Размер шрифта: A A A
Цвет сайта: A A A A

Хабарҳо

21.09.2017

МАРКАЗҲОИ БАРҚУ ГАРМӢ БА ФАЪОЛИЯТ ОМОДА МЕШАВАНД

Мо таъмин намудани талаботи рӯзафзуни корхонаҳои истеҳсолӣ ва аҳолиро бо нерӯи барқ ва гармӣ тавассути барқарор намудани инфрасохтори мавҷуда, ба кор андохтани иқтидорҳои нав, истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ, паст кардани талафоти он ва бунёди марказҳои нави барқу гармидиҳӣ аз ҷумлаи вазифаҳои аввалиндараҷаи худ ва дар айни замон роҳи асосии расидан ба истиқлолияти энергетикии кишварамон мешуморем.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҳарчанд асоси истеҳсоли нерӯи барқ дар ҷумҳурии мо гидроэнергетика, ё худ барқи обӣ мебошад, дар давраи тирамоҳу зимистон, ки талабот ба барқ афзун мегардад, марказҳои барқ гармӣ бобати таъминот бо нерӯ ва гармӣ манфиати калонеро моликанд. Барои мисол, дар мавсими тирамоҳу зимистони гузашта аз тарафи марказҳои барқу гармии шаҳри Душанбе дар якҷояги бо дегхонаҳои шарқиву ғарбӣ 871,3 миллион кВт.соат нерӯи барқ ва 376 ҳазор Г.кал гармӣ истеҳсол шуд. Махсусан баъди пурра ба истифодабарӣ додани МБГ «Душанбе-2», бо иқтидори 400 МВТ нерӯи барқ ва 235,46 Г.кал гармӣ таносуби марказҳои барқу гармӣ дар таъминоти хоҷагии халқ ва аҳолӣ бо нерӯ ва гармӣ афзун гардид. Аз дигар тараф, баъди амалӣ гардидани ин лоиҳаи бобарори энергетикӣ сарбории шабакаҳои энергетикии шаҳри Душанбе хеле кам гардида, сифат ва дараҷаи таъминоти сокинони пойтахт ва аҳолии атрофи он бо нерӯи барқ хеле беҳ шуд.Миқдори гармие, ки дар ин иншоот истеҳсол мешавад, барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти на фақат манзили сокинон ва муассисаҳои иҷтимоиву таълимӣ, балки дигар иншооти шаҳри Душанбе низ комилан кифоя хоҳад буд.

Ҳар сол дар фасли зимистон истифодаи барқ дар шаҳри Душанбе зиёда аз ду баробар афзоиш ёфта, пойтахт ба истеъмолкунандаи азими нерӯ табдил меёфт. Дар ин замина, ҳангоми истифодаи гармии дар марказҳои барқу гармӣ истеҳсолшуда, дар пойтахт нерӯи барқ сарфа мегардад, ки ин ба таъминоти барқ дар сар то сари кишвар манфиатбахш аст. Аз рӯи ҳисоби мутахассисон, Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе – 2» имконият фароҳам овард, ки то 200 мВт нерӯи барқ сарфа гардад.

Бо назардошти ин ҳама, омодагии ҳамаҷонибаи марказҳои барқу гармӣ ва дегхонаҳои шарқиву ғарбӣ, таъмиру тармими таҷҳизоти онҳо, захираи сӯзишворӣ барои марказҳои барқу гармӣ доимо дар маркази диққати роҳбарон ва мутахассисони ШСХК «Барқи Тоҷик» мебошад.

Барои таъмини барқу гармӣ то ин дам (22 сентябри соли 2017) дар

Дар маркази танзими МБГ-2


Дар Маркази танзими МБГ-2

Корҳои таъмирӣ дар МБГ-1










Корҳои таъмирӣ дар МБГ-1

Дар маркази танзими дегхонаи шарқӣ










Дар Маркази танзими дегхонаи шарқӣ.

марказҳои барқу гармии шаҳри Душанбе 700000 тонна ангишт ва 2731 тонна мазути камсулфур захира карда шудааст. Дар МБГ-1, ки яке аз иншоотҳои муҳим ба шумор рафта, навбати аввали он соли 1958 ва навбати дуюмаш соли 1963 ба истифодабарӣ дода шудаанд, дар мавсими тирамоҳу зимистон то 20 МВт нерӯи барқ ва то 50 Г.кал гармӣ истеҳсол карда мешуд. Имсол иқтидори истеҳсолии он зиёд карда шуда, барқкорон ният доранд то 50 МВт нерӯи барқ ва то 90 Г.кал гармӣ истеҳсол намоянд. Ҳоло таъмири асосии чор деги буғи корхона бо ҷалби мутахассисони ҶДММ «Казремэнерго» идома дорад.

Дар МБГ-2 низ корҳои тайёрӣ ба мавсим бо муваффақият мегузарад. Барқкорон ният доранд, ки барои мавсими имсолаи кори он 1 миллиону 80 тонна ангишт захира намоянд. Тавре дар боло қайд намудем, дар амбори МБГ-2 аллакай 700000 тонна ангишт захира шудааст. Кашондани ангиш бо маром идома дорад Ҳаррӯз тавассути мошинҳои ширкат то 4 ҳазор тонна ангиш вориди амбор мешавад.

Навбати аввали Маркази барқу гармидиҳӣ аз санҷиш гузашта, ҳоло корхона ба фаъолият омода мешавад.


Маркази матбуоти

ШСХК «Барқи Тоҷик»


Бозгашт ба рӯйхат