Хабарҳо
03.10.2024
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ – БАТАНЗИМДАРОРИИ МУНОСИБОТИ ҶАМЪИЯТӢ
Дар замони муосир яке аз шартҳои асосии эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ин баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ маҳсуб мешавад, ки сарчашма мегирад аз тағйироти куллии дар ҳаёти рӯзмарра бавуҷудомада, арҷгузории муқаддасот, такмили қонунгузорӣ ва ҳамзамон, беҳтар намудани тафаккури шаҳрвандон.
Варақаи иттилоотӣ
МАЪЛУМОТ ОИД БА НАТИҶАИ
ФАЪОЛИЯТИ ҶСК “БАРҚИ ТОҶИК”
ДАР НИМСОЛАИ ЯКУМИ СОЛИ 2024
Дар нимсолаи якуми соли 2024 дар неругоҳҳо ва марказҳои истеҳсоли барқу гармии Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Барқи Тоҷик” ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ дар маҷмуъ 7 млрд. 949 млн. кВт. соатро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 дар ҳаҷми 80,4 млн. кВт. соат зиёд гардидааст. Аз ҷумла, истеҳсоли неруи барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ дар ҳаҷми 7 млрд. 26 млн. кВт. соат ва дар марказҳои барқу гармидиҳӣ дар ҳаҷми 922 млн. кВт. соат таъмин карда шудааст.
04.07.2024
Маърифати ҳуқуқӣ - низоми ҷомеа
Маърифати ҳуқуқӣ - низоми ҷомеа
«Рушди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ба сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии аҳолӣ вобастагии зиёд дорад».
04.05.2024
СОЛИ «МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ»
1 май дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Барқи Тоҷик" таҳти роҳбарии Директори генералии Ҷамъият Асозода Маҳмадумар Шамсулло вобаста ба эълон гардидани солид 2024 соли "Маърифати ҳуқуқӣ" ҷаласа баргузор гардид, ки дар муовини ректори ДДОТ, доктора илмҳои ҳуқуқшиносӣ Дониёр Сангинов, муовинони директора генералӣ Қурбонзода Абдулло Абдураҳим, Рустам Маҷидзода, сардорони раёсату хадамот ва шуъбаҳой дастгоҳи марказии ҶСК "Барқи Тоҷик", ҳамчунин, тариқи онлайн - фосилавӣ сардорони маркҳой барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе, ноҳияи , НБО Норак, НБО Бойғозӣ ва гайра иштирок намуданд.
18.04.2024
ТАВАҶҶУҲ!!!
Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 апрели соли 2018, №234 ниҳоди энергетикии кишвар ба се корхонаи мустақил ҷудо карда шудааст:
18.04.2024
Вохӯрии судманд
16 апрели соли равон дар толори маҷлисгоҳи Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Барқи Тоҷик” мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Абдуалим Норасов, раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино Зоҳир Ҳабибзода ва раиси Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони энергетикаи Тоҷикистон Назарзода Аслиддин Гулмурод бо кормандону ҷавонони ЉСК «Барқи Тољик», ЉСК «Шабакањои интиқоли барқ», ЉСК «Шабакањои тақсимоти барқ», марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ва ғайра вохӯрӣ доир гардид.
08.04.2024
ДАР 12 СОЛИ ОХИР БОРИ АВВАЛ САТИ ОБ ДАР ОБАНБОРИ “НОРАК” 52,35 МЕТР КАМ ШУДААСТ
Дар кишвари мо барқ аслан дар неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад. Ҳиссаи барқи обӣ зиёда аз 90 дарсад аз ҳаҷми умумии истеҳсоли барқро ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, таъминот бо барқ ба захираи об дар дарё ва обанборҳои кишвар вобастагии зиёд дорад.
08.04.2024
ОБАНБОРИ НОРАК. ПАСТИИ БЕСОБИҚАИ САТҲИ ОБ САБАБИ МАҲДУДИЯТИ ИНТИҚОЛИ БАРҚ БА АҲОЛИСТ!
3-юми апрели соли равон бо ибтикори Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Барқи тоҷик» гурӯҳи рӯзноманигорон аз обанбори Норак дидан карданд. Анвар Киромадинов, муовини сармуҳандиси НБО “Норак”, ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки то соати 00:00-и 2-юми апрел сатҳи об дар обанбор 857 метру 65 сантиметрро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5 метру 7 см кам аст. Мувофиқи меъёр, бояд оби обанбор дар сатҳи 910 метр бошад.
08.04.2024
БОЗДИДИ ГУРӮҲИ РӮЗНОМАНИГОРОН АЗ НБО НОРАК
Бинобар сабаби буҳрони таъминоти барқ дар кишвар ва сару садоҳои аҳолии ҷумҳурӣ ҷиҳати набудани қувваи барқ ҶСК “Барқи Тоҷик” тасмим гирифт, ки мавзӯи мазкурро ҷиҳати баррасӣ қарор дода, воқеаи баамаломадаро ба мардуми азизи кишвар фаҳмонад. Зимни ин тасмим сафари хидматӣ ба шаҳри НБО-и Норак, рӯзҳои 3-4 апрели соли 2024 сурат гирифт. Сафари мазкур иборат буд аз гурӯҳи корӣ, аз ҷумла рӯзноманигорони ТВ, радио, рӯзномаву ҳафтанома, маҷалла ва сомонаҳои хусусиву расмӣ.
09.02.2024
МАЪЛУМОТ ОИД БА НАТИҶАИ ФАЪОЛИЯТИ ҶСК “БАРҚИ ТОҶИК” ДАР СОЛИ 2023
МАЪЛУМОТ ОИД БА НАТИҶАИ
ФАЪОЛИЯТИ ҶСК “БАРҚИ ТОҶИК”
ДАР СОЛИ 2023
Дар соли 2023 ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ дар маҷмуъ бо дарназардошти дигар истеҳсолкунандагони мустақил 21 млрд. 656 миллион кВт.соатро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 453 миллион кВт.соат зиёд гардида, суръати афзоиш дар ҳаҷми 102,1фоиз таъмин карда шудааст. Истеҳсоли нерӯи барқ дар ҶСК «Барқи Тоҷик ба 16 млрд. 479 миллион кВт.соат баробар шудааст.
28.09.2023
МУРОҶИАТНОМАИ ҶАМЪИЯТИ САҲҲОМИИ КУШОДАИ «БАРҚИ ТОҶИК» БА МУШТАРИЁНИ НЕРУИ БАРҚ
Муштариёни азиз!
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон об манбаи асосии истеҳсоли неруи барқ ба шумор рафта, зиёда аз 90 фоизи барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мегардад. Ҳамзамон, ҳаҷми истеҳсоли барқ ба резиши оби дарёҳо алоқамандии зич дорад.
08.08.2023
МАЪЛУМОТНОМА ОИД БА НАТИҶАИ ФАЪОЛИЯТИ ҶСК “БАРҚИ ТОҶИК” ДАР НИМСОЛАИ ЯКУМИ СОЛИ 2023
Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Барқи Тоҷик" дар давраи ҳисоботӣ фаъолиати худро ҷиҳати иҷрои қарҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон в Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷики стон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии рушди сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба роҳ монда, самти асосии фаъолиати худро барои самаранок истифода намудани иқтидорҳои истеҳсолӣ ва сарфакорона истифодабарии захираҳои обию энергетикии кишвар равона намудааст.
05.05.2023
ШӮРОИ ЭЛЕКТРОЭНЕРГЕТИКҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ
ШӮРОИ ЭЛЕКТРОЭНЕРГЕТИКҲОИ
ДАВЛАТҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ
Рӯзҳои 3 - 5 майи соли 2023 дар Душанбе ҷаласаи 39 –уми Шӯрои ҳамоҳангсозии электроэнергетикҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Дар он роҳбариати ниҳодҳои энергетики Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Маркази танзимгарӣ-ҳамоҳангсозии «Энергия» иштирок намуданд.
Намояндагони ниҳоди энергетики Қирғизистон дар ҷаласа ба тариқи онлайн иштирок намуданд.
Дар ҷаласа энергетикҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ муҳимтарин масъалаҳои ҳамкориҳои судмандро баррасӣ намуда, бобати истифодаи манфиатбахши захираҳои обӣ-энергетикии минтақа изҳори назар намуданд.
Маркази матбуоти
ҶСК «Барқи Тоҷик»
10.02.2023
НАТИҶАИ ФАЪОЛИЯТИ ҶСК “БАРҚИ ТОҶИК” ДАР СОЛИ 2022
Дар соли 2022 ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ дар маҷмуъ 16 млрд 293,0 млн. кВт. соатро ташкил дод, ки ин нисбат ба соли 2021 дар ҳаҷми 367,7 млн. кВт. соат зиёд гардида, суръати афзоиш дар сатҳи 102,3% таъмин карда шудааст. Аз ҳаҷми умумии барқи истеҳсолшуда, дар неругоҳҳои барқи обӣ дар ҳаҷми 14 млрд. 817,5 млн. кВт. соат ва дар марказҳои барқу гармидиҳӣ дар ҳаҷми 1 млрд. 475,5 млн.кВт.соатро ташкил медиҳад.
31.01.2023
МУРОҶИАТНОМАИ ШСХК «БАРҚИ ТОҶИК» БА МАРДУМИ КИШВАР
Ҳамватанони азиз!
Дар кишвари мо ҳаҷми асосии неруи барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол карда шуда, ҳаҷми истеҳсоли он ба резиши оби дарёҳо алоқамандии зич дорад. Дар навбати худ, резиши оби дарёҳо ва вобаста ба ҳамин пур шудани обанборҳо ба тағйирёбии иқлим, шароити обу ҳаво ва омилҳои дигари табиӣ алоқамандӣ дошта, имконияти амалии пешгўӣ кардани реҷаи оби дарёҳо хеле душвор мебошад.
13.10.2022
МУРОҶИАТНОМАИ ШИРКАТИ «БАРҚИ ТОҶИК» БА МАРДУМИ КИШВАР
Ҳамватанони азиз!
Чунонки медонед, дар кишвари мо оби дарёҳои кӯҳӣ манбаи асосии истеҳсоли неруи барқ мебошад. Яъне ҳаҶми истеҳсоли барқ ба ташаккули оби дарёҳо алоқамандии бевосита дорад.
Дар навбати худ, ҳаҷми оби дарёҳо ба шароити обу ҳаво ва дигар омилҳои табиӣ вобаста мебошад, ки имконияти амалии пешгӯии онҳо хеле душвор аст.
29.07.2022
НАТИҶАИ ФАЪОЛИЯТИ ШСХК “БАРҚИ ТОҶИК” ДАР НИМСОЛАИ ЯКУМИ СОЛИ 2022
11.02.2022
ҲИСОБОТ ОИД БА НАТИҶАИ ФАЪОЛИЯТИ ШСХК “БАРҚИ ТОЧИК” ДАР СОЛИ 2021
Ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ ва гармӣ
Дар соли 2021 дар неругоҳҳои барқи обӣ ва марказҳои барқу гармидиҳии ШСХК “Барқи Тоҷик” ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ 15 млрд. 925,2 млн. кВт. соатро ташкил дод, ки ин нисбат ба соли 2020 дар ҳаҷми 676,9 млн. кВт. соат зиёд буда, суръати афзоиш ба 104,4% баробар шуд.
28.12.2021
Қарордоди иловагӣ байни ширкатҳои «Барқи Тоҷик» ва «Брешно»
Байни ширкати "Барқи Тоҷик" ва ширкати "Брешно" қарордоди содироти барқ аз соли 2008 амал менамояд.
18.10.2021
Маркази барқу гармӣ ба кор оғоз кард
Ибтидо аз рӯзи 18 октябри соли 2021 Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуд. Хотиррасон менамоем, ки ин Марказ дар тобеияти худ Марказҳои барқу гармидиҳии рақами 1 ва 2, дегхонаҳои ғарбиву шарқиро доро мебошад.
Хабарҳо 1 - 20 аз 84
Оғоз | Пештара | 1 2 3 4 5 | Оянда | Охир