Размер шрифта: A A A
Цвет сайта: A A A A

Хабарҳо

01.11.2016

 ТЕЛЕФОНҲОИ БОВАРӢ ДАР ШСХК «БАРҚИ ТОҶИК»

Бо мақсади риояи ҷадвали маҳдудият аз тарафи шабакаҳои барқии тобеи ШСХК «Барқи тоҷик», ошкор намудани истифодаи ғайриқонунии барқ, ки зарараш ба тамоми ҷомеа мерасад ва сабабгори вайрон шудани танзими таъминот мегардад, муносибати кормандони соҳаи барқ ба муштариён дар ШСХК «Барқи тоҷик» телефонҳои боварӣ ташкил дода шудаанд. Навбатдорон, ки ба таври шабонарӯзӣ кор мекунанд, хар занги телефонро ба қайд мегиранд, оҷилона ба танзимгарон ва масъулони таъминоти барқи Хадамоти марказии танзими Ширкат ва Шабакаҳои барқии минтақаҳо мерасонанд ва сари вақт чораҳои амалӣ меандешанд. Фаъолияти навбатдорон ва тадбирҳои андешидаи масъулон дар ин бобат дар назди Раиси Ширкат баррасӣ мегардад.

Ҳар як муштарии барқ инчунин метавонад тавассути ин телефонҳо бо ШСХК «Барқи тоҷик» дар тамос шавад ва дар бораи ҳодисаҳои истифодаи ғайриқонунии барқ, ки амалан ғорати як қисмати ҳаққи рӯшноиву гармии ҳамаи мост, маълумот диҳанд. Мо пешакӣ ба чунин шахсони дорои масъулияти баланди шаҳрвандӣ изҳори миннатдорӣ намуда, махфӣ нигоҳ доштани ному насаби онҳоро кафолат медиҳем.

Тавассути телефони боварӣ бо мо ҳамкорӣ намудан ба манфиати ҳар як шахси мушаххас ва тамоми ҷомеа мебошад.

ТЕЛЕФОНҲОИ БОВАРӢ ----- 235-86-74;

235-86-84

610-60-50

Маркази матбуоти

ШСХК «Барқи Тоҷик»  


Бозгашт ба рӯйхат