Размер шрифта: A A A
Цвет сайта: A A A A

Хабарҳо

13.09.2017

ДАР БОРАИ НАРХИ БАРҚ

Маркази матбуоти ШСХК «Барқи Тоҷик» иттилоъ медиҳад, ки дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарифҳои нерӯи барқ ва гармӣ» аз 29 августи соли 2017 № 412 дар тарифҳои энергияи барқ ва гармӣ тағйирот ворид карда шуд. Ибтидо аз рӯзи 1 октябри соли 2017 дар қаламрави кишвар нархи ҳар киловатт.соат нерӯи барқ барои тамоми категорияҳои истифодабарандагон ба ҳисоби миёна 15 фоиз зиёд гардид.

Баландшавии нарх барои аҳолӣ сатҳист; пеш ин гурӯҳи истифодабарандагон барои ҳар кВт.соат 14,65 дирам маблағ пардохт менамуданд, акнун нархи ҳар киловатт.соат 16,85 дирамро ташкил медиҳад. Яъне, нархи ҳар киловатт.соат барои аҳоли ҳамагӣ 2,2 дирам боло рафт. Бояд қайд намуд, ки ин тағйироти нарх ба гурӯҳи камбизоати ҷомеа таъсир намерасонад, чунки маблағи онҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн мегардад.

Маркази матбуоти ШСХК «Барқи Тоҷик» баъди омода шудан ва аз тарафи Хадамоти зиддинҳисории назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон тасдиқ гардидани Нархнома (Прейскурант) ин мавзуъро пурра шарҳ хоҳад дод.

Алҳол аз муштариёни гиромӣ хоҳиш карда мешавад, ки ба хотири пайдо нашудани нофаҳмиҳо дар ҳисобу китоб ҳаққи барқи то 1 октябри соли 2017 истифодашударо сари вақт ва пурра пардохт намоянд.

Хадамоти матбуоти

ШСХК «Барқи Тоҷик»


Бозгашт ба рӯйхат