Размер шрифта: A A A
Цвет сайта: A A A A

Хабарҳо

11.02.2022

ҲИСОБОТ ОИД БА НАТИҶАИ ФАЪОЛИЯТИ

ШСХК “БАРҚИ ТОЧИК” ДАР СОЛИ 2021

Ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ ва гармӣ

Дар соли 2021 дар неругоҳҳои барқи обӣ ва марказҳои барқу гармидиҳии ШСХК “Барқи Тоҷик” ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ 15 млрд. 925,2 млн. кВт. соатро ташкил дод, ки ин нисбат ба соли 2020 дар ҳаҷми 676,9 млн. кВт. соат зиёд буда, суръати афзоиш ба 104,4% баробар шуд.

Ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ дар НБО-ҳо ва МБГ-ҳо

(млн. кВт. соат)

Номгӯи НБО-ҳо ва МБГ-ҳо

соли 2020

соли 2021

Фарқият

НБО-и “Норак”

9908,5

10308,9

+400,4

НБО-и “Бойғозӣ”

1985,9

2127,3

+141,4

Силсилаи НБО-ҳои “Вахш”

999,2

1135,5

+136,3

Силсилаи НБО-ҳои “Варзоб”

57,1

63,6

+6,5

НБО-и “Қайроққум”

635,9

627,4

-8,5

НБО-ҳои хурди Ширкат

5,2

5,0

-0,2

Ҳамагӣ дар НБО-ҳо

13591,8

14267,7

+675,9

МБГ-и “Душанбе”

293,0

329,7

+36,7

МБГ-и “Душанбе-2”

1363,5

1327,8

-35,7

Ҳамагӣ дар МБГ-ҳо

1656,5

1657,5

+1,0

Ҳамагӣ дар НБО-ҳо ва МБГ-ҳо

15248,3

15925,2

+676,9

Ҳаҷми истеҳсоли неруи гармӣ нисбат ба соли 2020 ба андозаи 46,7 ҳазор Гкал зиёд гардида, дар соли 2021 дар маҷмуъ 1 млн. 208,6 ҳазор Гкал-ро ташкил дод.

Ҳаҷми истеҳсоли неруи гармӣ МБГ-ҳо (ҳазор Гкал)

Номгӯи МБГ-ҳо

соли 2020

соли 2021

Фарқият

МБГ-и “Душанбе”

750,9

820,7

+69,8

МБГ-и “Душанбе-2”

411,0

387,9

-23,1

Ҳамагӣ

1161,9

1208,6

+46,7

Ҳаҷми харид ва содироти неруи барқ

Бо мақсади таъмини соҳаҳои иқтисодиёт ва аҳолии ҷумҳурӣ бо неруи барқ, дар соли 2021 Ширкати «Барқи Тоҷик» дар ҳаҷми 4 млрд. 481,4 млн. кВт. соат неруи барқро ба маблағи умумии 1 млрд. 595,4 млн. сомонӣ харидорӣ намуд. Дар муқоиса бо соли 2020 хариди неруи барқ дар ҳаҷми 143,3 млн. кВт. соат, ё ба маблағи 176 млн. сомонӣ зиёд гардидааст. ШСХК “Барқи Тоҷик” асосан аз НБО-и “Сангтӯда-1”, НБО-и “Сангтӯда-2” ва ҶСК “НБО-и Роғун” барқ ворид намудааст.

Ҳаҷми содироти неруи барқ ба хориҷи ҷумҳурӣ дар соли 2021 нисбати соли 2020 дар ҳаҷми 911,6 млн. кВт. соат зиёд гардида, дар маҷмуъ ба 2 млрд. 434,5 млн. кВт. соат баробар шуд. Неруи барқ асосан ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар ҳаҷми 1 млрд. 275,2 млн.кВт.соат ба маблағи 635,9 млн. сомонӣ ва ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҳаҷми 1 млрд. 146,8 млн.кВт.соат ба маблағи 258,8 млн. сомонӣ содирот карда шуд.

Воридоти маблағ аз ҳисоби содироти неруи барқ дар соли 2021 маблағи 404,6 млн.сомониро ташкил дод, ки нисбати соли гузашта ба маблағи 232,6 млн.сомонӣ кам мебошад. Сабаби асосии коҳиш ёфтани воридоти маблағи барқи содиротшуда, ин вазъи сиёсии Афғонистон ва вобаста ба ин сари вақт пардохт нашудани маблағи барқи интиқолшуда аз ҷониби ширкати “Брешна”-и Афғонистон мебошад.


Пардохтҳо оид ба уҳдадориҳои молиявии Ширкат

Тибқи маълумотҳои фаврӣ соли 2021 Ширкати “Барқи Тоҷик” вобаста ба уҳдадориҳои молиявии худ пардохти андозҳоро дар маҷмуъ ба маблағи 513,6 млн.сомонӣ пардохт намуд, ки нисбати маблағҳои ҳисобшуда ба маблағи 6,7 млн.сомонӣ ва нисбати соли 2020 ба маблағи 94,0 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Пардохти маблағҳои барқи харидоришуда ба НБО-и “Сангтӯда-1” – 301,0 млн.сомонӣ, ба НБО-и “Сангтӯда-2” – 98,2 млн. сомонӣ ва ҶСК "НБО-и Роғун" – 150,0 млн. сомонӣ, қарзи бонки тиҷоратӣ – 571,0 млн. сомонӣ, Вазорати молия – 168,9 млн. сомонӣ, маблағи гази табиӣ – 273,2 млн.сомонӣ ва ангишти харидоришуда – 207,1 млн.сомонӣ ва дигар пардохтҳо таъмин карда шудаанд.

Қарзи кредиторӣ

Динамикаи қарзҳои кредитории азим

(млн. сомонӣ)

Нишондодҳо

Ба ҳолати

01.12.2020

Ба ҳолати

31.12.2021

Афзоиш

Вазорати молия

22 013,3

24 113,5

2 100,2

ҶСК "Ориёнбонк"

2 190,1

2 159,6

-30,5

ҶСК "НБО-и Сангтӯда-1"

1 595,2

2 091,6

496,4

ҶСК "НБО-и Сангтӯда-2"

2 277,6

2 699,1

421,5

ҶСК "НБО-и Роғун"

437,9

630,5

192,6

ҶСК “Тоҷиктрансгаз”

276,5

361,7

85,2

Конҳои ангишт

191,7

215,2

23,5

Ҳамагӣ:

28 982,3

32 271,2

3 288,9

ШСХК «Барқи Тоҷик» вобаста ба таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2021, №101 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022», бо мақсади дар сатҳи баланди техникӣ омода намудани неругоҳҳои барқи обӣ ва марказҳои барқу гармидиҳӣ иҷро намудани 79 номгӯи чорабиниҳоро ба нақша гирифта, онҳоро ба пуррагӣ иҷро намудааст.

Мувофиқи ҷадвали таъминоти ангишт барои эҳтиёҷоти ҶСК «Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе» дар соли 2021, воридоти ангишт аз моҳи апрел то ноябри соли ҷорӣ дар ҳаҷми 1,0 млн. тонна ба нақша гирифта шудааст. Дар соли 2021 ангишт дар ҳаҷми 839,6 ҳазор тонна ворид гардидааст. Воридоти ангишт ҳамарӯза идома дорад.

Ҷиҳати пайваст намудани иншоотҳо ба шабакаҳои гармидиҳии марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе, аз тарафи ҶСК «Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе» аз аввали соли 2021 то санаи 31 декабри соли 2021 дар маҷмуъ 142 адад шартҳои техникӣ, бо бори гармии 105,723 Гкал/соат барои пайвасти биноҳои навсозӣ баландошёна дода шуд.

Тибқи нақшаи тасдиқгардида дар мавсими гармидиҳии солҳои 2021-2022 аз ҶСК «Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе-1», ҶСК «Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе-2» ва дегхонаҳо бо неруи гармӣ таъмин намудани 2762 иншооти шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шуда, ба ҳолати 31 декабри соли 2021 дар маҷмуъ 2775 адад иншоотҳои шаҳри Душанбе бо гармӣ таъмин мебошанд, ки 100,5%-ро ташкил медиҳад.

Корҳои иҷрошудаи таъмирӣ

Бо мақсади дар сатҳи коршоямӣ нигоҳ доштани иқтидорҳои истеҳсолӣ, дар корхонаҳои зертобеъи Ширкати “Барқи Тоҷик” корҳои таъмирию барқарорсозӣ дар соли 2021 ба маблағи 129,5 млн. сомонӣ иҷро карда шудаанд, ки нисбати соли гузашта 45,0 млн.сомонӣ зиёд мебошад.

Дар неругоҳҳо ва маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе аз аввали соли ҷорӣ то ба ҳолати 31-уми декабри соли 2021 таъмири таҷҳизотҳои асосӣ ва ёрирасон асосан тибқи нақшаи тасдиқгардидаи солона амалӣ карда шудааст, аз ҷумла:

Дар НБО-и «Норак»

Мутобиқи ҷадвали солона дар давоми соли 2021 таъмири миёнаи гидроагрегатҳои №5, №6, №9, таъмири ҷории гидроагрегатҳои №2, №3, №4, №5, №6, №7, №8, №9, дидабароии профилактикии гидроагрегати №4, №5, таъмири ғайринақшавии гидроагрегатҳои №2, №4, №5, №6, №7 таъмири ҷории трансформаторҳои қудратии Т-2, Т-3, Т-4, Т-5, Т-6, Т-7, Т-8, Т-9, АТ-1, АТ-2 дидабароии профилактикии Т-2,Т-4, Т-6, ТСН-1, ТСН-2, таъмири ғайринақшавии трансформатори қудратии Т-2, таъмири миёнаи васлакҳои генератории ВГ-5, ВГ-6, таъмири ҷории васлакҳои генератории ВГ-2, ВГ-3, ВГ-4, гузаронида шудаанд.

Айни ҳол гидроагрегати №1 бо трансформатори қудратии Т-1 дар марҳилаи таҷдиду барқарорсозӣ ва гидроагрегати №8 дар таъмири ҷорӣ қарор доранд.

Бинобар сабаби то нимаи моҳи май дар таъмири садамавӣ қарор доштани гидроагрегати №7, ба таъмир баровардани нақбҳои обрасони тарафи росту миёна, мавҷуд будан нуқсон дар дарбанди қуравии гидроагрегати №2, таъмири асосии гидроагрегатҳо гузаронида нашудаанд, аз ин лиҳоз азхудкунии фонди таъмири иҷро нагардидааст

Дар НБО-и «Бойғозӣ» дар давраи ҳисоботӣ таъмири ҷории гидроагрегатҳои №1, №2, №3, №4, таъмири ҷории трансформаторҳои қудратии Т-1, Т-2, Т-3, Т-4 таъмири ҷории васлакҳои генератории ВГ-1, ВГ-2, ВГ-3, ВГ-4 таъмири ҷории васлакҳои генератор трансформаторҳои ВГТ-1, ВГТ-2, ВГТ-3, ВГТ-4, инчунин таъмири ҷории васлакҳои ХИБ Л-8-10, Л-8-5, Л-8Д, Л-8Л, ВИ дар ДТК-220кВ гузаронида шудаанд.

Дар НБО-и «Қайроққум» таъмири миёнаи гидроагрегати №2, таъмири ҷории гидроагрегатҳои №1, №2, №3, №4, №5, №6, се маротиба таъмири ғайринақшавии гидроагрегати №1, гузаронида шудаанд. Инчунин ду маротибагӣ таъмири ҷории трансформаторҳои қудратии Т-1,Т-2, таъмири ҷории трансформаторҳои эҳтиёҷотҳои хусусии ТСН, ТСН-Р ва дидабароии профилактикии ТСН-ОРУ, гузаронида шудаанд.

Айни ҳол гидроагрегати №6 аз 4 августи соли 2021 ва гидроагрегати №5 аз 22 декабри соли 2021 дар марҳилаи таҷдиду барқарорсозӣ қарор дорад.

Силсилаи неругоҳҳои барқи обии «Вахш» таъмири ғайринақшавии гидроагрегатҳои №2, №3, таъмири ҷории васлаки равғанини 110кВ ВР Л-4-5-1, дар нерӯгоҳи “Шаршара”, таҷдиду барқарорсозии васлаки равғанини 110кВ ВР-110кВ АТ-1 ба итмом расонида, таъмири ғайринақшавии гидроагрегатҳои №2, №5, №6, таъмири ғайринақшавии автотрансформатори АТ-1, дар неругоҳи “Сарбанд”, таъмири ҷории гидроагрегатҳои №1 ва №2 дар НБО-и “Марказӣ” гузаронида шудаанд.

Айни ҳол дар неругоҳи “Шаршара” гидроагрегати №1 дар таъмири асосӣ, дар неругоҳи “Сарбанд” гидроагрегати №1 дар таҷдиду барқарорсозӣ ва гидроагрегати №4 дар таъмири ғайринақшавӣ қарор доранд.

Таъмири ҷории гидроагрегатҳои №1 неругоҳи «Сарбанд» ба нақша гирифта шуда буданд, аммо ҳар ду гидроагрегат дар марҳилаи таҷдиду барқарорсозӣ қарор дошт, ки сабаби кам гардидани иҷрои нақша гардид.

Дар Силсилаи неругоҳҳои барқии обии «Варзоб» таъмири асосии гидроагрегати №2, ду маротиба таъмири ғайринақшавии гидроагрегати №1 дар НБО-1, чор маротиба таъмири ғайринақшавии гидроагрегати №1 дар НБО-2, таъмири ҷории гидроагрегати №2 дар НБО-3 гузаронида шудаанд.

Айни ҳол таъмири асосии гидроагрегати №2 дар НБО-2 идома доранд.

ҶСК «Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе». Тибқи фармони ШСХК «Барқи Тоҷик» таҳти №46 аз 16-уми апрели соли 2021 ва фармони дохилии ҶСК «Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе» аз 22-юми апрели соли 2021, №25 оиди гузаронидани корҳои таъмирӣ дар таҷҳизотҳои асосии энергетикӣ ва иваз намудани қитъаҳои шоҳқубурҳои интиқоли гармидиҳӣ, корҳо мувофиқи ҷадвали тасдиқгардида оғоз гардид.

Тибқи нақша-чорабиниҳо то санаи 31-уми декабри соли 2021 чунин корҳои таъмирӣ дар таҷҳизотҳои асосӣ ва ёрирасон иҷро гардидаанд:

– дар МБГ-1 таъмири ҷории 4 адад турбоагрегатҳо, 7 адад дегҳои буғӣ, 12 адад васлаки равғанӣ ва 6 адад трансформаторҳои қудратӣ ба анҷом расонида шуд.

– дар МБГ-2 таъмири ҷории 4 адад деги буғӣ, 4 адад турбоагрегатҳо, 8 адад трансформаторҳои қудратӣ, инчунин 8 адад васлаки элегазӣ ба анҷом расонида шуд;

– дар дегхонаи «Шарқӣ» таъмири асосии 2 адад дегҳои обгармкунӣ ба анҷом расонида шуд;

– дар дегхонаи «Ғарбӣ» таъмири ҷории 2 адад дегҳои обгармкунии ПТВМ-100 №1 ва №3 ба анҷом расонида шуда, таъмири асосии деги обгармкунии ПТВМ-100 №2 ба анҷом расид.

Дар шоҳқубурҳои гармидиҳӣ корҳои санҷиши гидравликӣ барои муайян намудани нуқсонҳо гузаронида шуд.

Айни ҳол дар ноҳияи Фирдавсӣ дар кучаҳои Соҳилӣ, Ҷомӣ ва Н. Қарабоев корҳои таъмирию барқарорсозӣ ба дарозии 6,536 км Ø273-720мм ба анҷом расонида шуд. Дар кӯчаи Шестопавлов (шаҳраки 24) корҳои барқарорсозии шоҳқубурҳои гармидиҳии Ø325-426 мм ба дарозии 300 м ба анҷом расонида шуда, корҳои барқарорсозии шоҳқубурҳои гармидиҳӣ ба дарозии 1161 м идома доранд. Дар ноҳияи Сино корҳои барқарорсозии шоҳқубури чашмавӣ Ø820 мм аз гардиши дегхонаи «Ғарбӣ» то шоҳқубури ҳавоӣ ба дарозии 452 м ба анҷом расонида шуда, айни замон дар шоҳқубури қитъаи мазкур корҳои гарминигоҳдорӣ рафта истодааст.

Дар ноҳияи Шоҳмансур қубуру таҷҳизоти истгоҳи обкашии №3 бо шоҳқубурҳои таҳвилкунандаи гармӣ Ø720 мм ба дарозии 280 метр иваз карда шуда, корҳои рӯйпӯшкунии гарминигоҳдорӣ ба анҷом расонида шуданд.

Дар кӯчаи Назаршоев аз назди касалхонаи «Роҳи оҳан» то кӯчаи А.Дониш шоҳқубури Ø500 мм ба дарозии 650 м иваз карда шудаанд.

Бо мақсади ноил гардидан ба иҷрои ҳадафҳои стратегии кишвар, аз ҷумла таъмини истиқлолияти энергетикӣ, зиёд намудани иқтидорҳои истеҳсолӣ ва баланд бардоштани эътимоднокии таъминоти барқ бо ҷалби сармоягузорони хориҷӣ, як қатор лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар системаи энергетикӣ амалӣ ва татбиқ гардида истодаанд.

1. Лоиҳаи «Барқарорсозии НБО-и «Норак»

Давраи марҳилаи аввал иваз намудани 3 адад агрегатҳо, иваз ва таъмири таҷҳизотҳои механикию барқӣ ва таҷҳизотҳои асосии НБО, таҳвил ва насби 6 адад автотрансформаторҳои якфазаи 500/220/10 кВ ва татбиқи корҳо вобаста ба бехатарии саддро дар бар мегирад.

Татбиқи лоиҳа 2 июни соли 2017 оғоз гардида, анҷоми он 31 декабри соли 2023 дар назар аст.

Тибқи нақшаи молиявӣ азхудкунии маблағҳо дар соли 2021 дар маҷмуъ 33,1 млн. доллари ИМА пешбинӣ гардида, иҷроиши он дар ҳаҷми 34,2 млн. доллари ИМА таъмин карда шуд, ки 104%-ро ташкил медиҳад.

Азхудкунии маблағҳо аз оғози татбиқи лоиҳа 99,8 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Бояд қайд намуд, ки тибқи нақша гидроагрегати якум мебоист пас аз корҳои таҷдиду барқарорсозӣ санаи 19 феврали соли 2021 ба кор дароварда мешуд. Бинобар сабаби таъсири бемории нави коронавирус (COVID-19), ки ба раванди таҳрезӣ, истеҳсол, ҳамлу нақли молу таҷҳизотҳо ва рафту омади мутахассисони хориҷӣ ба ҷумҳурӣ таъсири манфии худро расонид, инчунин бо риояи реҷаи кории неругоҳ муҳлати баистифодадиҳии агрегати мазкур то 30 апрели соли 2022 гузаронида шуд.

Вобаста ба маблағгузории марҳилаи 2-уми лоиҳаи “Барқарорсозии неругоҳи барқи обии Норак” аз ҷониби Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд, 50 миллион доллари ИМА ҷудо гардидааст.

Созишнома оид ба маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд бо вазорату идораҳо мувофиқа гардида, санаи 3 декабри соли 2020 ба имзо расонида шуда, санаи 11 марти соли 2021, №343 аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.

Барои маблағгузории марҳилаи 2 лоиҳа то 205 миллион доллари ИМА зарур буда, то ин ҷониб аз ҳисоби сарфа гардидани маблағ дар доираи марҳилаи якум (45 миллион доллари ИМА) ва аз ҷониби Бонки Умумиҷаҳонӣ ҷудо гаридидани 50 миллион доллари ИМА ба тариқи грант, камчинии маблағ барои марҳилаи мазкур 110,0 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Айни замон ШСХК “Барқи Тоҷик” дар якҷоягӣ бо Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои лозимаро ҷиҳати дастрас намудани маблағҳои лозима барои татбиқи марҳилаи дуюми лоиҳа андешида истодаанд.

Ба ҳолати имруза мувофиқи Созишномаи қарзӣ бо Бонки Авруосиёгии Рушд (барои марҳилаи якуми лоиҳа) маблағҳои қарзӣ дар ҳаҷми 40 миллион доллари ИМА танҳо барои «Барқарорсозии дастгоҳи тақсимотии кушода – автотрансформаторҳо» (Қисмати Р4) пешбинӣ гардида, бо натиҷаҳои озмуни баргузоргардида, 19,6 миллион доллари ИМА сарфа гардидааст. Вобаста ба ин, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати барои марҳилаи дуюми лоиҳа истифода бурдани маблағҳои сарфашударо дар ҳаҷим 15,0 миллион доллари ИМА дархости дахлдор ба унвони Бонки Авруосиёгии Рушд ирсол намудааст.

Бинобар ин, дар сурати гирифтани розигии бонки мазкур ва барои маблағгузории марҳилаи дуюми лоиҳа гузаронидани маблағи сарфагардида, камчинии маблағ барои татбиқи пурраи лоиҳа дар ҳаҷми 95 миллион доллари ИМА ба назар мерасад.

Илова бар ин, қобили зикр аст, ки дар доираи лоиҳаи «Таҷдиди неругоҳи барқи обии Қайроққум», Бонки Сармоягузории Аврупо маблағгузориро дар ҳаҷми 50 миллион Евро тасдиқ намуда, бо дарназардошти эҳтиёҷотҳои лоиҳа аз ҳаҷми маблағгузории тасдиқгардида ба маблағи 30 миллион Евро бо Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаи молиявӣ ба имзо расонидааст. Дар ин радиф, баргузории музокирот бо созмони мазкур ҷиҳати аз маблағгузории тасдиқгардидаи лоиҳаи «Таҷдиди неругоҳи барқи обии Қайроққум» ба лоиҳаи «Барқарорсозии неругоҳи барқи обии Норак» гузаронидани 20,0 млн. Евро-и боқимондаи буҷети тасдиқгардида (тахминан 23,8 миллион доллари ИМА) қобили таваҷҷуҳ шуморида мешавад. Дар сурати аз ҷониби Бонк қабул гардидани пешниҳоди мазкур, камчинии маблағ барои татбиқи пурраи лоиҳаи «Барқарорсозии неругоҳи барқи обии Норак» ба 71,2 миллион доллари ИМА хоҳад расид.

2. Лоиҳаи «Барқарорсозии Нерӯгоҳи барқи обии Сарбанд

Ҷиҳати амалӣ намудани лоиҳаи “Барқарорсозии НБО-и Сарбанд бо иқтидори 240 МВт” санаи 23 декабри соли 2013 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд созишномаи грантӣ ба маблағи 136,0 миллион доллари ИМА ба имзо расонида шудааст. Татбиқи лоиҳа 23 декабри соли 2013 оғоз гардида, анҷоми он санаи 1 октябри соли 2022 дар назар аст. Азхудкунии маблағҳо аз оғози лоиҳа 108,9 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Бояд қайд намуд, ки лоиҳа тавассути иҷрои корҳо дар 4 Лот амалӣ карда мешавад:

Лоти 1: «Барқарорсозии таҷҳизотҳои истеҳсоли нерӯи барқ».

Дар доираи Лоти 1 таъмири агрегатҳои №3, 6 ва панҷараҳои партовнигоҳдоранда ба назар гирифта шуда буданд. Бинобар ба имзо расидани Шартномаи нав, Лот 1А «Ивази агрегатҳои № 3 ва 6» ба шартномаи Лоти 1 тағйирот ворид карда шуда, ҳаҷми корҳо ва арзиши таъмири агрегатҳои № 3, 6 ва панҷараҳои партовнигоҳдоранда аз шартнома бароварда шуданд. Тибқи тағйироти мазкур арзиши шартномаи мазкур ба маблағи 5 915 859,52 доллари ИМА кам карда шуд.

Лоти 2: «Корҳои барқарорсозии зеристгоҳҳои НБО-и Сарбанд».

Арзиши умумии лоиҳа 5,1 млн. евро ва 8,1 млн. доллари ИМА

Дар санаи 20 апрели соли 2017 байни ШСХК «Барқи Тоҷик» ва Консорсиуми «Genser&GE» шартнома ҷиҳати барқарорсозии дастгоҳҳои тақсимотии кушодаи 220кВ ва зеристгоҳи 110/35/6 кВ-аи НБО-и Сарбанд ба имзо расонида шуд.

Корҳои барқарорсозии дастгоҳҳои тақсимотии кушодаи 220кВ ва зеристгоҳи 110/35/6кВ-и НБО «Сарбанд» дар доираи Лоти 2 ба анҷом расонида шуд. Комиссияи корӣ дар санаи 3-4-уми августи соли 2021 баргузор гардид ва эроду пешниҳодҳои комиссияи корӣ ба пудратчӣ ҷиҳати бартараф намудан пешниҳод карда шуданд.

Айни замон, аз тарафи пудратчӣ корҳо ҷиҳати бартараф намудани эроду пешниҳодҳои аз тарафи Комиссияи корӣ пешниҳодгардида ва корҳои ободониии атрофи зеристгоҳҳо ба роҳ монда шудаанд.

3. Лоиҳаи «Таҷдиди НБО-и Қайроққум».

Лоиҳаи мазкур асосан аз ҳисоби Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ва Бонки Сармоягузории Аврупо маблағгузорӣ гардида истодааст. То ба имрӯз барои корҳои таҷдиду барқарорсозии НБО Қайроққум 195,9 миллион доллари ИМА ҷудо гардида, созишномаҳои дахлдори молиявӣ ба имзо расонида шудаанд. Татбиқи лоиҳа 25 июли соли 2014 оғоз гардида, анҷоми он 31 декабри соли 2023 дар назар аст.

Азхудкунии маблағҳо дар соли ҳисоботӣ 14,6 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки нисбат ба нақшаи молиявӣ ба 75,0% баробар мебошад.

Бояд қайд намуд, ки моҳи ноябри соли ҷорӣ вобаста ба корҳои иҷрогардида ҳисобнома ба маблағи 4,8 млн. доллари ИМА ба унвонии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд барои пардохт ирсол карда шуда буд, ки то давраи ҳисоботӣ пардохт нагардидааст. Сабаби асосии пардохт нагардидани маблағи мазкур, ин саривақт иҷро нагардидани уҳдадориҳои молиявии ШСХК “Барқи Тоҷик” дар назди Бонки Арупоии Таҷдид ва Рушд (дар доираи Лоиҳаи “Кам намудани талафоти нерӯ дар Суғд” ва Лоиҳаи “Таҷдиди НБО-и Қайроққум”) мебошад.

Азхудкунии маблағҳо аз оғози татбиқи лоиҳа 70,8 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Вобаста ба натиҷаҳои соли 2021, роҳбарияти Ширкат тасмим гирифтааст, ки дар соли 2022 корҳоро дар самти амалисозии чорабиниҳои зерин пурзӯр намояд:

– истифодаи самаранок ва сарфакоронаи захираҳои обию энергетикӣ;

– назорати иҷрои босифати корҳо ва сари вақт амалисозии лоиҳаҳои “Барқарорсозии НБО-и Норак”, “Таҷдиди НБО-и Сарбанд” ва “Таҷдиди НБО-и Қайроққум”;

– андешидани чораҳои иловагӣ ҷиҳати зиёд намудани иқтидорҳои истеҳсолӣ, беҳтар намудани вазъияти молиявии Ширкат ва тақвият бахшидани корҳо дар самти кам намудани қарзҳои кредитории ШСХК “Барқи Тоҷик”.


МАЪЛУМОТ ОИД БА ҶАМЪБАСТИ

ФАЪОЛИЯТИ ИСТЕҲСОЛӢ ВА МОЛИЯВИИ

ҶСК “ШАБАКАҲОИ ИНТИҚОЛИ БАРҚ”

ДАР СОЛИ 2021

Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои интиқоли барқ» бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 апрели соли 2018, №234 «Дар бораи азнавташкилдиҳии ҷамъиятҳои саҳомӣ» ташкил гардида, дар санаи 9 январи соли 2021 дар Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ба қайд гирифта шуда, фаъолияти худро аз санаи 11 январи соли 2021 оғоз намуда, бо дастгирӣ ва кӯмаки бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2019, №330 «Дар бораи масъалаҳои ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» ва аз 3 апрели соли 2021, №101 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022», инчунин амалӣ намудани талаботи паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.01. соли 2021 ва 21.12. соли 2021 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба роҳ мондааст.

Бо ин мақсад, ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ” самти асосии фаъолияти худро вобаста ба кам намудани талафоти неруи барқ дар шабакаҳои интиқоли барқ ва сарфакорона истифода намудани неруи барқ, омода намудани инфрасохторҳои шабакаҳои интиқоли барқ ба мавсими тирамоҳу зимистон, дар ҳолати хуби техникӣ нигоҳ доштани таҷҳизоти шабакаҳои интиқоли барқ ва беҳтар намудани сифати интиқоли неруи барқ равона намудааст.

Вобаста ба ин, тибқи маълумотҳои фаврӣ нишондиҳандаҳои асосии истеҳсолию молиявии ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ” дар соли соли 2021 чунин ҷамъбаст гардиданд.

Аз рӯи ҳисоботҳои фаврӣ дар соли 2021 аз тарафи ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ” аз ШСХК “Барқи Тоҷик” ва неругоҳҳои барқии обии Сангтуда-1, Сангтуда-2, Роғун, ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Қирғизистон, дар маҷмуъ 20 839 066 790 кВт.соат энергияи барқ қабул гардида ва дар маҷмуъ ба миқдори 20 081 006 998 кВт.соат, аз ҷумла ба ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» - 15 055 582 024 кВт.соат, ба Ҷумҳурии Афғонистон – 1 269 884 210 кВт.соат, ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон – 1 929 444 425 кВт.соат, ба Ҷумҳурии Қирғизистон – 58 351 039 кВт.соат, ба МОИ “Данғара” – 4 961 440 кВт.соат ва ба КВД “ТАлКо” -1 762 783 860 кВт.соат энергияи барқ интиқол карда шуд.

Дар маҷмуъ дар соли 2021 талафоти энергияи барқ дар инфрасохторҳои барқии шиддати баланд (дар зеристгоҳҳои барқӣ ва хатҳои интиқоли барқ) 746 730 638 кВт.соат ё 3,58%-ро ташкил дод, ки ин нишондодҳо дар муқоиса бо соли 2020 ба миқдори 306 542 482 кВт.соат ва ё 1,77% кам мебошанд.

Дар соли 2020 дар маҷмуъ 19 696 327 181 кВт.соат қабул гардида, талафоти энергия барқ дар шабакаҳои барқии шиддати баланд дар маҷмуъ 1 053 273 120 кВт.соат ё 5,35%-ро ташкил дода буд.

Дар солҳои охир бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади ноил гардидан ба иҷрои ҳадафҳои стратегии кишвар, аз ҷумла таъмини Истиқлолияти энергетикӣ, баҳри баланд намудани эътимоднокии таъминоти барқ барои муштариён ва коҳиш додани талафоти неруи барқ, бо ҷалби сармоягузорони дохилию хориҷӣ, як қатор лоиҳаҳо дар системаи энергетикӣ амалӣ ва татбиқ гардида истодаанд, ки амалисозии онҳо бевосита ба фаъолияти минбаъдаи ҷамъият таъсири мусбӣ мегузоранд.

Аз ҷумла дар ин раванд, бо мақсади муайян ва кам намудани талафоти технологӣ дар доираи лоти 1-и лоиҳаи «Ҷорӣ намудани ҳисобкунии яклухти таҳвили барқ ва беҳтаргардонии низоми интиқоли барқ», корҳо вобаста ба иваз намудани ҳисобкунакҳои барқӣ (ба миқдори 1682 адад), қисман иваз намудани трансформаторҳои ҷараён ва шиддат, ба истифодадиҳии инфрасохтори ҳозиразамони ҳисобкунӣ ва сохтори баҳисобгирӣ дар инфрасохторҳои шиддати баланд ба нақша гирифта шуда, то охири соли 2020 дар маҷмуъ 1419 адад ҳисобгиракҳои барқӣ дар нуқтаҳои баҳисобгирии энергияи барқ насб карда шуда, ба барномаи АСКУЭ пайваст карда шуда буданд.

Бо сабаби дар муҳлатҳои муқарраргардида аз тарафи пудратчии лоиҳа ширкати “TBEA & Huawei JV Consortium” (Ҷумҳурии Халқии Хитой) бо пуррагӣ ба анҷом нарасонидани корҳо, бо дастгирии бевоситаи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, баҳри суръат додани корҳо дар доираи лоиҳаи мазкур, дар ҳамкорӣ бо намояндагони ширкати “Помир энержи” дар давраи ҳисоботӣ дар маҷмуъ дар 258 адад нуқтаҳои баҳисобгирии энергияи барқ (дар 56 зеристгоҳҳои барқӣ) ҳисобгиракҳои ҳозиразамони электронӣ ва ноқилҳои назоратӣ насбу васл гардида, то ба имрӯз аз оғози корҳо дар маҷмуъ 1736 адад ҳисобгиракҳои барқӣ насбу васл гардида, ба барномаи АСКУЭ пайваст карда шуданд. Корҳо дар доираи лоиҳаи мазкур идома доранд.

Инчунин, дар ин самт дар соли 2021, ҳамчун яке аз вазифаҳои афзалиятнокии ҷамъият, масъалаи кам намудани талафоти энергияи барқ, қабул гардида, бо ин мақсад қаблан 16 феврали соли 2021 дар ҷамъият нақшаи чорабиниҳо тасдиқ карда шуда, дар асоси он аз ҷониби зерсохторҳо то ба ҳолати 31-уми декабри соли 2021 корҳои зерин амалӣ карда шудаанд, аз ҷумла:

– дар 29 адад хатҳои интиқоли барқи 110-220 кВ корҳо ҷиҳати мусоидгардонии (оптимизатсия) ҷойҳои ҷудокунии хатҳои барқӣ гузаронида шуданд;

– 43 адад трансформаторҳои қудратии шиддати аввалиашон 110 ва 220 кВ, ки дар вақтҳои дар реҷаи камборӣ фаъолият мекарданд, хомӯш карда шуда буданд;

– 6,18 км ноқилҳои сербор дар хатҳои барқии ҳавоии 110 кВ ба ноқилҳои буриши кундалангиашон калонтар иваз карда шуданд;

– дар 3 адад зеристгоҳҳои барқии 110 кВ-и сербор (зеристгоҳҳои барқии 110/35/6 кВ «Гулобод» (Гараутӣ), 110/35/6 кВ-и «Бандар» (Береговая) ва 110/35/6 кВ-и «Амон») трансформаторҳои сербори онҳо ба трансформаторҳои иқтидорашон баландтар иваз карда шуданд.

Дар алоҳидагӣ бояд қайд намуд, ки дар соли 2021 бо мақсади кам намудани талафоти технологии неруи барқ дар шабакаҳои барқӣ, аз тарафи филиали ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ” дар шаҳри Бохтар хатҳои интиқоли барқии ҳавоии байни зеристгоҳҳои барқии 220/110/10кВ “Геран” - “Румӣ”, “Камолот” – “Геран”, “Румӣ” – “Пахтаресӣ” ҳалқавӣ пайваст карда шуда, инчунин бо ин мақсад аз тарафи филиали “Шабакаҳои интиқоли барқ” дар шаҳри Гулистон якҷоя бо бо филиали ҶҚ “ШТБ” дар шаҳри истаравшан таҷдиди хати интиқоли барқи 35кВ-и Л-4 “Саҳро –Айнӣ”, бо дарозии 8,3 км, гузаронида шуда, хати мазкур аз шиддати 35кВ ба шиддати 110кВ гузаронида шуд.

Дар натиҷаи дидани чорабиниҳо дар самти кам намудани талафоти неруи барқ, алалхусус бартарафнамоии камбудиҳо дар системаи баҳисобгирии неруи барқ ва таҳти назорат қарор додани нуқтаҳои сарҳисобии неруи барқ, талафоти неруи барқ дар инфрасохторҳои барқии шиддати баланд коҳиш ёфта истодааст.

Чорабиниҳои техникӣ ва корҳои таъмирӣ

Баҳри дар ҳолати коршоям нигоҳ доштани таҷҳизоти мавҷудаи шабакаҳои интиқоли барқи системаи энергетикии ҷумҳурӣ ва баланд бардоштани сифати неруи барқ, дар корхонаҳои зертобеъи ҷамъият корҳои таъмирию барқарорсозӣ, аз ҷумла таъмирҳои асосӣ ва ҷории таҷҳизот ба роҳ монда шуд.

Аз ҷумла, дар ин давра дар шабакаҳои интиқоли барқ тибқи нақша ва берун аз нақша, таъмири асосии 200,7 км хатҳои ҳавоии барқии 110-500 кВ, 11 адад (авто) трансформаторҳои қудратии 110-220 кВ, 13 маҷмуъ васлакҳои 110-220 кВ, 35 маҷмуъ ҷудокунакҳои 110 –220 кВ, 19 маҷмуъ алоҳидакунак ва кӯтоҳваслакҳои 110 кВ гузаронида шудаанд.

Инчунин, дар давраи ҳисоботӣ дар шабакаҳои интиқоли барқ таъмири ҷории 2005,3 км хатҳои ҳавоии барқии 110-500 кВ, 270 адад (авто)трансформаторҳои қудратии 110-220- 500 кВ, 266 маҷмуъ васлакҳои 110-220-500 кВ, 518 маҷмуъ ҷудокунакҳои 110-220-500 кВ, 75 маҷмуъ алоҳидакунак ва кӯтоҳваслакҳои 110 кВ, 55 маҷмуъ трансформаторҳои шиддати 110-220-500 кВ ва 75 маҷмуъ трансформаторҳои ҷараёни 110-220-500 кВ гузаронида шуданд.

Бояд қайд кард, ки миқдори таъмирҳои гузаронидашудаи асосӣ ва ҷории таҷҳизот, дар филиалҳои ҷамъият дар шаҳрҳои Душанбе, Гулистон ва Бохтар, дар соли 2021 дар муқоиса бо соли 2020 дар маҷмуъ зиёд мебошанд.

Дар ин раванд баҳри боэътимод фаъолият намудани системаи энергетикӣ ва коҳиш додани талафоти неруи барқ, илова ба нақшаҳои қабулгардида, корҳои зерин иҷро карда шудаанд:

Дар филиали ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ”

дар шаҳри Гулистон.

Зерминтақаи Суғд:

бо мақсади кам намудани борнокии зеристгоҳи барқии «Маҳрам»-110/35/6 кВ, ҷойивазкунии трансформатори Т-2 (10 МВА)-и зеристгоҳи мазкур бо трансформатори Т-2 (16 МВА)-и зеристгоҳи барқии 110/35/6 кВ «Пахта» (Хлопзавод) иҷро карда шуд.

Зерминтақаи Истаравшан:

Дар зеристгоҳи барқии “Устувор”-220/110/10 кВ-и зерминтақаи Истаравшан корҳои васлу насби таҷҳизоти зерин гузаронида шуданд:

– барои ҷудо намудани АТ(автотрансформатори)-2А аз тахтасими 220 кВ-и АТ (автотрансформатори)-2Б ҷудокунаки навъи РНДЗ-220 кВ насб карда шуда, ба кор дароварда шуд;

– барои ҷудо намудани АТ-2А аз тахтасими 110 кВ-и АТ-2Б ҷудокунаки навъи РНДЗ-110 кВ насб карда шуда, ба кор дароварда шуд;

– трансформатори шиддати НКФ-220 кВ (1 маҷмуъ) барои тахтасими 220 кВ АТ-2Б насб карда шуда, ба кор дароварда шуд;

– дар автотрансформатори АТ-2Б воридаи 110 кВ-и фазаи “В”, бо сабаби паст будани муқовимат (ПИН-корпус), иваз карда шуд;

– васлаки элегазии 110 кВ-и навъи LW-126/3150 (В-Ут-1) дар чашмаки Л-Ут-1 бо сабаби нуқсони техникӣ пайдо кардан ба васлаки равғании навъи ВМТ-110 иваз карда шуд;

– дар пайвастагии В-110 Т-2 васлаки равғании навъи МКП-110 кВ ба васлаки элегазии навъи LW36-126W/T3150-40 иваз карда шуд.

Барои аз шиддати 35 кВ ба шиддати 110 кВ гузаронидани зеристгоҳи барқии “Айнӣ”-35/10 кВ, дар якҷоягӣ бо кормандони ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ,” корҳои зерин иҷро карда шудаанд:

– трансформатори 16 МВА аз зеристгоҳи барқии “Зафаробод”-110/35/10 кВ таҷзия шуда, дар навбати якуми (Т-1) зеристгоҳи барқии “Айнӣ”-35/10 кВ васлу насб карда шуд;

– контури заминваслаи зеристгоҳи барқӣ мустаҳкам карда шуда, муқовимати он ба меъёр дароварда шуд;

– дар ДТК-110 кВ алоҳидкунаку кутоҳваслак (ОД-110 кВ, КЗ-110 кВ) ва ҷудокунаки 110 кВ (Р-110-Т-1) васлу насб карда шуд;

– дар ДТП-10 кВ 5-адад васлаки равғании навъи ВМПП-10 кВ ба васлаки вакуумии ZN-63 иваз карда шуданд;

– зеристгоҳи барқии “Айни”-110/35/10 кВ пурра рангубор карда шуд;

– трансформатори 6,3 МВА 110/10 кВ аз хоҷагии оби ноҳияи Зафаробод дастрас шуда, дар навбати дуюми зеристгоҳи барқии “Айни”-110/35/10 кВ насб шуда ба кор дароварда шуд;

– трансформатори 6,3 МВА аз зеристгоҳи барқии “Ғончӣ” таҷзия шуда дар зеристгоҳи барқии “Зафаробод” насб карда шуд.

Ба ғайр аз ин, дар базаи истеҳсолӣ зерминтақаи Истаравшан бо усули индуктивӣ корҳои хушккунии ғалтакҳои трансформатори 6,3 МВА, 110/10 кВ гузаронида шуда, трансформатори мазкур дар зеристгоҳи барқии “Ғончӣ”-110/10 кВ насб карда шуд.

Барои кам намудани сербории зеристгоҳи барқии “Ғончӣ”-110/10кВ, трансформатори 6,3МВА,110/10кВ аз зеристгоҳи барқии “Кафтар”-110/10кВ таҷзия гардида, ба зеристгоҳи барқии “Ғончи”-110/10кВ таҳвил гардида, ҳамчун навбати сеюм насб карда шуд. Инчунин дар пайвастагии трансформатори мазкур ҷудокунаки 110кВ, маҳдудкунаки фузуншиддати 110кВ (ОПН-110кВ), чашмаки трансформатори шиддати 10кВ ва алоҳидакунаки 110кВ насб карда шуданд.

Трансформатори қуввагии 6,3 МВА навъи ТМН-6300/110 дар базаи истеҳсолии зерминтақаи Истарафшан бо таври индуктиви хушк карда шуда, дар навбати дуюми зеристгоҳи барқии “Кафтар”-110/10 кВ васл карда шуд.

Трансформатори Т-2 (6,3 МВА) зеристгоҳи барқии “Ғончи”-110/10 кВ таҷзия карда шуда, аз шиддати 110/10 кВ ба шиддати 110/6 кВ гузаронида шуда, трансфоматори мазкур дар зеристгоҳи барқии “Сарвода”-110/6 кВ ба ҷои Т-1 насб карда шуд. Трансформатори Т-1 зеристгоҳи барқии “Сарвода”-110/6 кВ бо усули индуктивӣ корҳои хушккунӣ рафта истодааст.

Дар зеристгоҳи барқии “Суғд-500” дар пайвастагии гурӯҳи автотрансформаторҳои АТ-2 ҷудокунаки трансформатории 35 кВ иваз карда шуд.

Дар филиали ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ”

дар шаҳри Душанбе:

– дар зеристгоҳи барқии “Регар-500” бо сабаби зиёд будани консетратсияи газҳо дар воридаи 220 кВ-и фазаи “В”-и автотрансформатори гуруҳи АТ-3, равғани воридаи мазкур иваз карда шуд;

– дар зеристгоҳи барқии 220/110/10 кВ-и “Ориёно-2” автотрансформатори навъи АТДЦТН-63000/220/110-78У1 дар навбати 3-юм насб карда шуда, равғани он дегазатсия карда шуд. Илова бар ин, васлаки элегазии 110 кВ, барқгиракҳои ОПН-220 кВ, ОПН-110 кВ ва траснформатори ҷараёни 110 кВ, трансформатори шиддати 110 кВ, алоҳидакунаку-кутоҳваслаки 220 кВ васлу насб карда шудаанд. Санаи 8-уми октябри соли 2021 автотрансформатори мазкур бо пайвастагиҳояш ба истифодабарӣ дароварда шуд;

контурҳои заминваслаи зеристгоҳҳои барқии “Ҳисор”-110/35/10 кВ, “Дарёобод”-110/35/10 кВ иловагӣ мустаҳкам карда шуда, муқовимати онҳо ба меъёр дароварда шуданд;

– таҷҳизотҳои барқии 110/35/10 кВ-и зеристгоҳи барқии “Оби-гарм” пурра аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, рангубор карда шуданд;

– дар зеристгоҳи барқии “Султонобод”-110/6 кВ, тибқи нақшаи омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон, ду адад ҷудокунакҳои 110 кВ дар пайвастагиҳои хати интиқоли барқи Л-ПС “Промбаза (Таъмиргар) - Султонобод” (ЛР-110 кВ) ва трансформатори Т-1 (ШР-110 кВ) насб карда шуданд;

– дар зеристгоҳи барқии “Ориёно-2”-220/110/10 кВ таҷҳизотҳои барқӣ, конструксияҳои оҳанин, бинои пулти идораи фаврӣ (ПИФ) аз таъмир гузаронида шуда, пурра рангубор карда шуданд;

– дар зеристгоҳи барқии “Нав”-220/110/10 кВ равоқпояҳои 220 кВ, трансформатори кудратӣ, трансформаторҳои шиддат ва ҷараёни 220кВ, таҷҳизотҳои барқи 10 кВ рангубор карда шудаанд;

– дар зеристгоҳи барқии “Шар-шар”-220/35/10 кВ таҷҳизотҳои барқӣ, конструксияҳои оҳанин, бинои пулти идораи фаврӣ (ПИФ) аз таъмир гузаронида шуда, пурра рангубор карда шуданд;

– дар зеристгоҳи барқии “Нав” – 220/110/10 кВ батареяҳои аккамулятории навъи 10QGI-530 LA-и гуруҳи №2 ба батареяҳои аккамулятории навъи 12БП-300, дар ҳамбастагӣ бо дастгоҳи заряддиҳии навъи УЗП-63-2- УХЛ-4, иваз карда шудаанд.

Дар филиали ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ”

дар шаҳри Бохтар.

Зерминтақаи Ҷанубӣ:

дар зеристгоҳи барқии «Румӣ»-220/110/10 кВ автотрансформатори навъи АТДЦТН-125000/220/110/10, ки аз зеристгоҳи «Равшан»-220/110/35/10 кВ ҶСК «Шабакаҳои барқии Турсунзода» оварда шуда буд, насб карда шуда, ба истифодабарӣ дароварда шуд;

– дар зеристгоҳи барқии «Пахтаресӣ» (Прядильная) 220/110/10 кВ алоҳидакунаку кӯтоҳваслакҳои 220 кВ дар пайвастагии автотрансформаторҳои АТ-1 ва АТ-2 ба васлакҳои элегазии 220 кВ-и навъи LW58-252W/N3150-40 иваз карда шуда, ба истифодабарӣ дароварда шуданд. Дар пайвастагиҳои мазкур инчунин ҷудокунакҳои 220 кВ, трансформаторҳои ҷараёни 220 кВ ва маҳдудкунакҳои фузуншиддатии 220 кВ насб карда шуда, ба истифодабарӣ дароварда шуданд. Контури заминваслаи зеристгоҳи мазкур иловагӣ мустаҳкам карда шуда, муқовимати он ба меъёр дароварда шуд. Инчунин, дар автотрансформаторҳои АТ-1 (63 МВА), АТ-2 (125 МВА) ва трансформаторҳои шиддатзамъкунанда ЛТ-1 (40 МВА), ЛТ-2 (40 МВА) корҳои бартарафкунии заҳиши равған ва рангуборкунӣ гузаронида шудаанд;

– барои аз серборӣ озод намудани трансформаторҳои қудратии дар зеристгоҳҳои барқии 110/35/6 кВ-и «Гулобод» (Гараутӣ) трансформатори қудратии қаблан харидорӣ гардидаи 40 МВА- 110/35/6 кВ дар зеристгоҳи мазкур бар ивази трансформатори Т-2 (16 МВА) насб карда шуда, ба истифодабарӣ дароварда шуд. Инчунин, дар воридаи 6 кВ-и бахши дуюми ДТКБ-6 кВ-и зеристгоҳи барқии «Гулобод»-110/35/6 кВ васлаки навъи ZN28-1600-25 насб карда шуд;

– трансформатори аз истифодабарӣ озодшудаи (16 МВА) зеристгоҳи барқии 110/35/6 кВ-и «Гулобод» (Гараутӣ) дар зеристгоҳи барқии 110/35/6 кВ-и «Бандар» (Береговая) бар ивази трансформатори Т-2 навъи ТДТН-10000/110/35/6 кВ насб карда шуда, ба истифодабарӣ дароварда шуд. Инчунин, дар зеристгоҳи барқии «Бандар»-110/35/6 кВ корҳои мустаҳкамкунии контури заминвасла гузаронида шуд;

– трансформатори қудратии навъи ТДТН-16000-110/35/6 кВ аз НБО-и “Сарбанд” дастрасгардида дар зеристгоҳи барқии “Амон”-110/35/6 кВ ба ҷои трансформатори Т-1 насбу васл карда шуда, ба истифодабарӣ дароварда шуд;

– трансформатори қудратии 10 МВА-и аз истифодабарӣ озодшудаи зеристгоҳи барқии 110/35/6 кВ-и “Бандар” барои кам намудани сербории зеристгоҳи барқии “Шаҳритус-Обшор” дар навбати 3-юми ин зеристгоҳ насб карда шуда, ба истифодабарӣ дароварда шуд;

– дар трансформаторҳои зеристгоҳҳои барқии 110 -220 кВ 80-адад муҳаррикҳои боддиҳӣ, бо тавоноии 0,5-2,2 кВт, васлу насб карда шуданд;

– дар зеристгоҳи барқии «Сада»- 110/10 кВ трансформаторҳои қудратии Т-1 (6,3 МВА) ва Т-2 (5,6 МВА), таҷҳизотҳои 110 кВ ва дастгоҳи тақсимотии комплектии берунӣ (ДТКБ) -10 кВ ранг карда шуданд;

– дар зеристгоҳи барқии «Ломоносов»-110/35/10 кВ трансформатори қудратии Т-2 (25 МВА), таҷҳизоти ДТК-110 кВ ва ДТК-35 кВ рангубор карда шуданд;

– дар зеристгоҳҳои барқии “Чашма”, “Носири-Хусрав” таҷҳизотҳои барқӣ пурра рангубор карда шуданд;

– дар зеристгоҳҳои барқии “Камолот” дар пайвастагии бахши 1-уми 110 кВ маҳдудкунакҳои фузуншиддатии 110 кВ (ОПН-110 кВ) насб карда шуданд;

– васлаки равғании навъи ВМТ-110, ки дар зеристгоҳи барқии “Восеъ”-110/35/10 кВ аз истифодабарӣ озод гардида буд, дар зеристгоҳи барқии “Ганҷ”-110/10 кВ дар пайвастагии хати барқии Л-ГХБ “Ганҷ- Хоҷа Булбулон” насб гардид. Хати барқии мазкур, ки зиёда аз 15 сол истифода намегардид, ба истифодабарӣ дароварда шуд. Ин иқдом барои паст намудани борнокии зеристгоҳи “Дарёканор”-220/110/10 кВ мусоидат намуд.

Зерминтақаи Кӯлоб:

– дар зеристгоҳи барқии “Хатлон”-220/110/10 кВ трансформатори қуввагии Т-2 (125 МВА), ки санаи 24 апрели соли 2020 садамавӣ аз кор барамада буд, қисмҳои осебдидаи он таъмир карда шуда, рӯзи 1 июли соли 2021 ба истифодабарӣ дароварда шуд;

– дар зеристгоҳҳои барқии “Кӯлоб-Дарё”, таҷҳизотҳои барқӣ пурра рангубор карда шуданд.

Зерминтақаи Данғара:

– дар зеристгоҳи барқии “Коргар”-110/35/10 кВ трансформатори шиддати 110 кВ бо ҷудокунаки 110 кВ дар пайвастагии бахши II-юми шиддати 110 кВ насб карда шуданд;

– дар зеристгоҳи барқии “Себистон”-220/35/6 кВ алоҳидакунак-кӯтоҳваслаки 220 кВ (ОД-КЗ-220 кВ) пайвастагии трансформатори қудратии Т-1 бо ҷудокунаки 220кВ иваз карда шуд;

– дар зеристгоҳи барқии “Коргар”-110/35/10 кВ таҷҳизоти дастгоҳи тақсимотии кушодаи (ДТК) -110 кВ ва таҷҳизотҳои бахши якуми дастгоҳи тақсимотии кушодаи (ДТК) -35 кВ рангубор карда шудаанд.

ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ” бо мақсади таъмини фаолияти боэътимоди шабакаҳои барқӣ дар мавсими боришот, омадани сел ва давраи раъду барқ дар соли 2021 (фармони ШСХК “Барқи Тоҷик” аз 21 январи соли 2021, №10) дар маҷмуъ иҷро намудани 71 адад чорабиниҳоро ба нақша гирифта, то ба ҳолати 1-уми июни соли 2021 ҳамаи чорабиниҳоро бо пуррагӣ иҷро намуд.

Ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2021, №101 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022» дар ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ» фармони ҷамъият аз 16 апрели соли 2021, №26 ба тасвиб расид. Дар асоси фармони мазкур барои назорати иҷрои корҳо вобаста ба омодагии шабакаҳои интиқоли барқ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022 ситоди фаврии марказӣ бо сардории директори генералии ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва дар филиалҳои ҷамъият дар шаҳрҳои Душанбе, Гулистон ва Бохтар низ чунин ситодҳо бо сардории роҳбарони аввал ташкил карда шудааст.

Бо мақсади омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022 аз тарафи филиалҳои ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ» дар шаҳрҳои Душанбе, Гулистон ва Бохтар дар маҷмуъ иҷро намудани 79 номгӯи чорабиниҳо ба нақша гирифта шуда, то ба ҳолати 1-уми октябри соли 2021 ҳамаи чорабиниҳо бо пуррагӣ (100%) иҷро карда шудаанд.

Ҳадафҳои Ҷамъият дар соли 2022

Натиҷаи фаъолияти истеҳсолию иқтисодии соли 2021-и ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ”-ро ҷамъбаст намуда, роҳбарияти ҷамъият тасмим гирифтааст, ки дар соли 2022 корҳоро дар самти амалисозии чорабиниҳои зерин пурзӯр намояд:

– тақвият додан ба корҳо дар ҳама самтҳо дар доираи талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2019, №330, «Дар бораи масъалаҳои ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ»;

– андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати бо пуррагӣ иҷро гардидани нақшаҳои солонаи қабулгардидаи таъмири таҷҳизот (ки бо фармони ҷамъият аз санаи 7-уми декабри соли 2021, №65, тасдиқ гардидааст), нақшаи чорабиниҳоро оид ба таъмини фаъолияти шабакаҳои барқӣ дар мавсими боришот, омадани сел ва давраи раъду барқ (ки бо фармони ҷамъият аз 28-уми декабри соли 2021, № 68 тасдиқ гардидааст);

– васеъ ҷорӣ намудани роҳҳои истифодаи самараноку сарфакоронаи неруи барқ ва андешидани тадбирҳо оид ба кам намудани талафоти технологии неруи барқ дар шабакаҳои интиқоли барқ;

– дар ҳамкорӣ бо ШСХК “Барқи Тоҷик” андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати бо сифат интиқол намудани неруи барқ;

– андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати бо сифати баланд ва сари вақт амалисозии лоиҳаҳои «Ҷорӣ намудани ҳисоби яклухти таҳвили барқ ва беҳтаргар­донии низоми интиқоли барқ», «Азнавпайвастшавӣ ба низоми энергетикии Осиёи Марказӣ» ва “Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи CASA-1000”.


ҲИСОБОТ ОИД БА ФАЪОЛИЯТИ ҶСК “ШАБАКАҲОИ ТАҚСИМОТИ БАРҚ”
ДАР СОЛИ 2021

Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Шабакаҳои тақсимоти барқ” бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати дар ҳолати хуби корӣ нигоҳ доштани шабакаҳои тақсимоти барқ, беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ, коҳиш додани сатҳи нишондиҳандаи талафот, беҳтар намудани ҷамъоварии маблағҳо ва роҳ надодан ба зиёдшавии қарзҳои дебиторӣ чораҳои амалӣ андешида истодааст.

Бо мақсади иҷрои қарори Ҳуқумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2021, №101 “Дар бораи саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022” фармони директори генералии ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» аз 20 апрели соли 2021, №28 ба тасвиб расида, барои таъмини кори мунтазами иншоотҳои энергетикӣ дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022 205 банд чорабиниҳо ба нақша гирифта шудааст.

То имрӯз 184 банди чорабиниҳо пурра ва 18 банд қисман иҷро карда шуда, дар маҷмӯъ иҷроиши умумии нақшаи чорабиниҳо, бо назардошти чорабиниҳои қисман иҷрогардида 96%-ро ташкил медиҳад.

Ҷиҳати бо неруи барқ таъмин намудани муштариёни дар мавзеъҳои баланд истиқоматкунанда, 17 адад неругоҳҳои хурди барқии обии зери назорати ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” қарордошта дар ҳолати корӣ қарор доранд ва дар 12 моҳи соли 2021 дар НБО-ҳои хурди зери назорат қарордошта 5 040 107 кВт.соат неруи барқ истеҳсол шудааст.

Ҳамчунин бо мақсади дар сатҳи коршоямӣ нигоҳ доштан ва баланд бардоштани сифати неруи барқ ва паст намудани хароҷотҳои технологӣ корҳои таъмирию барқарорсозӣ, аз ҷумла таъмирҳои асосӣ ва ҷории таҷҳизотҳои барқии 0,4-6-10-35 кВ аз фонди таъмирӣ 81 млн. 366 ҳазор сомонӣ маблағ аз худ карда шудааст.

Мавриди зикр аст, ки яке аз вазифаҳои афзалиятнокии ҷамъият, масъалаи кам намудани талафоти неруи барқ мебошад ва бо ин мақсад дар соли 2021 дар ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” нақша-чорабиниҳо иборат аз 31 банд тасдиқ карда шудааст.

Аз ҷониби филиалҳои зертобеъ дар 12 моҳи соли 2021 корҳои зерин иҷро шудаанд:

– дар пойгоҳҳои обкашӣ 4 адад муҳарики синхронӣ ба реҷаи компенсаторҳои синхронӣ гузаронида шуд;

– дар 86 адад хатҳои интиқоли барқи 6-10-35-110 кВ корҳо ҷиҳати мусоидгардонии (оптимизатсия) ҷойҳои ҷудокунии хатҳои барқӣ гузаронида шуданд;

– 208 адад трансформаторҳои қудратии шиддати 6-10-35-110 кВ, ки дар вақтҳои дар реҷаи камборӣ фаъолият мекарданд, хомӯш карда шуданд;

– 1521 адад трансформаторҳои 6-10/0,4 кВ ба танзим дароварда, борнокии онҳо баробар тақсим карда шуд.

– дар 94 адад зеристгоҳҳои трансформатории 6-10/0,4 кВ трансформаторҳои сербор ба трансформаторҳои иқтидорашон баландтар иваз карда шуданд;

– 18,1 км кабелҳои серборӣ 0,4-6-10 кВ бо кабелҳои буриши кундалангиашон калонтар иваз карда шуданд;

– 169,6 км ноқилҳои сербор дар хатҳои барқии ҳавоии 0,4-6-10 кВ ба ноқилҳои буриши кундалангиашон калонтар иваз карда шуданд;

– 32,7 км ноқилҳои пулодии намуди ПС ба ноқилҳои алюминийи намуди АС иваз карда шуданд.

– сохтмони 55 адад истгоҳҳои трансформатории иловагии 6-10/0,4 кВ;

– бо мақсади кам намудани бор ва дарозии хатҳои интиқоли барқи 0,4-10 кВ 55,1 км хатҳои нави интиқоли барқи ҳавоӣ сохта шуданд.

Баҳри беҳбудии соҳаҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ ва некӯаҳволии мардум, дар 12 моҳи соли 2021 дар асоси муроҷиати шахсони ҳуқуқи ва воқеӣ 5361 адад иҷозатномаҳо (шартҳои техникӣ) барои ба шабакаҳои барқӣ пайваст намудани таҷҳизотҳои барқӣ барои эҳтиёҷотҳои хоҷагидорӣ ва корхонаҳои истеҳсолию тиҷоратӣ бо тавоноии умумии 461 895,5 кВт пешниҳод карда шудааст.

Бо назардошти он, ки мақсади асосии таҷдиди сохтор ва гузаронидани ислоҳот дар соҳа бо мақсади таъмини шаффофият дар системаи энергетикӣ, манзури маълумотҳои воқеи ва таъмини рушди устувори соҳа ба ҳисоб меравад, Ҷамъият бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзи аввали фаъолият корҳоро дар ин самт ба роҳ монда истодааст.

Мавриди зикр аст, ки айни ҳол дар шабакаҳои тақсимоти барқи шаҳру ноҳияҳо ҳисоби масрафи неруи барқ, маблағи ҳисобшуда ва пардохтшуда тавассути барномаҳои биллингии аз тарафи ширкатҳои ватанӣ тарҳрезигардида (Exspres Client, Smart billing ва ZTE) ба роҳ монда мешавад.

Оғоз аз ҷамъбасти моҳи январи соли ҷорӣ ҷиҳати бо пуррагӣ ба роҳ мондани корӣ барномаҳои билингии амалкунанда чораҳои амалӣ андешида шуда, ҳисоби масрафи неруи барқ ва бақайдгирии нишондоди ҳисобкунакҳои барқӣ дар ҳамаи шабакаҳои тақсимоти барқи шаҳру ноҳияҳо дар як муҳлати муайян (120 соат) ба роҳ монда шуда, баъди гузаштани ин муҳлат ворид намудани маълумот ба барномаи биллингӣ манъ карда шуд.

Ба низоми биллингии амалкунанда, дар моҳи январ нишондодҳои ҳисобкунакҳои барқии 33,6% ё 556 741 муштарӣ, дар моҳи феврал 28% ё 455 451 муштарӣ, дар моҳи март 20% ё 316 815 муштарӣ, дар моҳи апрел 15% ё 253 318 муштарӣ, дар моҳи май 17% ё 287 969 муштарӣ ва дар моҳи июн 13,2% ё 216 696 муштарӣ, дар моҳи июл 13,1% ё 214 453 муштарӣ, дар моҳи август 11,9% ё 192 694 муштарӣ, дар моҳи сентябр 10,7% ё 173 372, дар моҳи октябр 8% ё 136 221 муштарӣ, дар ноябр 145 630 муштарӣ ё 9% ва дар моҳи декабр 151 622 муштарӣ ё 9,3% ворид карда нашуд.

Дар зер диаграммаи гардиши муштариён дар соли 2021 оварда шудааст:

Дар оғози фаъолияти ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ муҳим буд, ки сатҳи талафоти воқеии неруи барқ дар шабакаҳои ҷамъият муайян карда шавад. Ягона манбаи боэътимоди муайянкунии ин нишондод нерӯи барқи ҳисобишуда дар барномаи ҳисобу китоби электронии биллингӣ ба ҳисоб рафта, аз тарафи роҳбарият ва мутахассисони ҷамъият қарор қабул гардид, ки дар моҳи Январ-оғози сол нишондоди асосӣ, барқи ҳисобишуда дар асоси барномаи биллинг ба эътибор гирифта шуда, талафот бо дарназардошти он муайян карда шавад.

Дар натиҷа маълум гардиди, ки талафоти неруи барқ дар шабакаҳои тақсимоти барқ дар моҳи январ ба 43,52% баробар буда, он 690,5 млн.кВт. соатро ташкил медиҳад.

Сабабҳои асосии дар сатҳи баланд қарор доштани талафот ин пурра гардиш нашудани муштариён, дар марҳилаи дурур дароз ба иҷро расонидани сабти нишондоди ҳисобкунакҳои муштариён, саривақт омода ва пешниҳод нашудани ҳисоботҳои зарурӣ, дар сатҳи паст қарор доштани интизоми меҳнат дар байни нозирон ва назоратчиёни барқ, ба эътибор гирифтани маълумотҳои беасос ва берун аз базаи биллингӣ, пурра корбарӣ нашудани системаи ҳисоби электронӣ, назорати ниҳоят суст аз ҳаҷми барқи қабулшуда ва истифодабарии самараноки он, ба барномаҳои амалкунанда ба пуррагӣ ворид нанамудани мушаххасоти муштариён, аз ҷумла корхонаю ташкилотҳо ва қабул намудани дилхоҳ нишондиҳанда ҳамчун талафот ҳисоб меёфтанд.

Дар натиҷаи бартараф намудани камбудиҳои асосӣ, ба иҷро расонидани як қ атор чорабиниҳои муҳим дар самти кам кардани талафоти барқ ва дар давоми сол пурра корбарӣ намудани барномаи биллингӣ талафоти қувваи барқ моҳ ба моҳ кам карда шуда, он дар моҳи декабр 29,1%, ё ба 436,6 млн. кВт. соат баробар гардида, ин нишондиҳанда ба ҳисоби миёна дар 12 моҳи соли ҷорӣ 26,8%, ё 4,03 млрд. кВт.соатро ташкил дод.

Ҳамчунин бо мақсади шаффоф ба роҳ мондани кори нозири назоратчиёни барқ ирсоли СМС- паёмакҳо бо муштариён ба роҳ монда шуда, муштариён тавассути паёмакҳо оиди ба масрафи ҳисобшудаи неруи барқ маблағи ҳисобшуда ва пардохтшуда ва муҳлати пардохт ва қатъ намудани неруи барқ огоҳ карда мешавад.

Дар зер диаграммаи ирсоли паёмакҳои электронӣ ба муштариён дар се моҳи охир, дар миқёси филиалҳо оварда шудааст.

ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” аз ҶСК “Шабакаҳои интиколи барқ”, силсилаи НБО-ҳои “Варзоб”, НБО-ҳои хурд ва нуқтаҳои уҳдадории техникӣ дар 12 моҳи соли 2021 (бо назардошти ҶСК “Ширкати Алюминийи Тоҷик” ва бе назардошти содирот ва талафот дар ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ”) 16 млрд. 807 млн. кВт.соат неруи барқро қабул намуд, ки ин нишодиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 45 млн.кВт. соат ё 0,3% зиёд мебошад.

Ҳаҷми неруи барқи ҳисобшуда (бо назардошти ҶСК “Ширкати Алюминийи Тоҷик”) 12 млрд. 683 млн. кВт. соатро ташкил дод, ки нисбати ҳамин давраи соли 2020 1млрд. 734 млн. кВт. соат ё 12% камтар мебошад.

Маблағи ҳисобишудаи неруи барқ умумӣ (бо назардошти ҶСК “Ширкати Алюминийи Тоҷик”) 3 млрд. 322 млн. сомонӣ ва аз ҳисоби аҳолӣ 1 млрд. 193 млн. сомониро ташкил дод.

Маблағи ҷамъоваришуда умумӣ 3 млрд. 113 млн. сомонӣ ва аз ҳисоби аҳолӣ 1 млрд. 152 млн. сомониро ташкил намуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта умумӣ ба маблағи 385,1 млн. сомонӣ ё 14,1% зиёд ва аз ҳисоби аҳолӣ бошад 63,5 млн. сомонӣ ё 5,8% зиёд гардидааст.

Нақшаи ҷамъоварии маблағи неруи барқ умуми 93,5% ва аз ҳисоби аҳолӣ дар сатҳи 96,5% иҷро гардид.

Бояд қайд намуд, ки новобаста аз кам гардидани неруи барқи ҳисобшуда дар 12 моҳи соли 2021 арзиши миёнаи неруи барқ бе назардошти ҶСК “Ширкати Алюминийи Тоҷик” 28,7 дирам нисбат ба ҳамин давраи соли 2020, 2,71 дирам ё 10,4% зиёд ва бо назардошти ҶСК “Ширкати Алюминийи Тоҷик” 26,2 дирам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,47 дирам низ 10% зиёд гардид.

Сабабҳои асосии зиёд гардидани нишондиҳандаҳои ҷамъоварии маблағҳо ва тарифи миёна ин дуруст ба роҳ мондани ҷобаҷогузории кадрҳо, дар асоси озмун ба кор ҷалб намудани мутахассисони ботаҷриба, шаффоф ва дуруст муайян намудани сатҳи талафот ва мутаносибан дуруст тарифбандӣ шудани гуруҳҳои истифодабарандагон мебошад.

Ҳамчунин таҳти назорати қатъи қарор додани истифодаи неруи барқ дар корхонаҳои азим ва насби зиёда аз 350 адад ҳисобкунакҳои муосири электронии интелектуалӣ дар корхонаҳои саноатии шаҳру ноҳияҳои филиали ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳрҳои Бохтар, Гулистон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ боиси дуруст ба ҳисобгирии масрафи неруи барқ ва ҷамъоварии маблағҳо гардид.

Агар дар 12 моҳи соли 2021 маблағи қарзи дебиторӣ умумӣ (бо назардошти ҶСК “Ширкати Алюминийи Тоҷик”) 213,7 млн. сомонӣ зиёд гардида, ва аз ҳисоби аҳолӣ 41,4 млн. сомонӣ қарз зиёд гардида бошад дар 12 моҳи соли 2020 маблағи қарзи дебиторӣ умумӣ (бо назардошти ҶСК “Ширкати Алюминийи Тоҷик”) 693,7 млн. сомонӣ зиёд гардида ва аз ҳисоби аҳолӣ бошад 430,8 млн. сомонӣ қарз зиёд гардид.

Зиёдшавии маблағҳои қарзи ҷорӣ асосан аз ҳисоби пардохт нашудани маблағҳои неруи барқи истифодашуда аз тарафи корхонаю ташкилотҳои зертобеи Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон зиёда аз 75 млн. сомонӣ, ҶСК “Ширкати Алюминийи Тоҷик” 69,3 млн. сомонӣ ва ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ зиёда аз 20,4 млн. сомонӣ мебошад.

Ба ҳолати 1 декабри соли 2021 маблағҳои қарзи неруи барқ бо назардошти қарзҳои солҳои пешин умумӣ 3 млрд. 316 млн. сомонӣ, аз ҷумла аҳолӣ 1 млрд. 384 млн. сомонӣ, КВД “Шир­кати Алюминийи Тоҷик” 459,4 млн. сомонӣ, корхонаю хоҷа­гиҳои кишоварзӣ 206,3 млн. сомонӣ, ҶСК “НБО Роғун” 36,2 млн. сомонӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ зиёда аз 373,1 млн. сомонӣ, ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ зиёда аз 112,4 млн. сомонӣ, КВД “Обу корези ҷумҳурӣ” 53,5 млн. сомонӣ, КМ «Тоҷиккимиёсаноат» 34,2 млн. сомониро ташкил дод, ки асосан маблағҳои қарз то давраи 1 январи 2021 мебошанд.

Дар соли 2021, аз ҷониби шуъбаи ҳуқуқи ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” ва шуъбаҳои ҳуқуқи филиалҳо ба 2931 муштариёни қарздор ба маблағи зиёда аз 316,9 млн. сомонӣ иддао пешниҳод карда шуда, аз ин ҳисоб 81,7 млн. сомонӣ маблағи қарз руёнида шудааст.

Ба мақомоти прокуратура 571 маводҳо ба маблағи 115,1 млн. сомонӣ ирсол карда шуда, аз ҷониби прократура нисбати руёнидани 93,8 млн. сомонӣ 480 аризаҳои даъвогӣ ба судҳо пешниҳод карда шуд.

Аз ҷониби судҳо бошад, 90 аризаҳои даъвогӣ ба маблағи 31.8 млн. сомонӣ ба фоидаи ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” баррасӣ шуд.

Вобаста ба иҷрои нақшаи чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани ҷамъоварии маблағ ва кам намудани талафоти неруи барқ дар шабакаҳои барқӣ минтақавӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ корҳо дар самти аз дохили хавлиҳо ба ҷойҳои намоён ва аз дохили ҳуҷраҳои биноҳои баландошёна ба берун баровардани ҳисобкунакҳои барқӣ, насби ҳисобкунакҳои интелектуалӣ дар зеристгогоҳҳои трансформаторӣ ва ошкор намудани ҳолатҳои ғайриқонунии истифодаи неруи барқ чораҳои амалӣ андешида шуда истодааст.

Дар 12 моҳ дар умум зиёда аз 26181 ҳолатҳои аз тарафи истифодабарандагон ғайриқонунӣ истифодаи неруи барқ дар ҳаҷми зиёда аз 148,9 млн. кВт соат неруи барқ муайян карда шуда, санадҳои дахлдор ба маблағи 54,3 млн. сомонӣ тартиб дода шуда аз ҳисоб зиёда аз 32,2 млн. сомонӣ ворид карда шудааст.

ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳти назорати қатъи қарор дода истода, ҷиҳати ба роҳ мондани низоми муосири ҳисоби неруи барқ, такмил додани барномаҳои автоматикунонии баҳисобгирӣ ва хизматрасониҳои пардохти маблағҳои неруи барқ, пешгирии ҳолатҳои қонунвайронкуни, изофанависӣ, руёнидани қарзҳои дебиторӣ, беҳтар намудани ҷамъоварии маблағҳо ва коҳиш додани сатҳи талафоти барқ чораҳои амалиро роҳандозӣ намуда истодааст.


Бозгашт ба рӯйхат