Размер шрифта: A A A
Цвет сайта: A A A A

Хабарҳо

28.07.2017

ШСХК “Барқи Тоҷик”: Ҷамъбасти нимсолаи аввали соли 2017

Дар нимсолаи якуми соли 2017 ҳаҷми истеҳсоли энергияи барқ 7 млрд 736 млн.кВт.соатро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 645,3 млн.кВт.соат зиёд мебошад. Аз ҷумла, ҳаҷми истеҳсоли энергияи барқ дар нерӯгоҳҳои барқи обии Ширкат ба 7 млрд. 301 млн.кВт.соат, дар марказҳои барқу гармидиҳӣ ба 431,7 млн.кВт.соат ва дар нерӯгоҳҳои барқӣ обии хурди таҳти назорати Ширкати “Барқи Тоҷик” буда ба 3,9 млн.кВт.соат баробар шуд.

Қайд кардан зарур аст, ки дар натиҷаи пурра ба истифода додани навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии “Душанбе-2” бо иқтидори 300 МВт, ҳаҷми истеҳсоли энергияи барқ 431,8 млн.кВт.соатро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар ҳаҷми 288,3 млн.кВт.соат зиёд мебошад.

Ҳаҷми истеҳсоли энергияи гармӣ дар давраи ҳисоботӣ ба 143,9 ҳазор Гкал баробар шуда, нисбати ҳамин давраи моҳи соли гузашта дар ҳаҷми 74,4 ҳазор Гкал зиёд мебошад.

Бо мақсади таъмини соҳаҳои иқтисодиёт ва аҳолии ҷумҳурӣ бо энергияи барқ дар нимсолаи якуми соли 2017 Ширкати «Барқи Тоҷик» дар ҳаҷми 1310,8 млн.кВт.соат энергияи барқро, асосан аз НБО-и “Сангтӯда-1”ва НБО-и “Сангтӯда-2” харидорӣ намуд.

Ҳаҷми содироти энергияи барқ ба хориҷи ҷумҳурӣ дар нимсолаи якуми соли 2017 нисбати ҳамин давраи соли 2016 ба 608,3 млн.кВт.соат баробар шуд. Энергияи барқ асосан ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар ҳаҷми 603,7 млн.кВт.соат содирот карда шуд, ки нисбат ба нимсолаи аввали соли 2016-ум дар ҳаҷми 21,1 млн.кВт.соат ба маблағи 2,7 млн.доллари ИМА зиёд мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми фоиданоки энергияи барқи ба муштариёни ҷумҳурӣ интиқолшуда ба 6 млрд. 786,7 млн.кВт.соат баробар шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта дар ҳаҷми 219,9 млн.кВт.соат зиёд мебошад.

Бояд қайд намуд, ки зиёд шудани ҳаҷми барқи фоиданоки ба муштариён интиқолшуда ва афзоиши маблағи фурӯши барқ асосан аз ҳисоби истифодабарандагони аҳолӣ, саноат, соҳаи тиҷорат ва дигарон истифодабарандагон ба назар мерасад.

Дар нимсолаи якуми соли 2017 тарифи миёна барои 1 кВт.соат энергияи барқи истифодашуда 15,50 дирамро ташкил дод, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 2,7 дирам зиёд мебошад.

ШСХК «Барқи Тоҷик» ҳамарӯза оид ба масъалаи беҳтар намудани таъминоти соҳаҳои иқтисодиёт ва аҳолии кишвар бо энергияи барқ тамоми чораҳоро андешида истодааст. Санаи 14 январи соли 2017 бо дастури Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба захираҳои мавҷудаи обию энергетикӣ ва иқтидорҳои истеҳсолӣ, маҳдудияти нерӯи барқ пурра барҳам дода шуда, барқтаъминкунии соҳаҳои иқтисодиёт ва аҳолии ҷумҳурӣ бемаҳдудият ба роҳ монда шуд.

Аммо мутаассифона маблағи энергияи барқи истифодашуда аз тарафи истифодабарандагон сари вақт ва пурра пардохт намегардад, ки ба вазъи молиявии ШСХК «Барқи Тоҷик» таъсири манфӣ расонида, барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани корҳои таъмирию барқарорсозӣ монеаъгӣ меорад.

Ҷамъоварии маблағи фурӯши энергияи барқ аз муштариёни дохили ҷумҳурӣ дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ 854,0 млн.сомониро ташкил дод, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 189,9 млн.сомонӣ ё 28,6% афзоиш ёфтааст.

Имрӯз яке аз проблемаҳои асосии соҳа дар масъалаи ҷамъоварии маблағ мебошад, ки ШСХК «Барқи Тоҷик»-ро ба ташвиш овардааст, ин дар сатҳи ниҳоят паст пардохт шудани маблағ аз тарафи истифодабарандагони азими ҷумҳурӣ мебошад.

Дар нимсолаи аввали соли 2017 аз тарафи соҳаи хоҷагии оби ҷумҳурӣ 18,8 млн.сомонӣ, корхонаҳои соҳаи кишоварзӣ ба маблағи 16,8 млн.сомонӣ пардохт карда нашудааст.

Инчунин, новобаста ба дастгириҳои соҳаи хоҷагии оби ҷумҳурӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз соли 2010 то ин ҷониб нисбати онҳо тарифи имтиёзнок татбиқ шуда истодааст, дар семоҳи дуюми соли 2017 корхонаҳои Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ пардохти маблағи барқро ҳамагӣ ба маблағи 588,4 ҳазор сомонӣ таъмин намуданд, ки ин 3 % маблағи ҳисобишударо ташкил медиҳад, ки таъсири манфии он ба вазъи молиявии Ширкат назаррас мебошад.

Қарзи дебитории Ширкати “Барқи Тоҷик” дар нимсолаи якуми соли 2017 аз ҳисоби истифодабарандагони энергияи барқ ва гармӣ 201 млн.сомониро ташкил дода, ба ҳолати 1 июли соли 2017 қарзи умумии дебиторӣ ба 1 млрд. 796 млн.сомонӣ баробар шуд. Аз ҷумла, қарзи Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ 101,8 млн.сомонӣ, хоҷагиҳои кишоварзӣ 122,8 млн.сомонӣ, КВД «Обу корези ҷумҳурӣ» 26,5 млн.сомонӣ, ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ 39,2 млн.сомонӣ, КМ «Тоҷиккимёсаноат» 19,4 млн.сомонӣ, Комбинати маъдантозакунии куҳии Адрасмон 5,3 млн.сомонӣ, аҳолии ҷумҳурӣ 768 млн.сомониро ташкил медиҳад.

Бо мақсади рӯёнидани қарзҳои дебиторӣ, дар давраи ҳисоботӣ ба 1295 муштариёни қарздор ба маблағи зиёда аз 63,3 млн.сомонӣ иддао пешниҳод карда шудааст, ки аз ин маблағ 21,8 млн.сомонӣ ба суратҳисоби Ширкат ворид шудааст, ки 34,4 % маблағи пешниҳодшударо ташкил медиҳад. Дар ин давра ба маблағи 15,7 млн.сомонӣ маводҳо ба мақомоти прокуратура ирсол гардида, аз он ба маблағи 5,0 млн. сомонӣ аз ҷониби судҳо қонеъ карда шудаанд. Дар натиҷа ба манфиати Ширкат тибқи ҳалномаҳо 4,7 млн.сомонӣ рӯёнида шуд. Илова бар ин, дар ин давра ҳамагӣ 1720 адад санадҳои қоидавайронкунӣ ба маблағи 3,5 млн.сомонӣ тартиб дода шуда, аз он ба маблағи 587,4 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби Ширкат ворид карда шудааст.

Дар нимсолаи аввали соли 2017 Ширкати “Барқи Тоҷик” вобаста ба ӯҳдадориҳои молиявии худ пардохти андозҳои ҷумҳуриявӣ – 173,4 млн.сомонӣ пардохт намуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 32,4 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Қайд кардан зарур аст, ки маблағҳои хариди барқ аз НБО-и “Сангтӯда-1” – 135,2 млн.сомонӣ ва аз НБО-и “Сангтӯда-2” – 60,4 млн.сомонӣ пардохт карда шуд, ки нисбати 6 моҳи соли гузашта мутаносибан 31,7 млн.сомонӣ ва 28,2 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Ҳамчунин пардохти маблағи мазуту ангишт ба маблағи 76,6 млн.сомонӣ таъмин карда шудааст.

Дар баробари ин, қарзи ШСХК “Барқи Тоҷик” ба ҳолати 1 июли соли 2017 дар назди буҷети ҷумҳуриявӣ аз ҳисоби андозҳо - 185,7 млн. сомонӣ аз ҷумла қарзи асосӣ 97,4 млн.сомонӣ ва фоизҳои ҳисобишуда 88,3 млн.сомонӣ, ҶСК “НБО-и Сангтӯда-1” – 732,0 млн.сомонӣ, дар назди НБО-и “Сангтӯда-2” – 550,3 млн.сомонӣ, дар назди ҶСК “Ориёнбонк” – 1,6 млрд.сомонӣ ва қарз аз ҳисоби харид ва кашонидани ангишт – 67,2 млн.сомониро ташкил дод.

Дар соли 2017, ҳамчун яке аз вазифаҳои афзалиятнокии Ширкат, масъалаи кам намудани талафоти энергияи барқ, қабул гардидаст. Бо ин мақсад 23 январи соли 2017 дар Ширкат нақша-чорабиниҳо таҳия гардида, аз ҷумла дар асоси он аз ҷониби зерсохторҳо то ба ҳолати 1-уми июли соли 2017 чунин корҳо амалӣ карда шудаанд:

- 62 адад трансформаторҳои қудратии шиддати аввалаашон 35, 110, 220 кВ ва 78 адад трансформаторҳои қудратии 6-10/0,4 кВ дар вақти камбор будани онњо хомӯш карда шуда буданд;

- 9,71 км кабелҳои серборї 0,4-10 кВ бо кабелҳои буриши кундалангиашон калонтар иваз карда шуданд;

- 201,3 км ноқилҳои сербор дар хатҳои барқии ҳавоии 0,4-10 кВ ба ноқилҳои буриши кундалангиашон калонтар иваз карда шуданд;

- дар 1123 адад истгоҳҳои трансформатории 6-10/0,4 кВ бори хатҳои интиқоли барқи онҳо ба танзим дароварда, баробар тақсим карда шуданд;

- 28 адад истгоҳҳои трансформатории 6-10/0,4 кВ дар маркази бори истифодабарандагон ҷойгир карда шудаанд,

-дар 9 адад истгоҳҳои трансформатории 6-10/0,4 кВ трансформаторҳои камбор ба трансформаторҳои иқтидорашон пасттар иваз карда шуданд;

- 47 адад истгоҳҳои трансформатории нави муҷаҳозонидашудаи комплектии 6-10/0,4 кВ насбу васл карда шуданд;

- бо мақсади кам намудани бор ва дарозии хатҳои интиқоли барқи 0,4-10 кВ 20,9 км хатҳои нави интиқоли барқи ҳавоӣ сохта шуданд;

- дар шабакаҳои барқии 0,4-10 кВ 16,5 км ноқилҳои пулодӣ ба ноқилҳои алюминий иваз карда шуданд;

- 59 адад трансформаторҳои сербори 6-10/0,4 кВ ба трансформаторҳои иқтидорашон баландтар иваз карда шуданд ва ғайра.

            Аз ҷониби Ширкати «Барқи Тоҷик» дар самти мукаммалгардонии системаи баҳисобгирии энергияи барқ, аз нуқтаҳои сарҳисобї то нуқтаҳои поёнӣ, чораҳои зарурӣ андешида шуда истода, бо ин мақсад ба ҳамаи шабакаҳои барқӣ супориши қатъӣ дода шудааст, ки дар мадди аввал ҷиҳати насб намудани ҳисобгиракҳои барқӣ дар истгоҳҳои трансформаторӣ чораҷӯӣ намоянд. Айни замон ҳамаи нуқтаҳои сарҳисобии нерӯгоҳҳо, байнишабакавӣ ва байнидавлатӣ бо ҳисобгиракҳои замонавии электронӣ муҷаҳҳазонида шудаанд.


Бозгашт ба рӯйхат