Размер шрифта: A A A
Цвет сайта: A A A A

Хабарҳо

28.12.2021

ДАР БОРАИ ҚАРОРДОДИ ИЛОВАГӢ

БАЙНИ ШИРКАТҲОИ «БАРҚИ ТОҶИК» ВА «БРЕШНО»

Байни ширкати "Барқи Тоҷик" ва ширкати "Брешно" қарордоди содироти барқ аз соли 2008 амал менамояд. Он ба муддати 20 сол баста шуда, то соли 2028 идома дорад. Қарордоде, ки рӯзи 26 декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Тошканд ба имзо расид, ин қарордодаи иловагӣ буда, ҳама сола барои муайян намудани ҳаҷми барқи интиқолшаванда, барои соли оянда амалӣ мегардид. Мувофиқи ин қарордоди иловагӣ соли 2022 ширкати "Барқи Тоҷик" ба ширкати "Брешно" дар фаслҳои гарм, аз моҳи май то сентябр, ҳар шабонарўз то 400 МВТ барқ интиқол хоҳад дод. Гап сари он, ки кишвари мо дар ин давра барқи фаровон дорад ва харидори асосии он ширкати "Брешно" ба шумор меравад. Маблағе, ки аз содироти барқ зимни ин қарордод ҳар сол ба даст меояд, барои рушди системаи энергетикӣ хеле зарур аст.

Миқдори барқе, ки дар фасли тирамоҳу зимистон ба ширкати «Брешно» интиқол меёбад, 25-30 МВТ-ро ташкил дода, аслан барои ҳифзи таҷҳизоти энергетикист. Ин миқдор барқ ба тавозуни умумии таъминоти барқи кишвар таъсире надорад.

Як шарти муҳими ин қарордоди иловагӣ дар муҳлатҳои баррасигардида пардохт намудани қарзҳои ширкати «Брешно» буда, аллакай амалӣ гашта истодаанд.

Ёдовар мешавем, ки имзои қарордоди иловагӣ фақат ҷанбаи иқтисодӣ дорад.

Маркази матбуоти

ШСХК «Барқи Тоҷик»


Бозгашт ба рӯйхат