Хабарҳо
Нишондиҳандаҳои асосии истеҳсолию иқтисодии
ШСХК “Барқи Тоҷик” дар
шаш моҳи соли 2019
Истеҳсоли неруи барқ
Дар нимсолаи аввали соли 2019 ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ ва марказҳои барқу гармидиҳии Ширкат 8 млрд. 79,2 млн. кВт. соатро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар ҳаҷми 412,3 млн. кВт. соат зиёд мебошад. Аз ҳаҷми умумии неруи барқи истеҳсолшуда, 7 млрд. 178,9 млн. кВт. соат дар неругоҳҳои барқи обӣ (аз ҷумла дар НБО-и хурди таҳти назорати Ширкат буда 3,7 млн.кВт.соат) ва 900,3 млн. кВт. соат дар марказҳои барқу гармидиҳӣ истеҳсол гардидааст. Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ нисбат ба нимсолаи аввали соли 2018 дар НБО-ҳо дар ҳаҷми 74,2 млн.кВт.соат ва дар МБГ-ҳо дар ҳаҷми 338,1 млн.кВт.соат таъмин карда шудаааст.
Истеҳсоли неруи гармӣ
Бинобар сабаби он ки дар солҳои охир дар Маркази барқу гармидиҳии якуми шаҳри Душанбе гузаронида нашудани корҳои таъмири асосии дастгоҳу таҷҳизотҳо, иқтидори истеҳсолии Маркази мазкур ҳамагӣ дар ҳаҷми 20 МВт ва 50 Гкал/соат истифода мешуд.
Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2018 таҳти №147 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019» дар соли 2018 дар маркази барқу гармидиҳии якуми шаҳри Душанбе корҳои таъмири асосӣ гузаронида шуда, бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маркази мазкур бо гази табиӣ аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъмин гардид. Дар натиҷаи ин Маркази барқу гармидиҳии якуми шаҳри Душанбе дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019 бо иқтидори 90 МВт ва 110 Гкал/соат фаъолият карда, барои беҳтар намудани таъминоти шаҳри Душанбе бо неруи барқ ва гармӣ мусоидат намуд. Дар баробари афзоиш додани истифодабарии иқтидорҳои истеҳсолии МБГ-и якум, иқтидорҳои истеҳсолии МБГ-и дуюми шаҳри Душанбе нисбатан коҳиш дода шуданд.
Вобаста ба ин, ҳаҷми истеҳсоли неруи гармӣ дар давраи ҳисоботӣ дар МБГ-и якуми шаҳри Душанбе 303 ҳазор Гкал ва дар МБГ-и дуюми шаҳри Душанбе 180 ҳазор Гкал-ро ташкил дода, дар маҷмуъ ба 483,0 ҳазор Гкал баробар шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 дар ҳаҷми 150,9 ҳазор Гкал зиёд мебошад.
Интиқоли неруи барқи фоиданок
Таҳвили фоиданоки неруи барқ дар нимсолаи аввали соли 2019 нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 дар ҳаҷми 529,4 млн.кВт.соат афзоиш ёфта, дар маҷмуъ ба 8 млрд. 344,8 млн.кВт.соат баробар шуд, ки аз он 7 млрд. 84,1 млн. кВт.соат ба муштариёни дохили ҷумҳурӣ (аз ҷумла: ба КВД “Ширкати Алюминийи Тоҷик” 1269,3 млн. кВт. соат), ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 637,5 млн.кВт. соат, ба Ҷумҳурии Узбекистон 592,3 млн.кВт.соат, ба Ҷумҳурии Қирғизистон 24,8 млн.кВт.соат ва ба Ширкати “Помир-энерҷӣ” 6,1 млн. кВт. соат интиқол шудааст.
Маблағи фурӯши неруи барқ
Маблағи умумии фурӯши неруи барқ фоиданок дар 6 моҳи соли 2019 ба 1 млрд. 778 млн.сомонӣ баробар шуда, мутаносибан аз ҳисоби муштариёни дохили ҷумҳурӣ 1 млрд. 416 млн.сомонӣ, аз ҳисоби содироти неруи барқ ба хориҷи ҷумҳурӣ 361,1 млн.сомонӣ ва аз ҳисоби интиқоли барқ ба Ширкати “Помир-энерҷӣ” 917 ҳазор сомониро ташкил додааст.
Ҷамъоварии маблағи неруи барқ
Дар нимсолаи аввали соли 2019 дар маҷмуъ пардохти маблағи неруи барқ аз ҷониби муштариёни дохили ҷумҳурӣ 1 млрд. 276,1 млн. сомониро ташкил додааст, ки ин нишондиҳанда нисбати ҳамин давраи соли 2018 ба маблағи 270,4 млн.сомонӣ зиёд мебошад. Илова бар ин, аз ҳисоби содироти неруи барқ дар 6 моҳи соли ҷорӣ ба суратҳисоби Ширкат дар маҷмуъ 230,6 млн.сомонӣ (24,4 млн. доллари ИМА) ворид гардидааст.
Фоизи ҷамъоварии маблағи неруи барқ дар давраи ҳисоботӣ дар умум дар сатҳи 90,1% аз ҷумла аз аҳоли 92,0% таъмин карда шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба 6 моҳи соли гузашта ба андозаи 8,3% дар умум ва 6,1% аз аҳолӣ зиёд мебошад.
Талафоти неруи барқ
Тибқи маълумотҳои фаврӣ дар 6 моҳи соли 2019 сатҳи талафоти неруи барқ 15,2%-ро ташкил дод.
Новобаста ба он, ки дар натиҷаи андешидани чораҳои техникӣ оид ба гузаронидани корҳои таъмирию барқарорсозӣ ва пурзӯр намудани назорати ҳисоби дурусти неруи барқ, дар давраи ҳисоботӣ нисбат ба 6 моҳи соли 2018 сатҳи талафоти неруи барқ ба андозаи 0,3% коҳиш ёфта бошад ҳам, аммо ҳануз ҳам дар сатҳи зарурӣ риоя нагардидани қоидаҳои истифодабарии неруи барқ аз тарафи муштариён ба назар мерасад.
Бо мақсади пешгирӣ ва бартараф намудани қоидавайронкуниҳо дар 6 моҳи соли 2019 дар маҷмуъ 14032 адад ҳолатҳои қоидавайронкунӣ ошкор шуда, ба маблағи 12,7 млн. сомонӣ санадҳои дахлдор тартиб дода шуданд, ки аз он ба маблағи 8,1 млн. сомонӣ ба суратҳисоби Ширкат ворид карда шудааст.
Қарзҳои дебиторӣ
Бинобар сари вақт ва пурра пардохт нашудани маблағи неруи барқ аз тарафи муштариён, афзоишёбии қарзҳои дебитории Ширкат дар 6 моҳи соли 2019 аз ҳисоби истифодаи неруи барқ ба маблағи 139,9 млн.сомонӣ ба назар мерасад.
Ҳамин тавр, ба ҳолати 1 июли соли 2019 маблағи қарзи истифодаи неруи барқ ва гармӣ ба 2,5 млрд. сомонӣ расидааст, аз ҷумла қарздории Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ 163,3 млн. сомонӣ, хоҷагиҳои кишоварзӣ 175,7 млн. сомонӣ, КВД «Обу корези ҷумҳурӣ» 40,1 млн. сомонӣ, ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ 60,3 млн. сомонӣ, КМ «Тоҷиккимиёсаноат» 25,0 млн.сомон сомониро ташкил медиҳанд.
Дар давраи ҳисоботӣ ба 1227 муштариёни қарздор ба маблағи зиёда аз 93,2 млн.сомонӣ иддао пешниҳод карда шудааст, ки аз ин маблағ 29,4 млн.сомонӣ ба суратҳисоби Ширкат ворид шудааст, ки 31,5% маблағи пешниҳодшударо ташкил медиҳад. Инчунин дар ин давра ба маблағи 36,4 млн.сомонӣ маводҳо ба мақомоти прокуратура ирсол гардида, ба маблағи 16,1 млн.сомонӣ аз ҷониби судҳо қонеъ карда шуд. Дар натиҷа ба манфиати Ширкат тибқи ҳалномаҳои судӣ 2,8 млн.сомонӣ рӯёнида шуд.
Пардохти уҳдадориҳои молиявии Ширкат
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки пардохтҳои асосии Ширкат дар ин давра нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 260,8 млн.сомонӣ, ё ин ки ба андозаи 25,6% афзоиш ёфта, ба 1 млрд. 279,3 млн. сомонӣ баробар шудааст.
Ба ҳолати 1 январи соли 2019 қарздории ШСХК «Барқи Тоҷик» дар назди буҷети давлатӣ аз ҳисоби андозҳо 77,5 млн. сомониро ташкил медод. Дар 6 моҳи соли 2019 Ширкати “Барқи Тоҷик” ба пардохти андозҳои ҷорӣ ва кам намудани бақияпулиҳои андоз диққати махсус дода, тадбирҳои таъхирнопазир андешид.
Дар давраи ҳисоботӣ Ширкати “Барқи Тоҷик” маблағи андозҳоро 219,6 млн.сомонӣ пардохт намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 ба маблағи 18,6 млн.сомонӣ зиёд мебошад. Дар натиҷаи ин, Ширкат пардохти андозҳои ҷориро пурра таъмин намуда, бақияпулиҳои андозро дар ин давра ба маблағи 23,9 млн.сомонӣ кам намуд ва вобаста ба ин ба ҳолати 1 июли соли ҷори Ширкат дар назди Буҷети давлатӣ аз ҳисоби андозҳо ба 53,6 млн.сомонӣ баробар шуд.
Бояд қайд намуд, ки новобаста аз беҳтар гардидани пардохтпазирии Ширкати “Барқи Тоҷик” ва кам гардидани бақияпулиҳои андоз, тамоюли зиёдшавии қарзҳои кредитории ШСХК “Барқи Тоҷик” дар давраи ҳисоботӣ асосан аз ҳисоби созишномаҳои зерқарзии Вазорати молия ба маблағи 937,7 млн. сомонӣ, хариди неруи барқ аз ҶСК “НБО-и Сангтӯда -1” ба маблағи 234,3 млн. сомонӣ ва аз ҶСК “НБО-и Сангтӯда -2” ба маблағи 114,0 млн. сомонӣ мушоҳида мешаванд.
Дар ин давра новобаста аз вазъи душвори молиявӣ, ШСХК “Барқи Тоҷик” пардохти қарзи Вазорати молияро аз руи созишномаҳои зерқарзӣ ба маблағи 71,7 млн. сомонӣ таъмин намуд.
Бо мақсади дар сатҳи коршоям нигоҳ доштани иқтидорҳои мавҷудаи системаи энергетикии ҷумҳурӣ, баланд бардоштани сифати неруи барқ ва паст намудани хароҷотҳои технологӣ дар корхонаҳои зертобеъи ширкат корҳои таъмирию барқарорсозӣ, аз ҷумла таъмирҳои асосӣ ва ҷории таҷҳизот ба роҳ монда шуда, дар нимсолаи якуми соли 2019 аз фонди таъмирӣ 53,1 млн. сомонӣ маблағ азхуд карда шудааст, ки ин 103%-и нақшаи нимсолаи фонди таъмириро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 400 ҳазор. сомонӣ зиёд мебошад.
Аз ҷумла, дар ин давра дар шабакаҳои барқӣ таъмири асосии зерин гузаронида шудааст. Аз ҷумла хатҳои ҳавоии барқии 110-500кВ - 71,7 км; хатҳои ҳавоии барқии 0,4-35 кВ - 1009,75 км; хатҳои кабелии барқии 0,4-10 кВ - 36,21 км; трансформаторҳои қудратии 110-220 кВ - 7 адад; васлакҳои 110кВ 3 адад; ҷудокунаки 110-220кВ - 12 адад; трансформаторҳои қудратии 6-10-35 кВ - 412 адад; истгоҳҳои трансформатории 6-10/0,4 кВ - 1504 адад.
Дар нимсолаи якуми соли 2019 бо мақсади гузаронидани таъмирҳои нақшавӣ ва берун аз нақшавӣ, инчунин баҳри боэътимодият фаъолият намудани зерсохторҳои Ширкат дар фасли зимистон ва дидани тайёрии онҳо ба мавсими селу боришот ва раъду барқ, аз тарафи КФТМТ «Тоҷикэнергоснаб» ба корхонаҳои тобеъӣ ширкат дар маҷмуъ ба маблағи 147,3 млн. сомонӣ қисмҳои эҳтиётӣ ва дигар маводҳо ҷудо карда шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 79,3 млн сомонӣ зиёд мебошад.
Вобаста ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 марти соли 2019, №117 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020», иҷро намудани 434 номгӯи чорабиниҳоро ба нақша гирифт, ки нисбат ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019 ба миқдори 26 адад зиёд мебошад. То 1-уми июли соли 2019-ум 143 адад чорабиниҳо пурра ва 212 адад қисман иҷро гардиданд. Иҷроиши умумии нақшаи чорабиниҳои Ширкат то ба ҳамин рӯз, бо назардошти чорабиниҳои қисман иҷро гардида, 57,3%-ро ташкил медиҳад.
Яке аз вазифаҳои афзалиятнокии Ширкат, масъалаи кам намудани талафоти энергияи барқ мебошад. Бо ин мақсад санаи 27 декабри соли 2018 дар ШСХК “Барқи Тоҷик” нақшаи чорабиниҳо тасдиқ гардидааст, ки тибқи он аз ҷониби зерсохторҳо то 1-уми июли соли 2019 чунин корҳо амалӣ карда шудаанд:
– 85 адад трансформаторҳои қудратии шиддати аввалиашон 35, 110, 220 кВ дар реҷаи камборӣ қарордошта хомӯш карда шудаанд;
– 157 адад трансформаторҳои қудратии 6-10 кВ дар реҷаи камборӣ қарордошта хомӯш карда шудаанд;
– 9,6 км кабелҳои серборӣ 0,4-10 кВ бо кабелҳои буришашон калонтар иваз карда шуданд;
– 106 км ноқилҳои сербор дар хатҳои барқии ҳавоии 0,4-10 кВ ба ноқилҳои буришашон калонтар иваз карда шуданд;
– дар 1428 адад истгоҳҳои трансформатории 6-10/0,4 кВ бори хатҳои интиқоли барқи онҳо ба танзим дароварда, баробар тақсим карда шуданд;
– 33 адад истгоҳҳои трансформатории 6-10/0,4 кВ дар маркази бори истифодабарандагон ҷойгир карда шудаанд,
– дар 14 адад истгоҳҳои трансформатории 6-10/0,4 кВ трансформаторҳои камбор ба трансформаторҳои иқтидорашон пасттар иваз карда шуданд;
– 74 адад истгоҳҳои трансформатории нави муҷаҳозонидашудаи комплектии 6-10/0,4 кВ насбу васл карда шуданд;
– бо мақсади кам намудани бор ва дарозии хатҳои интиқоли барқи 0,4-10 кВ 39,3 км хатҳои нави интиқоли барқи ҳавоӣ сохта шуданд;
– дар шабакаҳои барқии 0,4-10 кВ 9,5 км ноқилҳои пулодӣ ба ноқилҳои алюминӣ иваз карда шуданд;
– дар 67 адад истгоҳҳои трансформатории 6-10/0,4 кВ трансформаторҳои сербор ба трансформаторҳои иқтидорашон баландтар иваз карда шуданд.
ШСХК “Барқи Тоҷик” ҷиҳати иҷрои нақшаи чорабиниҳои соли 2019, бо мақсади гузаштан ба низоми муосири ҳисоби барқи истифодагардида ва пардохти саривақтии он якқатор корҳоро ба анҷом расонидааст.
Дар ҳамаи 64 шабакаҳои барқии минтақавӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии зертобеи ширкат низоми биллингии муосир аз тарафи ширкатҳои ватанӣ тарҳрезӣ шудааст.
Аз ҷумла, кори системаи билингии “Express Client” дар 24 шабакаҳои барқӣ ва “Tajbilling» дар 39 шабакаҳои барқӣ ба пуррагӣ тарҳрезӣ шуда, ҳамаи гуруҳҳои истифодабарандагон ба барномаҳои мазкур ворид карда шуда, бахши ҳисоббаробаркунӣ аз баҳисобгирии китобӣ ба системаҳои биллингӣ ба роҳ монда шуда истодааст.
ШСХК “Барқи Тоҷик” ҷиҳати гузаштан ба низоми нави баҳисобгирӣ як қатор корҳоро анҷом дода истодааст, аз он ҷумла, барои ба истгоҳҳои транформатории қуввагии тавоноии гуногун, насб намудани системаи баҳисобгирии интеллектуалӣ дар соли 2018, 7500 (ҳафт ҳазору панҷсад) адад ҳисобкунакҳои интеллектуалӣ харидорӣ намуда, ба ҳамаи шабакаҳои барқии зертобеъ барои дар навбати аввал дар истгоҳҳои трансформатории маркази шаҳру ноҳияҳо насб намудан, дастрас карда шуда, ҳоло насби онҳо аз тарафи шабакаҳои барқӣ дар нуқтаҳои лозима идома доранд.
Аз миқдори дар боло зикргардида барои бо пуррагӣ насб намудани чунин ҳисобкунакҳо дар истгоҳҳои трансформатории дар тавозунӣ шабакаҳо ва муштариён қарор дошта, ба Шабакаҳои барқии нохияи Рудакӣ 2100 адад ҳисобкунакҳои барқии интеллектуалӣ бо ноқилҳо ва таҷҳизотҳои зарурӣ чудо шудааст, ки айни ҳол 1030 адади он насб карда шудааст ва корҳои насбу васл идома доранд.
Баҳри ба роҳ мондани ҳисоби дурусти хароҷоти неруи барқ аз тарафи зерсохторҳои ширкати «Барқи Тоҷик» дар давраи аз моҳи сентябри соли 2018 то 1-уми июли соли 2019, дар воридаҳои 0,4 кВ-и истгоҳҳои трансформатории 6-10/04 кВ, дар маҷмуъ 4100 адад ҳисобкунакҳои барқии куҳна ба ҳисобкунакҳои барқии замонавӣ (электронӣ) иваз карда шудаанд.
Инчунин, бо мақсади ба роҳ мондани ҳисоби дурусти неруи барқ, дар нимсолаи аввали соли 2019 ба миқдори 13055 адад ҳисобгиракҳои барқии муштариён аз даруни ҳавлиҳо ва 2691 адад аз даруни хонаҳои баландошёна ба ҷои намоён бароварда шудаанд. Дар маҷмуъ дар давраи аз 1-уми январи соли 2015 то ба ҳолати 1-уми июли соли 2019 аз тарафи зерсохторҳои ширкат 413190 адад ҳисобгиракҳои барқии муштариён аз даруни ҳавлиҳо ва 135603 адад аз даруни хонаҳои баландошёна ба ҷои намоён бароварда шудаанд.
Натиҷаи фаъолияти истеҳсолию молиявии ШСХК “Барқи Тоҷик”-ро дар нимсолаи якуми соли 2019 ҷамъбаст намуда, роҳбарияти Ширкат тасмим гирифтааст, ки дар нимсолаи дуюми соли ҷорӣ корҳоро дар самти амалисозии чорабиниҳои зерин пурзӯр намояд:
– андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати бо сифати баланд ва сари вақт амалисозии лоиҳаҳои “Таҷдиди НБО-и Сарбанд”, “Таҷдиди НБО-и Қайроққум” ва “Барқарорсозии НБО-и Норак”;
– андешидани тадбирҳо оид ба зиёд намудани иқтидори содиротии неруи барқ ба хориҷӣ кишвар ва дарёфти имкониятҳои нави содиротӣ;
– пурзӯр намудани корҳо дар самти ҷорӣ намудани системаи биллингии ҳисоби неруи барқ дар тамоми шабакаҳои барқӣ бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ ва вобаста ба ин тартиб додани тавозуни барқ дар зеристгоҳҳо ва истгоҳҳои трансформаторӣ ва кам кардани сатҳи талафоти неруи барқ;
– андешидани чораҳои иловагӣ ҷиҳати зиёд намудани сатҳи ҷамъоварии маблағҳои неруи барқи ба муштариён интиқолшуда ва вобаста ба ин тақвият бахшидани корҳо дар самти кам намудани қарзҳои дебиторию кредитории ШСХК “Барқи Тоҷик”.