Размер шрифта: A A A
Цвет сайта: A A A A

Хабарҳо

18.12.2020

ТЕЛЕФОНҲОИ БОВАРӢ ДАР

ШСХК «БАРҚИ ТОҶИК» ФАЪОЛ ШУДАНД

Хотиррасон менамоем, ки бо мақсади риояи низоми истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, ошкор намудани истифодаи ғайриқонунии неруи барқ, ки зарараш ба тамоми ҷомеа мерасад ва сабабгори вайрон шудани танзими таъминот бо неруи барқ мегардад, муносибати кормандони соҳаи энергетика ба муштариён дар ШСХК «Барқи Тоҷик» аз рӯзи 18 декабри соли 2020 телефонҳои боварӣ фаъол шуданд. Навбатдорон, ки ба таври шабонарӯзӣ кор мекунанд, ҳар занги телефонро ба қайд мегиранд, оҷилона ба танзимгарон ва масъулони таъминоти барқи Хадамоти марказии таъмини барқи Ширкат ва Шабакаҳои барқии минтақаҳо мерасонанд ва сари вақт чораҳои амалӣ меандешанд. Фаъолияти навбатдорон ва тадбирҳои андешидаи масъулон дар ин бобат ҳар пагоҳӣ дар ҷаласаи роҳбарияти Ширкат баррасӣ мегардад.

Тавассути телефони боварӣ бо мо ҳамкорӣ намудан ба манфиати ҳар як шахс ва тамоми ҷомеа мебошад.

ТЕЛЕФОНҲОИ БОВАРӢ ----- 93-355-51-51;

                                                 93-355-52-52;

                                                235-86-84

Маркази матбуоти

                                                        ШСХК «Барқи Тоҷик»


Бозгашт ба рӯйхат