Размер шрифта: A A A
Цвет сайта: A A A A

Хабарҳо

02.02.2018

ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ – ДАСТУРИ АМАЛ

ФАРҲАНГИ ИСТИФОДАИ БАРҚ

Чӣ бояд кард, ки пурра бо барқ таъмин бошем?

ДАСТУРИ ОМӮЗИШӢ


ДУШАНБЕ - 2018

БО РОҲАНДОЗӢ ГАРДИДАНИ ТАДБИРҲОИ ҲУКУМАТИ МАМЛАКАТ ДАР ИН САМТ МО ТАВОНИСТЕМ, КИ АВВАЛИН БОР ДАР ЗАМОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ДАР ДАВРАИ ТИРАМОҲУ ЗИМИСТОН АҲОЛИИ КИШВАР ВА СОҲАҲОИ ИҶТИМОИВУ ИҚТИСОДИРО БО НЕРӮИ БАРҚ БЕ МАҲДУДИЯТ ТАЪМИН НАМОЕМ.

ДАР БАРОБАРИ ИН, ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН ВА ТАМОМИ СОКИНОНРО ЗАРУР АСТ, КИ БАРОИ КАМ КАРДАНИ ТАЛАФОТИ НЕРӮИ БАРҚ ВА ИСТИФОДАИ САРФАКОРОНАИ ОН, АЗ ҶУМЛА ТАВАССУТИ ИСТИФОДАИ ВАСЕИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ КАММАСРАФ КӮШИШ НАМОЯНД.

ДАР ИН СУРАТ МО МЕТАВОНЕМ ДАР СЕ СОЛИ ОЯНДА БА ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ НОИЛ ГАРДЕМ.

Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 22 декабри соли 2017.

Ин рисола дар заминаи омӯзиш ва амалӣ намудани Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва суханронияшон дар Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоиву иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017 дар бораи риояи маърифати сарфакорӣ ва пардохти пурраи маблағи нерӯи барқи истифодашуда таҳия шудааст. Дар Паём зикр ёфтааст, ки оид ба баланд бардоштани маърифати аҳолӣ ҷиҳати истифодаи оқилонаи нерӯи барқ бояд тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.

Омилҳои асосии таъминоти пурраи ҷомеа бо нерӯи барқ, ин пеш аз ҳама аз нерӯи барқ мақсадноку сарфакорона истифода бурдан ва пурра пардохт намудани маблағи нерӯи барқ, инчунин ҷорӣ намудани ҳисобу китоби дақиқи нерӯи барқи истифодашуда ба ҳисоб мераванд. Дар маҷмуъ, амалишавии ин омилҳо метавонанд ба кам шудани талафот мусоидат намоянд.

Рисола ба сифати дастури омӯзишӣ ба роҳбарони корхонаву муассисаҳо, масъулони дарсҳои тарбиявии мактабу донишкадаҳо ва ҳар муштарии нерӯи барқ тавсия мешавад.

Рисола бо пешниҳоди роҳбарияти ШСХК «Барқи Тоҷик» таҳия ва нашр шуда, ройгон паҳн карда мешавад.

Тавре муштариён огоҳанд, ибтидо аз 14 январи соли 2017 дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдудияти барқ барҳам дода шудааст. Шоми 13 январи соли 2017 Муроҷиатномаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути тамоми шабакаҳои телевизионӣ ва радиоии кишвар пахш шуд, ки он бобати пушти сар шудани душвортарин норасоии мардум ва хоҷагии халқи мамлакат-норасоӣ аз нерӯи барқ беҳтарин муждаи шодӣ буд.

Бояд зикр намуд, ки то тирамоҳи соли 2009 мо ҳар сол аз кишварҳои ҳамсоя - аз Туркманистон ба миқдори то 1-1,2 миллард кВт.соат нерӯи барқ харидорӣ менамудем, аз Ӯзбекистон бошад, то 600 миллион кВт.соат нерӯи барқ гирифта, дар фаслҳои гарм бо ҷои он 900 миллион кВт.соат нерӯи барқ медодем, вале бемаҳдудият барқ дода наметавонистем. Тавре дар Муроҷиатномаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ зикр ёфта буд, «Дар замони соҳибистиқлолӣ ва хусусан солҳои охир яке аз мушкилоти асосии мардуми кишвар норасоии нерӯи барқ дар фаслҳои тирамоҳу зимистон мебошад, ки маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ баъзе солҳо аз моҳи сентябр то моҳҳои март ва ҳатто апрел идома пайдо мекард. Мо имконият надоштем, ки ҳатто пойтахти мамлакат ва дигар шаҳрҳои саноатиро пурра бо нерӯи барқ таъмин намоем…»

Алҳол бошад, бо вуҷуди бамаротиб афзудани талабот ба нерӯи барқ мо тамоми кишварро бо истифода фақат бо нерӯи барқи истеҳсоли худӣ бе ягон маҳдудият бо барқ таъмин намуда истодаем, ки ин муваффақияти беназир аст.

Дар ин солҳо, махсусан дар панҷ-шаш соли охир, дар заминаи рушду нумӯи иқтисодиёту иҷтимоиёт, афзоиши аҳолии кишвар, беҳбудии сатҳи зиндагии аҳолӣ ва дигар омилҳои иҷтимоии кишвар, талабот ба нерӯи барқ хеле афзун гашт. Масалан, танҳо дар зарфи соли 2017 дар шаҳру ноҳияҳои гуногун 150 корхонаи саноатӣ ба истифода супорида шуд, 1,1 млн.метри квадратӣ манзилҳои истиқоматӣ, 64 мактабҳои нав сохта ба истифодабарӣ дода шуд, шароити зиндагии мардум беҳтар ва таъминоти онҳо бо техникаҳои маишӣ ба маротиб афзуд, ки ҳамаи ин нерӯи барқи иловагиро талаб менамояд. Шумораи муштариёни маишии нерӯи барқ алҳол қариб ним миллион афзуда, таносуби истифодаи нерӯи барқ аз тарафи аҳолӣ солҳои охир хеле зиёд гардидааст.

Бо вуҷуди ин, дар натиҷаи амалӣ гардидани сиёсати энергетикии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амалӣ гардидани дастуру супоришҳои Пешвои миллат бобати беҳбудӣ бахшидан ба соҳаи энергетика, амалӣ гардидани лоиҳаҳои мухими соҳа имрӯз имкон пайдо гашт, ки кишвар бемаҳдудият бо нерӯи барқ таъмин бошад.

Аз ин имконият мо бояд пеш аз ҳама аз сиёсати амиқи энергетикии Сарвари Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон миннатдор бошем.

Махсусан дар Паёмҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати ҷузъиёти муҳими пешбурди соҳа ва роҳҳои аз ин буҳрони ногувор халосӣ ёфтан дастуру супоришҳои муҳим ва мушаххас пешниҳод мегардид.

Аз рӯи маълумоти СММ дар тамоми сайёра таъминот ба нерӯи барқ қаноатбахш нест. Проблема, воқеан, хеле ҷиддист. Дар тамоми дунё сол то сол бештар талабот ба нерӯ меафзояд. Ин суръат ба дараҷае баланд аст, ки ба ақидаи нависанда А.Кларк мумкин аст дар ояндаи наздик «киловатт.соат» ба асъори ягонаи байналмилалӣ табдил ёбад. Айни замон, дар тамоми дунё сиёсатмадорон ва олимону мутахассисон вобаста ба масъалаи он, ки чӣ бояд кард то норасоии нерӯ барҳам дода шавад ва инсоният бо он пурра таъмин гашта, ҳам истеҳсолотро пеш барад ва ҳам бофароғат кору зиндагонӣ намояд, таҳқиқот мебаранду изҳори андеша менамоянд.

Аз иттилои воситаҳои ахбори омма ва адабиёти тахасуссӣ бармеояд, ки асосан ду роҳи ҳалли проблема пешниҳод мегардад:

1. Афзун кардани иқтидорҳои истеҳсолӣ, яъне сохтмони нерӯгоҳҳои нави барқӣ ва дигар манбаъҳои истеҳсоли нерӯи барқ.

2. Мақсаднок ва сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ.

Аз тарафи мутахассисон шарҳ дода мешавад, ки ҳам аз назари мантиқӣ ва ҳам аз назари иқтисодӣ, роҳи дуюм - сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ – дастрастар, наздиктар, осонтар ва арзонтар аст. Ба он хотир, ки барои сохтмони иқтидорҳои нав қувва, маблағ, вақт лозим меояд. Вақт бошад, ба фоидаи мо нест, чунки иқтидорҳо дар як солу ду сол сохта намешаванд ва мо аз дараҷаи афзоиши талабот қафо мемонем. Аз ин хотир, риояи ана ҳамин фарҳанги сарфакорӣ дар истифодаи нерӯи барқ зимни дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми кишвари мо пешниҳод гардид. Паёми Президент ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 15 апрели соли 2009, дар ин масъала аввалин дастури муҳим, ҷиддӣ ва асоснокшуда ба шумор меравад, ки ба сокинони кишвари мо пешниҳод гашт.

Дар он Паём, аз ҷумла қайд мешуд: «Дар шароити иқтисоди бозорӣ ва махсусан, буҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ мувофиқи захираву имкониятҳои кишвар ба роҳ мондани истифодаи оқилонаву сарфакоронаи захираҳои энергетикӣ, пеш аз ҳама барқу газ ва об, аҳамияти бузург дорад»

Илова бар ин, 24 апрели соли 2009 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагии истифодаи сарфаҷӯёнаи энергия» ба имзо расид. Ин дастури хеле муҳим ва саривақтии Пешвои миллат, аз ҷумла пурра ба истифодаи лампаҳои каммасраф гузаштан, дар воқеъ, як сабаби асосии дар тирамоҳу зимистони солҳои 2009-2010 аз буҳрони энергетикӣ раҳо намудани кишвар гардид. Дар ин давра аз ҳисоби истифодаи лампаҳои каммасраф то 0,8 миллиард кВт.соат нерӯи барқ сарфа гардид.

Дигар омили афзалиятноки беҳтар шудани таъминот бо нерӯи барқ дар кишвари мо,дар солҳои истиқлолият пурра ба истифода додани нерӯгоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1» ва “Сангтӯда-2”, МБГ-и дуюми шаҳри Душанбе ва дар минтақаҳои куҳистон бунёд ёфтани нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ мебошад. Ба истифода додани нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» ва “Сангтӯда-2”, МБГ-и дуюми шаҳри Душанбе иқтидори истеҳсоли баркро дар кишвари мо 1290 мегаватт зиёд намуд.

Баробари бунёди иқтидорҳо, сохтмони инфрасохтори энергетикӣ низ ба таъминоти нерӯи барқ ба мардум мусоидат менамояд ва боиси рушди соҳа мегардад. Ба истифода дода шудани Хати интиқоли барқи 500 кВ «Ҷануб-Шимол» низоми энергетикии моро муттаҳид ва ягона сохт.

Агар ин хати барқ сари вақт бунёд намеёфт, бобати бо барқ таъмин намудани вилояти Суғд мо бо чӣ проблемаи калоне рӯ ба рӯ мешудем. Талаботи ин вилояти мутараққии Тоҷикистон дар як сол тақрибан 4,5-5 миллиард кВт.соат нерӯи барқ аст. Ягона НБО-и вилоят буда, Нерӯгоҳи барқи обии Қайроққум танҳо 15-20 фоизи ин талаботро мепӯшонад. Боқимонда нерӯи барқи барои ин вилоят зарурӣ асосан тавассути ХИБ 500 кВ «Ҷануб-Шимол» интиқол дода мешавад.

Дар солҳои истиқлолият инчунин хатҳои барқии 220 кВ “Хуҷанд – Айнӣ”, 220 кВ “Қайроққум-Ашт” , 220 кВ “Лолазор-Хатлон” ва боз садҳо километр хатҳои барқи 110/6-10-0,4 кВ, хатҳои кабелии интиқоли барқ ва зеристгоҳҳои хурду бузург сохта ба истифодабарӣ дода шуданд, ки онҳо инфрасохтори интиқоли барқро хеле беҳтар намуданд.

Дигар омили муҳим таҷдиду барқарорсозии иқтидорҳои мавҷуда мебошад. Дар чанд соли охир дар асоси нақшаву тадбирҳои стратегӣ таҷдиду навсозии иншооти амалкунандаи энергетикии Норак, Қайроққум, Сарбанд ва Варзоб амалӣ гардида истодаанд.

Танҳо барои корҳои таҷдиду барқарорсозии Нерӯгоҳи Норак тули 10 соли соҳибистиқлолӣ, аз соли 2006 то соли 2016, ба маблағи 627 миллиону 219 ҳазору 557 сомонӣ хароҷот шудааст.

Ин раванд идома дорад, дар Паёми нави Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ зикр ёфтааст: «Дар баробари бунёди иншооти нави тавлиди нерӯи барқи обӣ имрӯз зарурати таҷдиди нерӯгоҳҳои амалкунанда пеш омадааст, ки сармоягузории зиёдро тақозо менамояд. Лоиҳаи таҷдиди Нерӯгоҳи барқи обии “Норак” дар ду марҳала бо ҷалби 6 миллиард сомонӣ пешбинӣ шуда, марҳалаи якуми он оғоз ёфт. Дар самти татбиқи лоиҳаи таҷдиди Нерӯгоҳи барқи обии “Сарбанд” ба маблағи 1,1 миллиард сомонӣ корҳо оғоз ёфта, агрегати якуми он соли 2018 ба кор андохта мешавад. Нерӯгоҳи барқи обии “Қайроққум” яке аз куҳнатарин нерӯгоҳҳо буда, аз соли 1957 мавриди истифода қарор дорад. Барои таҷдиди ин нерӯгоҳ 600 миллион сомонӣ ҷалб гардида, корҳо тибқи лоиҳа соли оянда оғоз мешаванд. Дар маҷмуъ, барои таҷдиди нерӯгоҳҳои амалкунанда беш аз 8 миллиард сомонӣ равона мегардад…»

Ҳамин тариқ, ибтидо аз 14 январи соли 2017 мо пурра бо нерӯи барқ таъмин мебошем. Вале ин маънои онро надорад, ки дар масъалаи таъмини пурра ва бемайлони барқ дигар ягон проблема вуҷуд надорад.

Ширкати «Барқи Тоҷик» ба хотири таъминоти пурраи муштариён бо нерӯи барқ даъват менамояд, ки бояд ду омил ҳатман риоя гардад:

- Ҳар қадар мумкин аст, бояд аз барқ мақсаднок ва сарфакорона истифода бояд бурд;

- Маблағи барқи истифодашуда бояд сари вақт ва пурра пардохт гардад.

Барқ маҳсулот аст, истеҳсол ва интиқоли он раванди хеле мураккаби технологист ва ба хотири муназзам будани ин раванд ва такроран истеҳсол шудани ин маҳсулот бояд ҳаққи он ҳатман пардохт гардад.

Дар давлатҳои пешқадами дунё, ҳарчанд нархи барқ бамаротиб баланд аст, напардохтани маблағи барқи истифодашуда умуман барои муштарӣ тасаввурнопазир аст. Дар ин бобат санҷишу тафтиш низ тақрибан вуҷуд надоранд. Ҳар кас чӣ қадар барқ истифода бурд, худаш маблағи онро бурда пардохт менамоянд.

Мо бояд пеш аз ҳама ба тинати худ тарғиб намоем, ки пардохтани маблағи барқи истифодашуда ҳатмист, он аз гӯшаи имон ва виҷдон буда, нишонаи маданияти баланди ҳар шаҳрванд ба шумор меравад. Охир барои мо, барои ҳар лаҳзаи зиндагӣ ва рӯзгор барқ хеле муҳиму зарур аст. Дуздидани барқ-ин дуздидани рушноӣ ва гармии як қисми ҳаққи аҳли ҷомеа аст ва он фоҷиабор анҷом хоҳад ёфт. Инро вақт довар мешавад.

Инчунин, аз барқ сарфакорона ва самаранок истифода бурдани ҳар муштарӣ бошад, ҳам ба манфиати худи ӯ ва ҳам ба манфиати тамоми ҷомеа аст: дар сурати сарфа кардани барқ дар буҷети ҳар оила маблағи муайяне сарфа мегардад ва, дар навбати худ, тамоми ҷомеаи мо аз камбудии барқ танқисӣ намекашад.

Боиси хушнудист, ки барои сокинои шаҳри Душанбе имконияти бо нуқтаҳои гармидиҳӣ пайваст шуда, аз нерӯи Марказҳои барқу гармӣ истифода бурдан пайдо гаштааст. То ин дам 1600 иншоотҳои шаҳрӣ, 46201 хонавода ва 315 муасисаҳои таълимиву корхонаҳо ба нуқтаҳои гармидиҳӣ пайваст мебошанд. Мо аз муштариёни гиромӣ хоҳиш мекунем, ки ба хотири сарфаи нерӯи барқ манзилҳои истиқоматиашонро ҳарчӣ зудтар ба шабакаҳои гармидиҳӣ пайваст намоянд.

Истифода аз шабакаҳои гармидиҳӣ хароҷоти нерӯи барқро се баробар кам менамояд, ки ин ба буҷети оила хеле манфиатбахш аст. Масалан, соли ҷорӣистифодаи нерӯи гармӣ имконият фароҳам овард, ки идар моҳи декабр дар ШБ ш.Душанбе 21 млн. кВт.соат нерӯи барқ сарфа гардад.

Бо ин тарз гарм намудани манзил усули муосиру санҷидашуда буда, аз он на як ҳуҷра, балки тамоми хона ва бино доимо гарм нигоҳ дошта мешавад, ки барои саломатӣ ва зиндагиву кори бофароғат хеле муносибу мувофиқ аст.

АГАР ХОҲЕД БО БАРҚ ПУРРА ТАЪМИН БОШЕД:

- Қоидаҳои истифодаи кувваи барқ ва гармӣ, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 84 аз 6 марти соли 1998 тасдиқ шудааст бояд ҳам аз тарафи таъмингарон ва ҳам аз тарафи муштариён бояд ҳатман риоя шавад:

- Барқро мақсаднок ва сарфакорона истифода баред. Махсусан дар давраи тирамоҳу зимистон ин хеле муҳим аст. Фаромӯш накунед, ки сарфакории ҳар яки мо манфиат ба буҷети оилаи мо ва ба таъминоти барқи тамоми ҷомеа мебошад.

- Маблаги истифодаи барқро сари вақт, то 15-уми ҳар моҳ, тавассути нуқтаҳои БДА «Амонатбонк» пардохт намоед. Ин амал баҳсу якдигарнофаҳмиҳоро пурра аз байн мебардорад. Ҳар муштарӣ метавонад, ки бе иштироки назоратчӣ, худаш варақаи пардохтро пур карда, тавассути нуқтаҳои БДА «Амонатбонк» маблағи барқро пардохт намояд. Ҳуҷҷати пардохтро нигоҳ доред.

- Ҳаққи истифодаи барқ чунин ҳисоб карда мешавад: Масалан, дар сурати 16,85 дирам будани нархи 1 кВт.с нерӯи барқ (барои аҳолӣ) миқдори кВт.с-и истифодашуда бо нархи тарифӣ, яъне 16,85 дирам, зарб ва ба сад тақсим мегардад. Масалан, дар сурати 300 кВт.с барқ истифода бурдан, ҳисоб чунин мешавад:

300 кВт.соат х 16,85 дирам = 5055

5055 : 100 = 50,55 сомонӣ

Яъне барои 300 кВт.соат 50 сомониву 55 дирам маблағи барқ пардохтан лозим аст.

-Дар бораи муносибати нозиру назоратчиён, муомилаву рафтори онҳо ба маъмурияти ҷойи кори онҳо ё тавассути телефонҳои боварӣ хабар диҳед. Хоҳишмандем, аз рафтори назоратчиён, ки фоизи ками кормандони низоми энергетикиро ташкил медиҳанд, дар маҷмуъ ба кори умумии кормандони Ширкати «Барқи Тоҷик» баҳо надиҳед.

Дар ШСХК «Барқи Тоҷик» телефонҳои боварӣ амал мекунанд. Навбатдорони телефонҳои боварӣ, ки ба таври шабонарӯзӣ кор мекунанд, ҳар занги телефонро ба қайд мегиранд, ҳар ҳодисаи қатъ шудани барқро дар сар то сари кишвар оҷилона ба танзимгарон ва масъулони таъминоти барқи Хадамоти марказии таъмини барқи Ширкат ва Шабакаҳои барқии минтақаҳо мерасонанд ва бобати ислоҳи онҳо сари вақт чораҳои амалӣ андешида мешаванд. Фаъолияти навбатдорон ва тадбирҳои андешидаи масъулон дар ин бобат ҳар пагоҳӣ дар назди Раиси Шикат баррасӣ мегардад.

Инчунин, ҳар як муштарии барқ метавонад тавассути ин телефонҳо бо ШСХК «Барқи Тоҷик» дар тамос шавад ва дар бораи ҳодисаҳои истифодаи ғайриқонунии барқ ба мо маълумот диҳанд.

Тавассути телефонҳои боварӣ бо мо ҳамкорӣ намудан ба манфиати ҳар як шахс ва тамоми ҷомеа мебошад.

Рақамҳои телефонҳои боварии ШСХК “Барқи Тоҷик”:

235-86-74; 235-86-84; (44)610-60-50; 93-355-51-51; 93-355-52-52.


Бозгашт ба рӯйхат