Хабарҳо
31.01.2017
Маълумот дар бораи ҷамъбасти соли 2016
Дар соли 2016 бо назардошти ба истифода додани навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии “Душанбе-2” бо иқтидори 300 МВт, ҳаҷми истеҳсоли энергияи барқ 14 млрд.403,1 млн.кВт.соатро ташкил дод, ки ин нисбат ба соли 2015 дар ҳаҷми 13,0 млн.кВт.соат зиёд мебошад.
30.01.2017
Нишасти матбуотӣ
Нишасти матбуотӣ бобати ҷамъбасти соли 2016
11.01.2017
ТАЪМИНОТИ БАРҚ -18 СОАТ АСТ!
Мутобиқи дастури Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ барои манотиқе, ки мутобиқи ҷадвали маҳдудият барқ мегиранд, ибтидо аз рӯзи 6 январи соли 2017 инҷониб таъминоти барқ дар тули як шабонарӯз 18 соатро ташкил медиҳад.
05.01.2017
Маҳдудияти рӯзонаи барқ бардошта шуд
Вобаста ба муҳайё гардидани иқтидорҳои нави истеҳсоли барқ дар ҷумҳурӣ аз санаи 5 январи соли 2017 маҳдудияти рӯзонаи нерӯи барқ барҳам дода шуд.
14.12.2016
ТАЪМИНОТИ БАРҚ 12 СОАТ ШУД
Акнун ҳамаи минтақаҳои кишвар дар тулии як шабонарӯз 12 соат, пагоҳӣ аз соати 05-00 то 11-00 ва бегоҳӣ аз соати 16-00 т о 22-00 барқ мегиранд.
12.12.2016
Таъминоти барқ дар рӯзи ироаи Паёми Пешвои миллат
Дар рӯзи 22 декабр, ки тавассути шабакаҳои телевизион ва радиои ҷумҳурӣ аз соати 10:00 Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ мустақиман пешкаш мегардад, дар ҷумҳурӣ аз соати 06:00 то 14:00 барқ дода мешавад.
12.12.2016
ТАЪМИНОТИ БАРҚ БОЗ ЯК СОАТ ЗИЁД ШУД
Дар ҷумҳурӣ барои манотиқе, ки мутобиқи ҷадвали маҳдудият барқ мегиранд, ибтида аз рӯзи 12 декабри соли 2016 таъминоти барқ боз як соат зиёд шуд.
09.12.2016
Дастури Пешвои миллат амалӣ мегардад.
Таъминоти барқ барои он минтақаҳои кишвар, ки дар доираи маҳдудият барқ мегиранд, ба миқдори се соат зиёд карда шуд.
01.11.2016
ТЕЛЕФОНҲОИ БОВАРӢ ДАР ШСХК «БАРҚИ ТОҶИК»
Бо мақсади риояи ҷадвали маҳдудият аз тарафи шабакаҳои барқии тобеи ШСХК «Барқи тоҷик», ошкор намудани истифодаи ғайриқонунии барқ, ки зарараш ба тамоми ҷомеа мерасад ва сабабгори вайрон шудани танзими таъминот мегардад, муносибати кормандони соҳаи барқ ба муштариён дар ШСХК «Барқи тоҷик» телефонҳои боварӣ ташкил дода шудаанд.
01.11.2016
ТАЪМИНОТИ БАРҚ МАҲДУД ШУД.
ШСХК «Барқи Тоҷик» ба диққати муштариён мерасонад, ки аз 1 ноябри соли 2016 таъминоти бо нерӯи барқ маҳдуд карда шуд. Дар шаҳри Душанбе, марказҳои вилоятҳо ва шаҳрҳои калони саноатӣ таъминот бо барқ маҳдуд намегардад.
25.10.2016
Чаро нархи барқ тағйир ёфт?
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарифҳои энергияи барқ ва гармӣ» ба тарифҳои барқ ва гармӣ тағйирот ворид гашт.
31.12.2015
РЕҶАИ БАРҚ ДАР РӮЗҲОИ ИСТИҚБОЛИ СОЛИ НАВ
Бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо истифода аз захираҳои ШСХК «Барқи Тоҷик» дар рӯзҳои истиқболи Соли нави 2016 дар ҷумҳурӣ аз соати 05-00-и рӯзи 31 декабри соли 2015 то соати 22-00-и рӯзи 1 январи соли 2016 бемаҳдудият барқ дода мешавад.
21.12.2015
Ширкати «Барқи Тоҷик» меъёрро пурра риоя мекунад
Тавре маълум аст, айни замон бобати таъминоти барқ дар кишвар реҷаи маҳдудият амал менамояд. Дуруст аст, ки ин ба мардум нороҳатӣ ва душвориҳои зиёде меорад. Баъзан дар воситаҳои ахбори омма низ вобаста ба таъминот бо нерӯи барқ матолибе нашр мегарданд, ки вазъият носаҳеҳ шарҳ дода мешавад.
Вобаста ба ин, маркази матбуоти ШСХК «Барқи Тоҷик» вазъи кунунии таъминоти барқро дар ҷумҳурӣ бо факту далелҳои аниқ шарҳ медиҳад.
02.12.2015
БА ДИҚҚАТИ МУШТАРИЁНИ НЕРӮИ БАРҚ!
Ширкати «Барқи Тоҷик» аз ҳар як муштарӣ – ҳам аз аҳолӣ ва ҳам аз роҳбарони корхонаҳои саноативу ғайрисаноатӣ ва ба онҳо баробаркардашуда, истифодабарандагони буҷетӣ тамоми онҳое, ки барқ барояшон зарур аст, бо камоли эҳтиром хоҳиш менамояд, ки ҳаққи истифодаи барқро то санаи 26 –уми ҳар моҳ тавассути нуқтаҳои «Амонатбонк» пардохт намоянд.
11.11.2015
МБГ-2 ба кор сар кард
Ибтидо аз рӯзи 10 ноябри соли 2015 Маркази барқу гармидиҳии Душанбе -2 ба кор сар кард. Дар ҳафтаҳои нахустини фаъолият ин марказ рӯзе то 80 МВТ нерӯи барқ ва то 60 Гкал гармӣ истеҳсол менамояд.
29.10.2015
Зеристгоҳҳои барқии “Шаҳринав” ва “Хонақоҳ” ба кор сар карданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти зеристгоҳҳои барқии “Шаҳринав” ва “Хонақоҳ” дар ноҳияи Ҳисор ҳусни оғоз бахшид.
19.10.2015
Дар Тоҷикистон интиқоли барқ маҳдуд шуд.
Бинобар сар задани сардии ҳаво резиши оби дарёи Вахш аз сарчашмаҳо паст шуда, воридшавии он ба обанбор коҳиш меёбад. Вақти он расид, ки барои истеҳсоли энергияи барқ аз захираи ягонаи обӣ - энергетикии кишвар дар обанбори Норак буда истифодабарӣ ба роҳ монда шавад. Вобаста ба ин, аз 19 октябри соли 2015 дар саросари кишвар маҳдудияти истифодабарии энергияи электрикӣ ҷорӣ карда шуд.
19.10.2015
Ба таваҷҷуҳи муштариёни барқ: Телефонҳои боварӣ дар ШCXK «Барқи Тоҷик»
Бо мақсади риояи ҷадвали маҳдудият аз тарафи шабакаҳои барқии тобеи ШСХК «Барқи Тоҷик», ошкор намудани истифодаи ғайриқонунии барқ, ки зарараш ба тамоми ҷомеа мерасад ва сабабгори вайрон шудани танзими таъминот мегардад, муносибати кормандони соҳаи барқ ба муштариён дар ШСХК «Барқи Тоҷик» телефонҳои боварӣ ташкил дода шудаанд.
13.10.2015
Чаро дар Тоҷикистон барқ маҳдуд мешавад?
Баробари фаро расидани фаслҳои сард дар Тоҷикистон дар интиқоли барқ маҳдудият ҷорӣ карда мешавад, ки ин ҳам барои мардум ва ҳам хоҷагии халқи мамлакат душворӣ ва ногувориҳои хеле зиёд меорад. Вале, вобаста ба махсусияти системаи энергетикии кишвар, ин тадбир ногузир аст, аз ноилоҷист.
21.07.2015
Нишасти матбуотӣ
Маркази матбуоти ШСХК «Барқи Тоҷик» иттило медиҳад, ки дар толори хурди ШСХК «Барқи Тоҷик» оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи соли 2015 рӯзи 28 июли соли 2015, соати 11-00 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад.
Хабарҳо 61 - 80 аз 84
Оғоз | Пештара | 1 2 3 4 5 | Оянда | Охир