Размер шрифта: A A A
Цвет сайта: A A A A

Хабарҳо

11.01.2017

ТАЪМИНОТИ БАРҚ -18 СОАТ АСТ!

Мутобиқи дастури Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ барои манотиқе, ки мутобиқи ҷадвали маҳдудият барқ мегиранд, ибтидо аз рӯзи 6 январи соли 2017 инҷониб таъминоти барқ дар тули як шабонарӯз 18 соатро ташкил медиҳад. Муштариён аз соати 05-00 то 23-00 барқ мегиранд.

Рӯзи 11 ноябр дар ҷаласаи махсус ба роҳбарони шабакаҳо супориши махсус дода шуд, ки таъминоти барқро дар доираи 18 соат ҳатман риоя намоянд. Вобаста ба риоя нашудани таъминоти барқ ва садамаҳо ҳар як муштарӣ метавонад, тавассути телефонҳои боварӣ ба мо дар тамос шавад.

Телефонҳои боварии ШСХК «Барқи Тоҷик»: 235-86-74; 235-86-60; 235 86 84; 610-60-50; 295-202;

Маркази матбуоти

ШСХК «Барқи Тоҷик»


Бозгашт ба рӯйхат