Размер шрифта: A A A
Цвет сайта: A A A A

Хабарҳо

29.07.2022

НАТИҶАИ ФАЪОЛИЯТИ ШСХК “БАРҚИ ТОҶИК” ДАР НИМСОЛАИ ЯКУМИ СОЛИ 2022

 

Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» дар нимсолаи якуми соли 2022 фаъолияти худро ҷиҳати амалӣ намудани қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ -  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии рушди сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба роҳ монда, самти асосии фаъолияти худро вобаста ба сарфакорона истифода намудани захираҳои обию энергетикии кишвар ва истифодаи самараноки иқтидорҳои истеҳсолии неругоҳҳои барқи обӣ ва марказҳои барқу гармидиҳӣ равона намудааст.

Дар нимсолаи якуми соли 2022 ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ дар маҷмуъ 7 млрд 659,3 млн. кВт. соатро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар ҳаҷми 71 млн. кВт. соат зиёд гардида, суръати афзоиш дар сатҳи 101% таъмин карда шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ талафоти неруи барқ 37,0 млн.кВт.соат, ё 0,48%-ро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 0,05%, ё дар ҳаҷми 3,5 млн.кВт.соат кам гардидааст.

Дар натиҷа, ҳаҷми неруи барқи аз шинаҳои неругоҳҳо интиқолшуда ба 7 млрд. 494,9 млн. кВт.соат баробар шудааст, ки нисбат ба 6 моҳи соли гузашта дар ҳаҷми 92 млн.кВт.соат зиёд мебошад.

Ҳаҷми истеҳсоли неруи гармӣ дар давраи ҳисоботӣ ба 675,8 ҳазор Гигакалория баробар шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 дар ҳаҷми 42 ҳазор Гкал кам гардидааст. Камшавии ҳаҷми истеҳсоли неруи гармӣ дар марказҳои бқарқу гармидиҳӣ аз ҳисоби гарм омадани боду ҳаво, зиёд шудани маҷрои дарёи Вахш ва вобаста ба ин, қариб як моҳ нисбати соли гузашта барвақт қатъ намудани фаъолияти марказҳо мебошад.

Ҳаҷми умумии неруи гармии интиқолшуда ба 615 ҳазор Гигакалория ба маблағи 17,7 млн.сомонӣ баробар шуда, пардохти маблағи гармӣ дар умум 18,2 млн. сомонӣ таъмин гардидааст.

Бо мақсади беҳтар намудани таъминоти соҳаҳои иқтисодиёт ва аҳолии ҷумҳурӣ бо неруи барқ, Ширкати «Барқи Тоҷик» дар нимсолаи якуми соли 2022 дар ҳаҷми 2 млрд. 640,7 млн.кВт.соат неруи барқ ба маблағи умумии 980,1 млн. сомонӣ харидорӣ намудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2021 ҳаҷми хариди неруи барқ 262 млн. кВт. соат, ё ба маблағи 95,6 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Хариди неруи барқ асосан аз неругоҳҳои барқи обии “Сангтӯда-1” дар ҳаҷми 1 млрд. 292,3 млн. кВт. соат, аз НБО-и “Сангтӯда-2” дар ҳаҷми 430 млн. кВт. соат ва аз НБО-и “Роғун” дар ҳаҷми 908,9 млн. кВт. соат харидорӣ карда шудааст.

Ҳаҷми содироти неруи барқ ба хориҷи ҷумҳурӣ дар 6 моҳи соли 2022 нисбати ҳамин давраи соли 2021 дар ҳаҷми 141,6 млн. кВт. соат зиёд гардида, дар маҷмуъ ба 1 млрд. 56,5 млн. кВт. соат баробар шуд. Неруи барқ асосан ба Афғонистон дар ҳаҷми 733,8 млн.кВт.соат ва ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҳаҷми 321,2 млн. кВт.соат содирот карда шуд.

Дар нимсолаи якуми соли 2022 Ширкати “Барқи Тоҷик” дар умум ба миҷдори 10 млрд. 135,6 млн. кВт. соат неруи барқро интиқол додааст, ки аз он ба ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ” 358,8 млн. кВт. соат, ба ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” – 8,7 млрд.кВт.соат ва ба хориҷи ҷумҳурӣ (содирот) – 1 млрд. 56 млн. кВт. соатро ташкил медиҳад.

Дар ин давра, пардохтҳои ҳатмии Ширкат вобаста ба андозҳои ҷумҳуриявӣ – 155,8 млн. сомонӣ, қарзи Вазорати молия ба маблағи 74,5 млн. сомонӣ, хариди неруи барқи НБО-и “Сангтӯда-1” ба маблағи 144 млн. сомонӣ, НБО-и “Сангтӯда-2” ба маблағи 16,3 млн. сомонӣ, НБО-и “Роғун” ба маблағи 56 млн. сомонӣ, қарзи бонкӣ ба маблағи 170 млн. сомонӣ, ҶСК “Тоҷиктрансгаз” ба маблағи 75 млн. сомонӣ, хариди ангишт ба маблағи 102,9 млн. сомонӣ, Агентии захираҳои моддии давлатӣ ба маблағи 68,4 млн. сомонӣ, Ширкати IRS ба маблағи 29,2 млн. сомонӣ, инчунин ба ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ” ба маблағи 111 млн. сомонӣ ва ба ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” ба маблағи 497,5 млн. сомонӣ ва дигар пардохтҳоро амалӣ намудааст.

Ба ҳолати 1 июли соли 2022 қарзи кредитории ШСХК “Барқи Тоҷик” дар назди Вазорати молия – 23,6 млрд. сомонӣ, НБО-и “Сангтӯда-1” – 2,4 млрд. сомонӣ, НБО-и “Сангтӯда-2” – 2,8 млрд. сомонӣ, НБО-и “Роғун” – 786 млн. сомонӣ, бонки тиҷоратӣ – 2,0 млрд. сомонӣ, ҶСК “Тоҷиктрансгаз” – 440,8 млн. сомонӣ, конҳои ангишт – 181,3 млн. сомониро ташкил медиҳад.

Бо мақсади таъмин намудани ҳолати кории иқтидорҳои мавҷудаи системаи энергетикии ҷумҳурӣ ва баланд бардоштани эътимоднокии фаъолияти неругоҳҳои барқи обӣ ва марказҳои барқу гармидиҳии Ширкат, корҳои таъмирию барқарорсозӣ, аз ҷумла таъмирҳои асосӣ ва ҷории таҷҳизот дар давраи ҳисоботӣ ба маблағи 13,1 млн. сомонӣ, ҳамзамон корҳои сохтмони асосӣ ба маблағи 5,7 млн. сомонӣ иҷро гардиданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан ба маблағи 3,0 млн. сомонӣ ва 5,3 млн. сомонӣ кам мебошанд.

Ширкати «Барќи Тољик» вобаста ба таъмини иљрои ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 31 марти соли 2022, №133 «Дар бораи сари ваќт омода намудани соњањои иќтисодиёт ва иљтимоиёти љумњурї барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоњу зимистони солњои 2022-2023», дар ШСХК “Барќи Тољик” бо фармони раиси Ширкат аз 11 апрели соли 2022, №53 ситод таъсис дода шуда, љињати омодагии иншоотњои истењсоли барќу гармї барои фаъолияти мунтазам дар давраи зимистонгузаронї 71 банди чорабинињо ба наќша гирифта шудааст. Ба њолати 1 июли соли 2022 аз шумораи умумии чорабинињо 32 банд ба пуррагї ва 30 банд ќисман иљро гардидааст, ки дар маљмуъ 70,4%-и наќшаро ташкил медињад.

Бо дастгирии бевоситаи Њукумати Љумњурии Тољикистон, бо маќсади ноил гардидан ба иљрои њадафњои стратегии кишвар, аз љумла таъмини истиќлолияти энергетикї, баланд намудани эътимоднокии фаъолияти иншоотњои истењсолкунандаи барќу гармї, бо љалби сармояи шарикони рушд, айни замон як ќатор лоињањо дар соњаи электроэнергетика татбиќ гардида истодаанд.

 

 

1. Лоињаи «Барќарорсозии НБО-и «Норак»

Давраи марњилаи аввал иваз намудани 3 адад агрегатњо, иваз ва таъмири таљњизотњои механикию барќї ва таљњизотњои асосии НБО, тањвил ва насби 6 адад автотрансформаторњои якфазаи 500/220/10 кВ ва татбиќи корњо вобаста ба бехатарии саддро дар бар мегирад.

Татбиќи лоиња 2 июни соли 2017 оѓоз гардида, анљоми он 31 декабри соли 2023 дар назар аст. Тибќи наќшаи молиявї азхудкунии маблаѓњо дар нимсолаи аввали соли 2022 дар маљмуъ 15,9 млн. доллари ИМА пешбинї гардида, иљроиши он дар њаљми 18,1 млн. доллари ИМА таъмин карда шуд, ки 113,7%-ро ташкил медињад.

Айни замон корњои санљишї дар асоси дастурамалњои техникї дар њамаи таљњизотњои вобаста ба гидроагрегати якум (турбина, дарбанди курравї, генератор, трансформатори баландкунандаи шиддат, трансформатори эњтиёљоти хусусї, хомўшкунак ва људокунаки генератор, системаи хунукнамої, системаи оташхомўшкунї, системаи њавотозакунї, системаи автоматика, системаи ангезиш, системаи муњофизатї ва ѓайра) бо пуррагї иљро гардида, дар давраи кори санљишї ќарор доранд.

Тањвили таљњизотњои агрегатњои дуюм ва сеюм айни замон тибќи наќша идома дошта, то ба имрўз ќисматњои асосии генератор, васлаки генератор, чархи корї, вал ва сарпўши турбинаи агрегати дуюм, дастгоњи самтдењ ва дигар таљњизотњои ёрирасони агрегатњои дуюм ва сеюм ба неругоњ тањвил карда шудаанд. Инчунин айни замон 2 адад трансформатори баландкунандаи шиддат, ќисматњои боќимондаи генератори агрегатњои дуюм, сеюм ва дигар таљњизотњои ёрирасон барои тањвил ба неругоњ омода карда шудаанд.

 

2. Лоињаи «Барќарорсозии Неругоњи барќи
обии Сарбанд

Татбиќи лоињаи “Барќарорсозии НБО-и Сарбанд бо иќтидори 240 МВт” 23 декабри соли 2013 оѓоз гардида, анљоми он санаи 1 октябри соли 2022 дар назар аст.

Бинобар тамдид гардидани муњлати татбиќи лоиња вобаста ба зарурати иваз намудани пурраи агрегатњои 3 ва 6-и неругоњ ба шартномаи мушовир низ таѓйирот ворид карда шуда, муњлати шартнома то 30 сентябри соли 2022 тамдид гардид.

Таљњизотњои агрегати №1 пурра дар корхонањои истењсолии Пудратчї омода карда шуда, ба Неругоњ ворид гашта, корњои васлу насби онњо идома доранд.

 

3. Лоињаи «Таљдиди НБО-и Ќайроќќум»

Лоињаи мазкур асосан аз њисоби Бонки Аврупоии Таљдид ва Рушд ва Бонки Сармоягузории Аврупо маблаѓгузорї гардида истодааст. Татбиќи лоиња 25 июли соли 2014 оѓоз гардида, анљоми он 31 декабри соли 2023 дар назар аст.

Азхудкунии маблаѓњо дар нимсолаи аввали соли љорї 19,2 млн. доллари ИМА-ро ташкил медињад, ки нисбат ба наќшаи молиявї ба 165% баробар мебошад.

Ширкати пудратї раванди лоињакашии даќиќ ва истењсоли турбинањо, генераторњо, трансформаторњои ќудратї, системаи ёрирасон, ѓалаќаи обгузари асосии турбинањо, ќисмати сохтмонии лоиња ва ѓайраро дар мувофиќа бо Фармоишгар барои агрегатњои 5 ва 6-ум ба анљом расонида, барои боќимондаи агрегатњо корњоро дар самти мазкур идома дода истодааст.

Инчунин, дар доираи лоиња як ќатор корњои тадќиќотї ва омодасозї, аз љумла корњои топографї, геофизикї, андозагирии ќисмњои обгузар ва бетонї, батиметрия, тартиби наќшањои бехатарї ва њифзи муњити зист, наќшаи тањлия њангоми њолатњои фавќуллода ва корњои тадќиќотии геотехникї бо гирифтани намунаи таркиби замин аз зери сарбанди заминї ва бетонї ба анљом расонида шуданд.

Таљњизотњои барќї, механикї ва гидромеханикї, аз љумла трансформаторњои баландкунандаи шиддат ва хомўшкунакњои гибридї истењсол карда шуда, чархи корї, насосњои обкаш, низоми ангезиш ва дигар таљњизотњои зарурї ќисман ба иншоот тањвил дода шудаанд. Таъмиру таљдиди ѓалаќањои обпарто оѓоз карда шудаанд ва тибќи наќша дар муддати муайяншуда ба истифода омода карда мешаванд.

Трансформаторњои ќуввагї 125МВА насбу васл карда шуда, озмоиши шиддати баланди онњо гузаронида шуд. Насбу васли кабелњои ќуввагии байни оиќњои 110кВ ва 220кВ низ ба анљом расонида шуданд. Чоњи равѓанљудокунї (масляный сепаратор), тањкурсии генератори дизелї ва 3 трансформатори эњтиёљоти худї бунёд карда шуданд. Дастгоњи таќсимотии пушидаи элегазї ва трансформаторњои ќудратї зери шиддат гузошта шуда, хатњои барќии содиротии зеристгоњ ба онњо пайваст карда шудаанд.

 

* * *

Натиљаи фаъолияти истењсолию молиявии ШСХК “Барќи Тољик”-ро дар нимсолаи якуми соли 2022 љамъбаст намуда, роњбарияти Ширкат тасмим гирифтааст, ки дар нимсолаи дуюми соли љорї корњоро дар самти амалисозии чорабинињои зерин пурзўр намояд:

– истифодаи самараноку сарфакоронаи захирањои обию энергетикї;

– назорати иљрои босифати корњо ва сари ваќт амалисозии лоињањои “Барќарорсозии НБО-и Норак”, “Барќарорсозии НБО-и Сарбанд” ва “Таљдиди НБО-и Ќайроќќум”;

– дар њаљми зарурї захира намудани ангишти босифат барои таъмини фаъолияти бонизоми Маркази барќу гармидињии дуюми шањри Душанбе;

дастрас намудани ќисмњои эњтиётї ва иљро намудани корњои таъмири асосї дар Марказњои барќу гармидињии якум ва дуюми шањри Душанбе, дегхонањои Шарќию Ѓарбї ва шоњќубурњои гармидињї;

– сари ваќт ва бо сифати баланд иљро намудани наќшаи чорабинињо вобаста ба омода намудани иншоотњои истењсоли барќу гармї барои фаъолияти самарабахш дар давраи тирамоњу зимистони солњои 2022-2023;

– бо маќсади баланд бардоштани эътимоднокии кори системаи энергетикї, дар њамкорї бо корхонањои истењсолкунанда андешидани чорањои зарурї љињати дастрас намудани ќисмњои эњтиётии таљњизотњои асосии неругоњњо (махсусан НБО-и Норак) ва сари ваќт амалї намудани корњои таъмирї дар неругоњњо.

Бозгашт ба рӯйхат