Размер шрифта: A A A
Цвет сайта: A A A A

Хабарҳо

18.10.2021

МАРКАЗИ БАРҚУ ГАРМӢ БА КОР ОҒОЗ КАРД

Ибтидо аз рӯзи 18 октябри соли 2021 Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуд. Хотиррасон менамоем, ки ин Марказ дар тобеияти худ Марказҳои барқу гармидиҳии рақами 1 ва 2, дегхонаҳои ғарбиву шарқиро доро мебошад.

Интиқоли гармӣ рӯзи 18 октябри оғоз ёфта бошад ҳам, тавре мутахассисон иброз доштанд, Марказ баъди як-ду рӯз пурра ба реҷаи муқаррари корӣ ворид мегардад.

Маркази барқу гармидиҳии рақами 2 бо истифодаи ангишт кор мекунад ва барои мавсим ба анборҳои он соли ҷорӣ қариби 820 ҳазор тонна ангишт кашонда шудааст. Бояд гуфт, ки дар он пурра ангишти истеҳсоли худӣ истифода мешавад. Кашондани ангишт имрӯзҳо идома дорад.

Иншоотҳои боқимондаи Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе бо газе, ки аз ҷумҳурии ҳамсояи Ӯзбекистон ворид карда мешавад, кор мекунанд.

Мувофиқи нақша дар ин давра Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе дар як шабонарӯз, ҷамъулҷамъ, 460 МВт неруи барқ ва 515 Г.калория гармӣ истеҳсол менамояд. Ин нишондод афзоиш меёбад.

Дар ин мавсим 2762 бинову иншооти шаҳри Душанбе бо гармӣ таъмин мегардад, ки ин нисбат ба соли гузашта 200 бинову иншоот зиёд мебошад.

Маркази матбуоти

ШСХК «Барқи Тоҷик»


Бозгашт ба рӯйхат