Размер шрифта: A A A
Цвет сайта: A A A A

Хабарҳо

12.12.2016

ТАЪМИНОТИ БАРҚ БОЗ ЯК СОАТ ЗИЁД ШУД

Мутобиқи дастури Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ барои манотиқе, ки мутобиқи ҷадвали маҳдудият барқ мегиранд, ибтида аз рӯзи 12 декабри соли 2016 таъминоти барқ боз як соат зиёд шуд. Ин имконият баъди пурра ба истифода дода шудани Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2» пайдо гашт.

Акнун ҳамаи минтақаҳои кишвар пагоҳӣ аз соати 05-00 то 10-00 ва бегоҳӣ аз соати 16-00 т о 22-00 барқ мегиранд.

Барои риояи ҳатмии ин ҷадвал роҳбарони ҳамаи шабакаҳои барқӣ аз ҷониби Раиси ШСХК «Барқи Тоҷик» супориши мушаххас гирифтанд. Он соатҳое, ки бо сабабҳои техникӣ, аз ҷумла рӯй додани садамаҳо, муштариён барқ намегиранд, баъди аз байн бурдани садама дар дохили ҳамон шабонарӯз миқдори соатҳои барқи нагирифтаашон ҷуброн мегардад.

ШСХК «Барқи Тоҷик» бо камоли эҳтиром аз муштариён хоҳиш менамояд, ки аз барқ сарфакорона истифода бурда, ҳаққи истифодаи нерӯи барқро сари вақт пардохт намоянд.

Вобаста ба риоя нашудани таъминоти барқ ва садамаҳо ҳар як муштарӣ метавонад, тавассути телефонҳои боварӣ ба мо дар тамос шавад.

Телефонҳои боварии ШСХК «Барқи Тоҷик»: 235-86-74; 235 86 84; 610-60-50; 295-202;

Маркази матбуоти

ШСХК «Барқи Тоҷик»


Бозгашт ба рӯйхат