Размер шрифта: A A A
Цвет сайта: A A A A

Хабарҳо

27.07.2020

 ЭЪЛОН

НИШОНДОДҲОИ АСОСИИ
ФАЪОЛИЯТИ ШСХК “БАРҚИ ТОҶИК”
ДАР НИМСОЛАИ ЯКУМИ СОЛИ 2020

Дар нимсолаи якуми соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ ва марказҳои барқу гарми­диҳии Ширкат 7 млрд. 989,6 млн. кВт. соатро таш­кил дод. Аз ҷумла, ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ дар не­ру­гоҳҳои барқи обӣ ба 7 млрд. 69,1 млн. кВт. соат, дар мар­казҳои барқу гармидиҳӣ ба 920,5 млн. кВт. соат баробар шуд.

Ҳаҷми истеҳсоли неруи гармӣ дар давраи ҳисоботӣ ба 677,5 ҳазор Гкал баробар шуда, нисбати ҳамин давраи соли 2019 дар ҳаҷми 194,7 ҳазор Гкал зиёд мебошад.

Дар баробари зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли неруи барқи худӣ, бо мақсади беҳтар намудани таъмини соҳаҳои иқтисодиёт ва аҳолии ҷумҳурӣ бо неруи барқ, Ширкати «Барқи Тоҷик» дар нимсолаи якуми соли 2020 дар ҳаҷми 2 млрд. 143 млн.кВт.соат неруи барқ намудааст.

Ҳаҷми хариди неруи барқ (млн.кВт.соат):

Сарчашмаи хариди барқ

6 моҳи

соли 2019

6 моҳи

соли
2020

Фарқият

ҶСК “НБО-и Сангтӯда-1”

1279,3

1089,9

-189,4

ҶСК “НБО-и Сангтӯда-2”

443,9

450,2

+6,3

ҶСК “НБО-и Роғун”

210,3

595,7

+385,4

Ҷумҳурии Қирғизистон

23,4

7,2

-16,2

Ҳамагӣ

1 956,9

2 143,0

+186,1

Таҳвили фоиданоки неруи барқ ба муштариёни до­хили ҷумҳурӣ дар нимсолаи якуми соли 2020 нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 дар ҳаҷми 294,1 млн.кВт.соат афзоиш ёфта, дар маҷмуъ ба 7 млрд. 377,4 млн.кВт.соат баробар шуд.

Дар ин давра бештар ба эҳтиёҷоти дохилӣ афзалият дода, ҳаҷми интиқоли неруи барқ ба хориҷи ҷумҳурӣ дар давраи ҳисоботӣ нисбати соли гузашта дар ҳаҷми 324,9 млн.кВт.соат коҳиш ёфта, ба Ҷумҳурии Исломии Афғо­нис­тон 546,6 млн.кВт.соат ва ба Ҷумҳурии Узбекистон 358,3 млн.кВт.соат нерӯи барқ интиқол шудааст.

Маблағи фурӯши неруи барқ фоиданок ба мушта­риёни ҷумҳурӣ дар нимсолаи якуми соли 2020 ба 1 млрд. 739,9 млн.сомонӣ баробар шуд.

Дар нимсолаи якуми соли 2020 дар маҷмуъ пардохти маблағи неруи барқ аз ҷониби муштариёни дохили ҷум­ҳурӣ 1 млрд. 477,0 млн. сомониро ташкил додааст, ки ин ни­шон­диҳанда нисбати 6 моҳи соли 2019 ба маблағи 241,8 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Дар натиҷа, иҷроиши фоизи ҷамъоварии маблағи неруи барқ дар давраи ҳисоботӣ дар умум дар сатҳи 84,9% ва аз аҳолӣ дар сатҳи 88,3% таъмин карда шудааст.

Аз ҳисоби пурра пардохт нашудани маблағи барқи фурухташуда, қарзи дебитории Ширкати “Барқи Тоҷик” дар нимсолаи якуми соли 2020 аз истифодабарандагони энергияи барқ ва гармӣ ба маблағи 271,3 млн.сомонӣ аф­зоиш ёфта, ба ҳолати 1 июли соли 2020 қарзи умумии де­биторӣ ба 2 млрд. 708,9 млн. сомонӣ баробар шуд.

Бо мақсад кам намудани талафоти энергияи барқ 31 декабри соли 2019 дар ШСХК “Барқи Тоҷик” нақшаи чо­ра­­биниҳо тасдиқ гардида, аз ҷумла дар асоси он аз ҷониби зерсохторҳо то ба санаи 1-уми июли соли 2020 корҳои зерин амалӣ карда шудаанд:

– дар 14 адад хатҳои интиқоли барқи 110-220 кВ кор­ҳо ҷиҳати мусоидгардонии (оптимизатсия) ҷойҳои ҷудоку­нии хатҳои барқӣ гузаронида шуданд;

– дар 58 адад хатҳои интиқоли барқи 6-10-35 кВ кор­ҳо ҷиҳати мусоидгардонии (оптимизатсия) ҷойҳои ҷудоку­нии хатҳои барқӣ гузаронида шуданд;

– 92 адад трансформаторҳои қудратии шиддати аввалиашон 35, 110, 220 кВ, ки дар вақтҳои дар реҷаи кам­борӣ фаъолият мекарданд, хомӯш карда шуданд;

– 139 адад трансформаторҳои қудратии 6-10 кВ, ки дар вақтҳои дар реҷаи камборӣ фаъолият мекарданд, хо­мӯш карда шудаанд;

– дар хатҳои интиқоли барқи 0,4-6-10 кВ дар маҷмуъ 18,6 км ноқилҳои пулодӣ ба ноқилҳои алюминӣ иваз кар­да шуданд;

– 6,28 км кабелҳои серборӣ 0,4-10 кВ бо кабелҳои буриши кундалангиашон калонтар иваз карда шуданд;

– 91,9 км ноқилҳои сербор дар хатҳои барқии ҳавоии 0,4-10 кВ ба ноқилҳои буриши кундалангиашон калонтар иваз карда шуданд;

– дар 996 адад истгоҳҳои трансформатории 6-10/0,4 кВ бори хатҳои интиқоли барқи онҳо ба танзим дароварда, баробар тақсим карда шуданд;

– 19 адад истгоҳҳои трансформатории 6-10/0,4 кВ дар маркази бори истифодабарандагон ҷойгир карда шудаанд;

– дар 8 адад истгоҳҳои трансформатории 6-10/0,4 кВ трансформаторҳои камбор ба трансформаторҳои иқти­до­ра­­шон пасттар иваз карда шуданд;

– 43 адад истгоҳҳои трансформатории нави муҷаҳ­ҳазонидашудаи комплектии 6-10/0,4 кВ насбу васл карда шуданд;

– бо мақсади кам намудани бор ва дарозии хатҳои интиқоли барқи 0,4-10 кВ 39,1 км хатҳои нави интиқоли барқи ҳавоӣ сохта шуданд;

– дар 94 адад истгоҳҳои трансформатории 6-10/0,4кВ трансформаторҳои сербор ба трансформаторҳои иқтидо­рашон баландтар иваз карда шуданд.

Бо мақсади бо пуррагӣ насб намудани чунин ҳисоб­ку­­накҳо дар истгоҳҳои трансформатории дар тавозунӣ шаба­каҳо ва муштариён қарор дошта, ба Шабакаҳои бар­қии но­ҳияи Рудакӣ 2100 адад ҳисобкунакҳои барқии интеллектуалӣ бо ноқилҳо ва таҷҳизотҳои зарурӣ ҷудо шудааст, ки айни ҳол зиёда аз 1800 адади он насб карда шуда, корҳо дар ин самт идома доранд.

Инчунин, то ба имрӯз бо маблағгузории Ширкат дар нуқтаҳои ҳисоби неруи барқи муштариён дар шаҳри Кӯлоб - 7536 адад, шаҳри Леваканд - 3339 адад, шаҳри Ёвон - 2109 адад ва ноҳияи Рудакӣ - 9555 адад ҷамъ 22599 адад ҳисобку­нак­ҳои кортӣ, ки тариқи пешпардохт кор мекунанд, насб карда шудааст. Таҳлилҳо нишон дод, ки дар минтақаҳое, ки чунин ҳисобкунакҳо насб карда шудаанд аз тарафи исти­фодабарандағон сарфакорона истифода намудани барқ, пардохти саривақтии маблағҳо ба назар мерасад ва боиси бартараф шудани ҳолатҳои рух додани садамаҳо дар таҷ­ҳи­зотҳои барқӣ ва шабакаҳо гардида истодааст.

Яке аз роҳҳои дигари коҳиш додани талафоти неруи барқ ин сари вақт муайян намудани ҳолатҳои ғайриқо­нунии истифодабарии он аз тарафи истифодабарандагон буда, то ба ҳолати 1 июли соли 2020, аз тарафи шабакаҳои барқии шаҳри ва ноҳиявии зертобеи ширкат дар маҷмуъ 11931 ҳо­латҳои истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ба миқдори 47,9 млн. кВт.с ошкор карда шуда, санадҳои дахлдор ба маблағи зиёда аз 16 млн. сомонӣ тартиб дода шуда, аз ин ҳисоб 8,7 млн. сомонӣ маблағи ҳисобишуда пардохт карда шудааст.

Дар нимсолаи якуми соли 2020 сатҳи талафоти неруи барқ дар Ширкати "Барқи Тоҷик" дар умум ба 16,4% ё ин ки ҳаҷми он ба 1652,9 млн. кВт.соат баробар мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ Ширкати “Барқи Тоҷик” ба пардохти андозҳои ҷорӣ диққати махсус дода, дар нимсолаи якуми соли 2020 маблағи андозҳоро дар ҳаҷми 253,7 млн.сомонӣ пардохт намуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 42,6 млн.сомонӣ зиёд мебошад. Ба ҳо­лати 1 июли соли 2020-ум бақияпулиҳои андоз 10,6 млн.со­мониро ташкил медиҳад.

Бо мақсади дар сатҳи коршоями нигоҳ доштани иқ­тидорҳои мавҷудаи системаи энергетикии ҷумҳурӣ, баланд бардоштани сифати неруи барқ ва паст намудани хароҷот­ҳои технологӣ дар корхонаҳои зертобеъи ширкат корҳои таъмирию барқарорсозӣ, аз ҷумла таъмирҳои асо­сӣ ва ҷории таҷҳизот ба роҳ монда шуда, дар нимсолаи якуми соли 2020 аз фонди таъмирӣ 91,8 млн. сомонӣ маб­лағ азхуд карда шудааст.

Дар нимсолаи якуми соли 2020 бо мақсади гузаронидани таъмирҳои нақшавӣ ва берун аз нақшавӣ, инчунин баҳри боэътимодият фаъолият намудани зерсохторҳои Ширкат дар фасли зимистон ва дидани тайёрии онҳо ба мавсими селу боришот ва раъду барқ аз тарафи КФТМТ «Тоҷикэнергоснаб» ба корхонаҳои тобеи ширкат дар маҷмуъ ба маблағи 134,5 млн. сомонӣ таҷҳизот, қисмҳои эҳтиётӣ ва дигар маводҳо ҷудо карда шудаанд.

ШСХК «Барқи Тоҷик» вобаста ба иҷрои Қарори Ҳуку­мати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2019, №199 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқ­ти­­со­диёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони сол­ҳои 2020-2021», иҷро намудани 376 номгӯи чорабиниҳоро ба нақша гирифта, то 1-уми июли соли 2020 124 адад чо­рабиниҳо пурра ва 172 адад қисман иҷро гардиданд. Иҷ­роиши умумии нақ­шаи чорабиниҳои ширкат то ба 1 июли соли ҷорӣ дар маҷ­муъ 54,5%-ро ташкил дод.

Дар солҳои охир, бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади ноил гардидан ба иҷрои ҳа­­дафҳои стратегии кишвар, аз ҷумла таъмини истиқ­ло­лияти энергетикӣ, баланд намудани эътимоднокии таъминоти барқ барои муштариён ва коҳиш додани талафоти не­руи барқ, бо ҷалби сармоягузорони дохилию хориҷӣ, як қа­тор лоиҳаҳо дар системаи энергетикӣ амалӣ ва татбиқ гар­дида истодаанд.

Дар системаи энергетикии кишвар амалишавии «Лои­ҳаи минтақавии интиқоли нерӯи барқи байни Осиёи Миёна ва Осиёи Ҷанубӣ (CASA-1000)»,

Лоиҳаи «Барқарорсозии НБО-и «Норак», Лоиҳаи «Бар­­қа­рорсозии Нерӯгоҳи барқи обии Сарбанд бо иқ­ти­дори 240 МВт», Сохтмони зеристгоҳи нави Рӯдакӣ 110 кВ дар ноҳияи Восеъ», Лоиҳаи «Таҷдиди НБО-и Қайроққум», Лои­ҳаи “Аз­нав­пайвастшавӣ ба низоми энергетикии Осиёи Марказӣ” бо му­ваффақият идома дорад.

Бобати беҳбудӣ бахшидан ба таъминоти барқ ва эътимоднокии системаи энергетикӣ роҳбарон ва мутахассисони ШСХК “Барқи Тоҷик” тасмим гирифтааст, ки дар нимсолаи дуюми соли ҷорӣ корҳоро дар самти амалисозии чораби­ниҳои зерин пурзӯр намояд:

– истифодаи самараноку сарфакоронаи захираҳои обию энергетикӣ;

– назорати иҷрои босифати корҳо ва сари вақт амалисозии лоиҳаҳои “Барқарорсозии НБО-и Норак”, “Таҷ­ди­ди НБО-и Сарбанд” ва “Таҷдиди НБО-и Қайроққум”;

– андешидани тадбирҳо оид ба зиёд намудани иқти­дори содиротии неруи барқ ба хориҷӣ кишвар ва дарёфти имкониятҳои нави содиротӣ;

– пурзӯр намудани корҳо дар самти ҷорӣ намудани системаи биллингии ҳисоби неруи барқ дар тамоми шаба­каҳои барқӣ ва вобаста ба ин тартиб додани тавозуни барқ дар зеристгоҳҳо ва истгоҳҳои трансформаторӣ ва кам намудани сатҳи талафоти неруи барқ;

– андешидани чораҳои иловагӣ ҷиҳати зиёд намудани сатҳи ҷамъоварии маблағҳои неруи барқи ба муштариён интиқолшуда ва вобаста ба ин тақвият бахшидани кор­ҳо дар самти кам намудани қарзҳои дебиторию кредитории ШСХК “Барқи Тоҷик”;

– дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои марбута амалӣ намудани Нақшаи инфиродии таҷдиди сохтори ШСХК “Барқи Тоҷик”.

                                                                                                                Маркази матбуоти 

                                                                                                                         ШСХК “Барқи Тоҷик»  


Бозгашт ба рӯйхат