Размер шрифта: A A A
Цвет сайта: A A A A

Хабарҳо

07.11.2017

  ШАРҲИ МУРОҶИАТНОМАИ ШИРКАТИ «БАРҚИ ТОҶИК»

БА ШАҲРВАНДОНИ МАМЛАКАТ

ТАЪМИНОТИ БАРҚ: ДАСТОВАРД ВА ИМКОНИЯТҲО

М. ИСМОИЛЗОДА-РАИСИ ШСХК «БАРҚИ ТОҶИК»

Бо дарназардошти он, ки ягон кишвар тараққиёти худро бе рушди энергетика таъмин карда наметавонад, мо расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерӯи барқро ҳамчун яке аз ҳадафҳои стратегии давлат муайян кардаем.

Эмомалӣ Раҳмон

Дастоварди муҳими имсола - дар фаслҳои тирамоҳу зимистон бемаҳдудият ба мардум додани барқ як қадами қатъӣ ҷониби истиқлолияти энергетикии кишвар буда, натиҷаи амалӣ шудани сиёсати бобарори энергетикии Асосгузори сулху ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад. Ман ҳамчун мутахассиси соҳаи энергетика хуб медонам, ки ин ба осонӣ муяссар нагардидаааст. Солҳои охир дар баробари рушду нумӯи соҳаи энергетика дар кишвари мо дигар соҳаҳои хоҷагии халқ низ рушд меёфт, аҳолӣ рӯ ба афзоиш меовард, сатҳи зиндагӣ боло мерафт, ки ин ҳама талаботро бо барқ сол то сол зиёд менамуд.

Масалан, шумораи аҳолии кишвар беш аз 65 фоиз афзоиш ёфта, садҳо ҳазор оилаҳои нав барпо гашта, дар шаҳру деҳоти кишвар миллионҳо метри мураббаъ манзил сохта, ба истифода дода шуда, корхонаву коргоҳҳои нави истеҳсоливу хизматрасонӣ ба кор оғоз карданд, ки ин ҳама истеҳсоли нерӯи барқи иловагиро талаб менамоянд.

Дар Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 22 декабри соли 2016, низ қайд шуда буд: «Дар ин раванд, фаромӯш набояд кард, ки баробари афзоиш ёфтани истеҳсоли нерӯи барқ шумораи аҳолӣ ва корхонаҳои саноатӣ низ зиёд шуда, талабот ба нерӯи барқ торафт меафзояд.»

Новобаста ба ин ҳама, Мутобиқи дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ширкати саҳомии холдингии кушодаи “Барқи Тоҷик” тасмим гирифт, ки имсол дар таъминоти барқ маҳдудият ҷорӣ насозад. Барои ин ҳар як муштарии нерӯи барқ пеш аз ҳама бояд аз Сарвари давлат миннатдор бошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба маънои томи ин сухан, ҳар рӯз аз вазъи низоми энергетикии кишвар пурсон мешаванд ва дастуру супориш медиҳанд. Маҳз бо талоши Сарвари давлат ва натиҷаи обрӯву нуфузи сиёсии он кас буд, ки дар қаламрави кишвар новобаста аз душвориҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ нерӯгоҳҳои “Сангтӯда-1” ва “Сангтӯда-2” бунёд ёфтанд. Худи Сарвари давлат чор маротиба ба нерӯгоҳи “Сангтӯда-1” ва се маротиба ба нерӯгоҳи “Сангтӯда-2” сафари корӣ доштанд, дар ифтитоҳи агрегатҳо иштирок намуда, бо сохтмончиён суҳбатҳо намуданд; руҳи онҳоро болида менамуданд.

Дигар тадбири муҳиме, ки баҳри беҳбудии таъминот бо барқ андешида шуд, албатт бунёди Маркази барқу гармидиҳии 2-и шаҳри Душанбе мебошад.

Воқеан ҳам, Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2» лоиҳаи энергетикие ба шумор меравад, ки самараи ташаббус ва обрӯву нуфузи сиёсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишонаи ба рушди соҳаи энергетика диққати ҷиддӣ додани Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Сангтуда.jpg










Маросими бастани пеши дарёи Вахш дар маҳалли бунёди НБО-и “Сангтӯда-1”, 15 декабри соли 2006.

Соли 2012 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин созишнома доир ба бунёди Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2, бо арзиши лоиҳавии 870 миллион сомонӣ ба имзо расид. Дар назар дошта шуда буд, ки ин маркази барқу гармӣ бо ангишт, ки захираи он дар кишвари мо фаровон аст, кор хоҳад кард. Барои дар ин Марказ истеҳсол намудани нерӯи барқу гармӣ аз конҳои ангишти дохили ҷумҳурӣ истифода бурда хоҳад шуд.

Муддати ду сол зиёда аз 1600 нафар мутахассисону сохтмончиёни Тоҷикистону Хитой шабонарӯз заҳмат кашиданд. Дар баробари ин, ба хотири таъмин намудани фаъолияти муназзами марказ 60 нафар мутахассисони тоҷик барои таҷрибаомӯзӣ ва шиносоӣ бо техникаву технологияи чунин корхонаҳо ба Ҷумҳурии Мардумии Чин фиристода шуда, таҷрибаи кофии пешбурд ва идоракунии иншоотро омӯхтанд. Дар раванди корҳои сохтмонӣ, инчунин боз 100 нафар мутахассисони ватании соҳибтахассус аз ҳамкасбони хитоии худ таҷриба омӯхтанд.

Рӯзи 8 декабри соли 2016 Маркази барқу гармидиҳии 2-и шаҳри Душанбе пурра ба истифодабарӣ дода шуд. Ин Марказ бо иқтидори 400 МВТ нерӯи барқ ва 235,46 Гкал гармӣ имкониятҳои моро бобати беҳбудӣ бахшидани таъмини барқ дар фаслҳои тирамоҳу зимистон хеле афзун намуд. Агар дар фасли гармо дар пойтахт дар як шабонарӯз то панҷ — панҷуним миллион киловатт – соат неруи барқ истифода шавад, дар фасли зимистон ин нишондиҳанда то ба 14 – 15 миллион киловатт — соат мерасид. Маркази барқу гармидиҳии 2-и шаҳри Душанбе, ки ҳам барқ истеҳсол менамояд ва ҳам хонаҳоро гарм месозад, ин борро хеле сабук месозад. Аз рӯи ҳисоби мутахассисон, аз ҳисоби истифодаи танҳо гармии Марказ имкони сарфаи қариб 200 мегаватт иқтидори иловагии неруи барқ пайдо мегардад, ки ин таъминоти умумии аҳолии кишварро бо неруи барқ боз ҳам беҳтар менамояд.


МБГ-2.jpg










Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маркази танзими барқу гармии МБГ 2-и шаҳри Душанбе.

Имсол Маркзи барқ гармии 1-и шаҳри Душанбе низ пуриқтидор гардонда шуд. Ин марказ яке аз иншоотҳои муҳими энергетики кишвар ба шумор рафта, навбати аввалаш соли 1958 ва навбати дуюмаш соли 1963 ба истифодабари дода шудаанд. Он дар мавсим то 20 МВт нерӯи барқ ва то 50 Г.кал гармӣ истеҳсол менамуд. Бо ҷалби мутахассисони варзидаи Ширкати «Казремэнерго»-и Қазоқистон имсол таъмири асосии ду деги буғи ин марказ анҷом дода шуда, ният дорем истеҳсоли нерӯи барқро ба 50 МВт ва гармиро ба 90 Г.кал расонем.

Дигар тадбири муҳиме, ки боиси беҳтар шудани таъминот бо барқ шуд, дар чанд соли охир дар асоси нақшаву тадбирҳои стратегӣ таҷдиду навсозии нерӯгоҳҳои Норак Қайроққум, Сарбанд ва Варзоб буд, ки ин амал идома дорад.

Барои мисол, танҳо барои корҳои таҷдиду барқарорсозии нерӯгоҳи Норак аз соли 2006 то соли 2016 ба маблағи зиёда аз 627 миллион сомонӣ хароҷот шудааст.


НБО Норак.jpg










Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маркази танзими барқи НБО-и Норак.

Дигар омили беҳ гаштани таъминот бо барқ, албатта, риояи фарҳанги сарфакорӣ дар истифодаи ин боигарии миллии мост. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 15 апрели соли 2009, дар ин масъала ба мардуми кишвар дастури хеле муҳим ва асоснок дода шуда буд. Бар замми ин, аз 24 апрели соли 2009 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагии истифодаи сарфаҷӯёнаи энергия» ба имзо расид. Ин ҳама имконият доданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи таҷрибаи давлатҳои пешқадами олам амал намуда, аввалин шуда дар қаламрави Иттиҳоди давлатҳои мустақил, ба истифодаи лампаҳо ва дигар таҷҳизоти каммасрафи барқӣ гузарад.

Баробари бунёди иқтидорҳо, сохтмони инфрасохтори энергетикӣ низ ба таъминоти беҳтари барқ ба мардум мусоидат менамояд ва боиси рушди соҳа мегардад. Дар солҳои истиқлолият хатҳои интиқоли барқи 04/500 кВ ба масофаи 12584,126 километр ва зеристгоҳҳои барқии 35 кВ ва аз он боло ба миқдори 58 адад бо тавоноии 4701,31 МВА зиёд гардиданд. Алалхусус, бунёди Хатти интиқоли барқи 500 киловолтаи «Ҷануб-Шимол» низоми энергетикии моро муттаҳид ва ягона сохт. Агар ин хатти интиқоли барқ сари вақт бунёд намеёфт, бобати ба барқ таъмин намудани вилояти Суғд мо бо душвории калоне рӯ ба рӯ мешудем. Талаботи ин вилояти мутараққии Тоҷикистон дар як сол тақрибан 4,5-5 миллиард киловатт.соат нерӯи барқ аст. Ягона нерӯгоҳи барқи обии вилоят - Нерӯгоҳи барқи обии Қайроққум, танҳо 15-20 фоизи ин талаботро мепӯшонад. Боқимонда нерӯи барқи барои ин вилоят зарурӣ асосан тавассути Хатти интиқоли барқи 500 киловолтаи «Ҷануб-Шимол» интиқол дода мешавад.

Минбаъд ҳам мо вазифадорем, ки бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо рушди соҳаи энергетикаро таъмин кунем. Зеро фақат бо ҳамин роҳ талаботи аҳолиро ба нерӯи барқ пурра қонеъ гардонда, раванди болоравии иқтисодиётро аз ҳисоби нерӯи барқи нисбатан арзон ва аз ҷиҳати экологӣ тоза таъмин карда метавонем. Бо истифода аз имкониятҳои азими гидроэнергетикие, ки кишвари мо дорад, тараққӣ додани соҳаи гидроэнергетика барои Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле муҳим ва зарур аст. Алҳол, дар натиҷаи татбиқи 32 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар самти рушди соҳаи энергетика шиддати норасоии нерӯи барқро хеле коҳиш ёфт. Ин ниҳояти кор нест. Яке аз ҳадафҳои стратегии давлат эълон шудани расидан ба истиқлолияти энергетикӣ маънои онро дорад, ки дар кишвари мо ба рушди соҳаи энергетика диққати ҷиддӣ дода мешавад. Энергетикаи тоҷик кумак ва дастгирии Президенти кишвар ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба таври рӯзафзун эҳсос менамояд, ки ин ба пешрафти муназами соҳа мусоидат менамояд. Касе шубҳа надорад, ки сиёсати созанда ва бобарори энергетикии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро ба мустақилияти энергетикӣ мерасонад ва ҷумҳурии мо дар солҳои наздиктарин ҳам хоҷагии халқи худро пурра таъмин намуда, ҳам ба як кишвари содиркунандаи барқ табдил хоҳад ёфт.

Айни замон, дар овоне, ки ба муштариён бемаҳдудият барқ дода мешавад ва вобаста ба рӯз то рӯз сард шудани ҳаво талабот ба барқ бамаротиб меафзояд, мо аз сокинони кишвар ва роҳбарони тамоми ташкилоту муассисаҳо хоҳиш менамоем, ки аз нерӯи барқ сарфакорона истифода баранд ва ҳаққи барқи истифодашударо сари вақт пардохт намоянд. Ин омилҳо имкон медиҳанд, ки ташвишу ногувориҳои зиндагиву рӯзгори ҳамватанонамон аз ҳисоби норасоии барқ камтар гардида, барои рушди муназзами иқтисодиёти кишвар шароити бештар пайдо мешавад.


CASA 100.jpg










Оғози бунёди Лоиҳаи “CASSA-1000» бо иштироки роҳбарияти чор давлати ҳамсоя

Сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ ва пардохти пурраи ҳаққи барқи истифодашуда нишонаи маданият ва масъулияти баланди шаҳрвандии ҳар сокини кишвар буда, ба кори муназзами тамоми таҷҳизоту дастгоҳҳои низоми энергетикӣ, яъне ба таъмини фаъолияти боэътимоди онҳо кафолат медиҳанд. Ҳар сокини кишвар бояд ба низоми ягонаи энергетикии кишвар чун ба боигарии миллии ватани азизи худ муносибат намояд.

Аз суханронии муштариёни нерӯи барқ тавассути телевизону радио ва аз мактубу барқияҳое, ки ба мо мерасанд ва пур аз сипосу миннатдориянд, алаккай аён аст, ки шаҳрвандони кишвар муроҷиатномаи моро дуруст фаҳмидаанд ва қабул доранд. Мо бовар дорем, ки ҳар сокини кишвари азиз дар давраи душвору пурмасъулияти тирамоҳу зимистон бо сарфакорона истифода бурдани барқ ва сари вақт пардохт намудани ҳаққи он ба мо ҳамкориву кӯмак менамоянд. Аз дигар тараф, Ширкати “Барқи Тоҷик” ҳама вақт дар нияти ободии рӯзгор ва саршори нуру ҳарорат будани ҳар шаҳрванди кишвари азиз мебошад.                


Бозгашт ба рӯйхат