Размер шрифта: A A A
Цвет сайта: A A A A

Хабарҳо

09.12.2016

ШСХК «Барқи Тоҷик»:

Дастури Пешвои миллат амалӣ мегардад.

Дирӯз бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе – 2» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Тавре дар суханронии Сардори давлат низ қайд шуд, дар натиҷаи ба кор оғоз намудани навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии “Душанбе – 2” имкон пайдо мегардад, ки дар як шабонарӯз 7,2 миллион киловатт – соат нерӯи барқ истеҳсол карда шавад. Ҳамзамон, Пешвои миллат дастур додан, ки таъминоти барқ барои он минтақаҳои кишвар, ки дар доираи маҳдудият барқ мегиранд, ба миқдори се соат зиёд карда шавад.

Роҳбарият ва мутахассисони ШСХК «Барқи Тоҷик» бо истифода аз шароиту имконияти истифодаи самараноки захираҳои энергетикӣ ин дастури Пешвои миллатро ибтидо аз 9 декабр амалӣ намуда, интиқоли барқро зиёд карданд. Акнун минтақаҳо пагоҳӣ аз соати 05-00 то 10-00 ва бегоҳӣ аз соати 17-00 то 22-00 барқ мегиранд.

Бо камоли эҳтиром аз муштариён хоҳиш карда мешавад, ки аз барқ сарфакорона истифода бурда, ҳаққи истифодаи нер ӯи барқро сари вақт пардохт намоянд.

Вобаста ба риоя нашудани таъминоти барқ ва садамаҳо ҳар як муштарӣ метавонад, тавассути телефонҳои боварӣ ба мо дар тамос шаванд.Телефонҳои боварии ШСХК «Барқи Тоҷик»:

235-86-74; 235 86 84; 610-60-50

Маркази матбуоти

ШСХК «Барқи Тоҷик»


Бозгашт ба рӯйхат