисбат ба меъёри муайяншуда ба муштариён 11,42 миллион кВт.соат зиёд барқ интиқол дода шудааст. Барқи дар моҳи ноябри соли ҷорӣ интиқолшуда нисбат ба моҳи ноябри соли гузашта 24,2 миллион кВт.соат зиёд аст.

Дар 15 рӯзи аввали моҳи декабри соли ҷорӣ низ муштариён нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 337 ҳазор кВт.соат зиёд нерӯи барқ гирифтанд.

Ҷои баҳс нест, ки дар солҳои истиқлолияти давлатӣ дар кишвари мо соҳаи энергетика рушд ёфт. Дар ин муддат даҳҳо нерӯгоҳҳои хурду бузург ва Маркази барқу гармидиҳӣ ба истифодабарӣ дода шуд, ки ин иқтидори энергетикии кишвари моро ба миқдори 1040 мегаватт афзун сохт. Ин имконият фароҳам овард, ки дар се - чор соли охир норасоии нерӯи барқ аз 4-5 миллиард кВт.соат зиёда аз ду баробар коҳиш ёфт ва реҷаи маҳдудият низ хеле сабук шуд.

Баъзан суол пайдо мешавад, ки мо ин қадар иқтидорҳои нав бунёд намудем, истеҳсоли нерӯи барқ афзуд, чаро то ҳол махдудият боқӣ мондааст? Дар ҷавоб бояд хотиррасон намуд, ки дар давраи истиқлолият талабот ба барқ низ сол то сол зиёд мегардад. Масалан, шумораи аҳолии кишвар беш аз 65 фоиз афзоиш ёфта, садҳо ҳазор оилаҳои нав барпо гаштанд, садҳо ҳазор манзили истиқоматии нав бунёд шуданд. Фақат дар давоми солҳои 2013-2014-ум 2 миллиону 100 ҳазор метри мураббаъ манзил сохта, ба истифода дода шудааст. Илова бар ин, дар ин давра 17320 корхонаву коргоҳҳои нави истеҳсоливу хизматрасонӣ ба кор оғоз карданд, ки ин ҳама истеҳсоли нерӯи барқи иловагиро тақозо дорад.

Ҳоло барқ ба воситаи қариб ягонаи пешбурди зиндагӣ ва рӯзгори мардум, махсусан сокинони шаҳр, табдил ёфтааст. Бо захираи асосии обӣ-энергетикии худ - обанбори Норак мо ҳоло дар пешорӯи зимистони сарди дуру дароз истодаем. Ҳар сантиметр об дар заминаи ҳисобу китоби аниқу дақиқи мутахассисони мо истифода бурда мешаванд.

Маркази матбуоти Ширкат омода аст, ки бо кормандони Воситаҳои ахбори омма бобати фаҳмондани вазъи воқеии таъминот бо барқ ҳамкорӣ намояд.

Бояд муштариёни нерӯи барқ ҳаминро дарк намоянд, ки Ширкати “Барқи Тоҷик” бобати таъмини барқ дар ин давраи душвор аз тамоми шароиту имконият истифода мебаранд. Аз муштариён бошад, хоҳиш дорем, ки аз барқ сарфакорона истифода баранд ва ҳаққи истифодаи нерӯ барқро сари вақт падохт намоянд. Барои он ки соатҳои аз барқ истифода бурдан тулонитар шавад, фақат як илоҷ аст - аз барқ сарфакорона ва мақсаднок истифода бурдан.

Дар Ширкат телефонҳои боварӣ ба таври шабонарӯзӣ кор мекунанд ва муштариён метавонанд бобати ҳар проблемаи пайдо шуда, бо мо дар тамос бошанд. Телефонҳои боварии Ширкат: 235-86-74; 235-86-84; 610-60-50.

                                                                                                  Маркази матбуоти

                                                                                                  ШСХК “Барқи Тоҷик”   


Бозгашт ба рӯйхат